Як голи беҷавоби “Равшан” ба дарвозаи “Регар-ТадАЗ”
Тими “Равшан”-и Кӯлоб дар доираи омодагиҳо ба даври гуруҳии Ҷоми АФК-2014 бозии дуюми санҷишии худро баргузор намуд.
Ин навбат дар баробари бозигарони “Равшан” тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки чанд рӯзи пеш ба курсии сармурабияш Алишер Ҳақбердиев нишаст, ба майдон баромад. Голи ягонаи бозӣ дар дақиқаи 83-юм зада шуд. Баъди зарбаи бурҷии Ҳикматулло Расулов Наврӯз Рустамов тубро бо сар вориди дарвоза кард.
Дидори аввали санҷишии “Равшан” бо мунтахаби ҷавонони Душанбе буд, ки 3:0 анҷом ёфт.
Шанбеи 22 феврал ҳайати “Равшан” ба шаҳри Маскат парвоз мекунад ва 25 феврал дар доираи даври гуруҳии Ҷоми АФК-2014 бо қаҳрамони секаратаи Умон - “Сувайк” вориди рақобат мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | |