Бахшҳо
21 фев 2014 10:58Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Фишор болои шоҳидони куштори Музаффарбеков ва Сатторов: Аз шоҳидӣ даст кашед, вагарна...

Бархе аз шоҳидони мурофиаи додгоҳӣ алайҳи гурӯҳи даҳнафарии муттаҳамони қатли Сорбон Музаффарбекови 20-сола ва Саъдӣ Сатторови 25-сола таҳти фишор қарор доранд.

Ин нуқтаро имрӯз, 21-уми феврал дар суҳбат бо “Озодагон” Саид Сатторов, падари Саъдӣ Сатторови кушташуда таъкид намуда, афзуд, ки ахиран афроди номаълум ба хонаи яке аз шоҳидон омада, гуфтаанд, аз шоҳидӣ даст кашад, вагарна ин оқибати бад хоҳад дошт: “Дар натиҷа ин шоҳид ба мақомоти амнияту пулис муроҷиат карда, феълан таҳти ҳимоят қарор дорад.”

Сатторов илова кард, ки ҳастанд нафароне, ки зимни тафтишот шоҳидӣ доданд, аммо аз омадан ба додгоҳ тарс доранд. Қатли Саъдӣ Сатторови 25-сола моҳи апрели соли 2013 дар тарабхонаи “Шаҳрисабз”-и пойтахт сурат гирифтааст. Баъдан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълон кард, ҳафт нафари муттаҳам дар куштори Саъдиро боздошт намудааст, ки дар миёнашон Ҷаҳонгир ва Шералӣ Муродовҳо низ буданд.

Дар пайи ин ҳодиса, волидони Саъдӣ Сатторов низ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дархост карданд, то тафтишоти қазияро зери назорати худ бигирад. Волидони ин ҷавони марҳум аз он нигаронӣ карданд, ки гӯиё қотили эҳтимолии фарзандашон аз оилаҳои бонуфузи Тоҷикистон аст ва дар гузашта низ аз ҷавобгарӣ барои чандин ҷиноятҳои вазнин халос шудааст.

Фишор болои шоҳидони куштори Музаффарбеков ва Сатторов: Аз шоҳидӣ даст кашед, вагарна...Ин афрод инчунин дар куштори Сорбон Музаффарбеков, муштзани тоҷик, ки 26 августи соли 2012 дар наздикии тарабхонаи “Бешаи палангон”-и шаҳри Душанбе бо зарби корд захмӣ шуда, баъдан дар бемористон ҷон дода буд, муттаҳам мешавад. Мақомот дар марги ӯ Шералӣ Муродови 22-сола, Камолиддин Тошзодаи 21-сола ва Абдулазиз Шарифҷони 24-соларо айбдор мешуморанд.

Париноз Улфатшоева, модари Сорбон Музаффарбеков, дар оғози мурофиаи додгоҳӣ ба хабарнигорон, гуфт, мехоҳад, муттаҳамони қатли писараш ба бадтарин ҷазо маҳкум бишаванд: “Мехоҳам, бадтарин ҷазоро ба онҳо бидиҳанд, то бифаҳманд, зиндагӣ чист. Бачаи ман шахси кӯчагард набуд. Дар Донишгоҳи политхеникӣ мехонд. Бар илова бачаҳои мардумро таълим медод, бокс ёд медод.”

Мусоҳиби мо афзуд, “то замоне ҳастам, ин доғ аз дилам намеравад. Он ваҳшигарие, ки инҳо карданд, ягон ваҳшӣ намекунад. Аввал бехабар ба тани писарам корд заданд ва ӯро таъқиб намуда, дар таҳи купрӯк боз бо кордчаҳои гуногун ба аъзои бадани ӯ зарба заданд.” Париноз Улфатшоева дар идома гуфт, бино ба хабаре, ки дастрас кардаанд, ду тан аз муттаҳамони куштори писараш ҳанӯз боздошт нашуда, зоҳиран аз кишвар фирор намудаанд. Яке аз ин муттаҳамон, ба қавли модари Сорбон, Мубориз Муҳаббатов ном дошта, гӯиё ному насабашро ҳам иваз намудааст.

