Бахшҳо
21 фев 2014 16:20Тоҷикистон / Сиёсат

Барканории додарарӯси президент ва вазифаҳои нави Шариф Самию писари Убайдуллоев

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 21-уми феврал як қатор кадрҳои навтаъинро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтааст.

Тибқи итттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон мансабдорони навро барои пайваста баланд бардоштани савияи донишу малакаи корӣ, забономӯзӣ, аз худ намудани илму техникаи муосир ва таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ва ба вазифаҳои масъули давлатӣ пешбарӣ кардани занону духтарони бомаърифату болаёқат даъват намуд.

Дар қатори афроде, ки вазифаҳои нав гирифтанд, дафтари матбуоти раисиҷумҳур аз ҷумла номбар кард:

- Маҳмадраҳим Исмоилов - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ. То ҳол раиси ин ноҳия Амирулло Холов, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон буд, ки аз вазифааш барканор шудааст.

- Баҳром Иззатов – Муовини раиси вилояти Хатлон;

- Лочин Файзуллоев - Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ;

- Гулрӯ Қаюмова – Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо;

- Давлаталӣ Ҳотамов – Муовини якуми вазири кишоварзӣ;

- Руслан Шодиқов – Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Грез Қосимов – Муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Бибиосия Ғуломова - Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Хуршед Тешаев – Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Савзалӣ Ҷаъфаров – Муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Шариф Самӣ – Директори муассисаи давлатии Мудирияти минтақаи зериобшавандаи нерӯгоҳи Роғун; Шариф Самӣ то ҳол раисии шаҳри Қӯрғонтеппа ва аз он пештар раҳбарии "Барқи тоҷик"-ро ба уҳда дошт.

- Файзалӣ Мирзоалиев – Муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии Тоҷиксуғурта;

- Мирзосафар Назриев – Директори Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди инфраструктураи иҷтимоӣ;

Нуъмон Абдуҷабборов – Котиби Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ.


Ба иттилои манбаъ ҳамчунин Рамил Нодиров, Ҳасан Раҷабов, Шарифҷон Ҳакимзода ва Меҳрӣ Ғуломшоева дар бахшҳои ёрдамчиёни президенти Тоҷикистон ва Амирҷон Убайдуллоев, Барно Саидвалиева, Файзиддин Сайфуллоев, Қаҳор Ойматов, Гулизор Расулова, Муҳаммад Ҳабибов, Адҳамҷон Мирсаидов ва Нодир Мирзоев ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои навтаъсиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Амирҷон Убайдуллоев, ки дар бахши молияи дастгоҳи раисиҷумҳур вазифа гирифтааст, писари дуюми Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе мебошад, ки то ҳол намояндаи Тоҷикистон дар созмонҳои молиявии байналмилалӣ буд. Адҳамҷон Мирсаидов, ки акнун ба дастгоҳи раисиҷумҳур омад, роҳбарии "Созандагони Ватан", қаноти ҷавонони ҳизби ҳокими ҲХДТ-ро ба уҳда дошт.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “қисми зиёди кадрҳои ба вазифаҳои баланд таъингардида ҷавонон ва занону духтарони болаёқат аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз вилояти Бадахшон мебошанд.”
Мӯҳр
101
Ягонто бывшихо бевазифа намонда бошанд баногох

behtarin.100 javonro kor dodand.pisari ubaidulloev yake az in javononi behtarinu bosavodu kordon ast.muborak ba hamaaton.janobi oliro dastgiri kuned baroi bovari.

Салмон
Хамин точик точна аз хонаводаи Убайдуллоев аст чунки хеч кас онхоро гайри худашон табрик намекунад. Хукумат ах авали соли гузашта сар карда то хол ба таксими вазифахо машгул, зеро дар кишщвар дигар ягон кор нест кор кунанд на пул на чои кор на фабрика на завод на хич чи. Сен чор мансаби о як ба ин медиханду як ба он писари мансабдор. Як сол шудааст ки байни коркунони давлат хар руз гапу хабару дилкасалу дилзанак ки ки меравад ки меояд. Рафтахо хун мегирянд, нав омадахо вазифа мешуянд, бехабар аз миллату киёмат.

Оо кори хуб Ьа чавонон вазиффа додаистоданд Ба хамин фарзандони убайдулоеву алимардонову самиев ва монандинхо вазифа дихед Мо бошад сохиби чои корем дар руссия Ба мо бобои путин гамхори мекунад Лекин барои хамон дипломеки панч сол дар Душанбе захмат кашидам даркор нашуд

Ин холо хам таксими мероси мансаб адо нашудаастми? У ваъдаи 40фоизаи мансаб ба хнитихо кучо шуд? Ё инитихо хама турма шуда рафтандми? Аз чаноби Саидмукаррам пурсаданием ки агар ба ваъда вафо накардед хукмаш чист?

saidali
сад хайфи номи точику халки точик - хамаш писари фалони - писари убайдуллоев, шариф самиеве ки барки точикро хароб карда рафт, писари пешина сафири Точикистон дар Ирон, писари вазири тандурусти - ва бадтараш хама аз Дангара, Кулоб...аз як авлод

ДТТ
Салом хонандагони мухтарам, бисёр кадри бехтарини сохаи маорифро интихоб карданд - Тешаев Хуршед Икромович! Ба хамагон маълум аст, ки ТХИ яке аз кадри арзанда мебошад ва ТХИ донишчуён ва омузгоронро ба хорича хар сол равон мекунад ва ин ифтихори ТЧК мебошад. Худованд Шуморо боз хам куввататон дихад бародари азиз!

Адхамчон, вазифаи нав муборак бошад!!! Камбагал хам сохиби вазифа мешудааст, ку! "Созандагони Ватан" ба пеш. Ояндаи Хукумат дар дасти шумост, чавонони бономус. Ба вазифахои масъулиятнок рох ёфтани як чавони камбагал ба машомам эхсоси буи давлатдории лениниро овард. Адолати Союз баркарор мешавад, ноумед набошед!

шоди
"Кисми зиёди кадрҳои ба вазифаҳои баланд таъингардида ҷавонон ва занону духтарони болаёқат аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз вилояти Бадахшон мебошанд". Бадахшон магар як кишвари дигар хаст? Зикри махсуси "хатто аз Бадахшон" чи маъни дошта бошад? Кормандони дафтари матбуоти президент на сиёсата мефахманду на тарзи дурусти хабарновисиро медонанд. Хама матнхояшон якранг. Ба ин кор журналистони касбиро даъват кардан даркор,

Сохиб
Кадрхое лозиманд, ки манфиатхои миллиро химоя карда тавонанд,на манфиатхои ишкамбро!

Ин хош бошан писарони хамин кадри нав гуфтан хаёлум ягон саводнокхоро мондиян холи пуршон як иншо нависта наметона бовар кунен агар ин хештабордори то тамом нашава ин ватан обод намешавад.

Каримҷони Рашти
Амирҷон Убайдуллоев беҳтарини беҳтаринҳост. Якбор аз наздик ҳамроҳаш суҳбат кунед баъд мефаҳмед ки чихел кадри арзанда аст. Чун ки падари у бисер одами хоксор, ватандуст, соҳиби илм ва адаб аст. Оё дар ягон гушаи Душанбе ягон ҷойро дидаед ки ба Убайдуллоев е фарзандонону марбут бошад???
Ҳамин худаш далели инсони беҳтарин буданаш аст.
Худо ҳамаро тавфиқ диҳад.

Шахноза
Хаййй... Худочон ранги Янукович тамом куни !!! Ман 10 ракат намози ШУКРОНА мехонаму ШУКРОНАИ ватан мекунам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)