Аммо Субҳон Тошев, падари Камолиддин, яке аз муттаҳамони куштори Сорбон Музаффарбеков, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, писараш аслан дар ин қазия айбе надорад. Ба қавли ӯ, гӯиё навори видеоӣ ҳаст, ки бегуноҳии писарашро исбот мекунад, аммо мақомот аслан ба он эътибор намедиҳанд. “Рӯзи 31 августи 2012, баъд аз ҳодисаи куштори Сорбон, ки писари ман низ дар “Бешаи палангон” буд, худам ӯро ба додситонӣ бурда супоридам. Бовар доштам, ки ӯ бе гуноҳ аст. Вале ҳоло ӯро ба курсии айбдорӣ шинондаанд”,-афзуд ӯ.


Видеои баромади модари Сорбон Музаффарбеков ва холаи Саъдӣ Сатторов

Мӯҳр
А
Озодагон комментария чаро кор намекна?

Рохрав
Ачиб саволучавоби хабарнигори Озоди дар озодагон каме шарм доред

еее мегум хами кадоме ай котило аник намедонм меган наркабизнеси вазбинай кадомешон боз дар прократура кор мекуна пуштибон доран лекин худованд чазошона тияд ин вахшисиратхоро пул дорем гуфта боз кадомера бромада тег назананд омин

Салом ба хама.Модари Сорбон мегуяд, ки писараш кучагард набуд.Чихел кучагард набуд ки соати 2 ё 3-и шаб кушта шуд?!Магар ин кучагарди намешавад? Хатто дар хамон 65 мкр хамрохи Ануши золотой ва Хочику дигару дигар худашонро рэкет мехисобиданд.

rekethoro kushtaand???boz mondaast rekethoi digarash???

Салом Эх Модарон Шумо рафта дар хона шабу руз намоз хонетон ин Шикояти Шуморо Факат Худованд Мешунавад !!! Ман Хамчун Шахрванди Точикистон Мегуям Дар Точикистон Конун Нест Нест!!! Хозир Мо Аз Хамнхел Азобу Шармандагихои Ватан Шахрвандони Олмон Хастем Зиндагиамон Дар Колифорняи Амрико Аст Хаматон Худо Нигахбон Бошад!!!

Саид
Вокеъан агар ин cуханхо рост бошанд пас давлату давлатдори дар ин кишвар дигар намондааст.Хамаи ин натичаи сиёсати нодурусти кадри ва минтакагарои хасту бас.Ман хайронам зиёда аз 17 сол боз халкро гастрабайтерхо(гуломони хозираи спартани) пурра хуронда ва пушонида истодаанд).Ин маънои онро дорад,ки давлат аз масъулияти по пул ва-хуроку пушок-таъмин-кардани-халк пурра озод хаст!Ягона масъулияти давлат ин бо пули худ то пурра-баргардонидани гуломон-аз Россия-сохтану-эхёи-саноат-кишоварзи- ва таракки додани дигар сохахо буд!Мутаасифона-ин мардум ба фахми-ин нарафтаанд то хануз ё мехоханд-ки точик якумра дар хорича-гулом-бошад!

zoir
Барои чи номи падари мутахамон гирифта намешавад "гуеки аз оилаи бонуфузан1" тамом агар ягон бечораи камбагал боша тамоми адресша миеван ки кия неки бачахои одамои калона меган ки аз як оилаи бонуфузан тамом,бигзор хама донан ки киян онхо то хама фахман ки хамин олилахои бонуфуз одам нею саг парвариш доран

Ин чи гап да и точикистон чомеаи шахрванди мурдааст чизе шавад, бояд имомали дахолат кнад, он суду прокурорхо хама харомхуранд, ки парвандахоро конуни барраси намекунанд?

ЭЭЭЭЭ АКАИ СОРБОНМ ШЕРИ НАР БД хар гап наген

ээ азам тда фаркш чияй одамо соатои чанд мегардан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)