Бахшҳо

“Тоҷикеро надидам, ки дар Дубай аробакашӣ кунад”

Нилуфари КАРИМ

Ин ҷо ҳеч тоҷикеро надидам, ки аробакаш бошад ва ё муздурӣ кунад. Барои ман ин боиси ифтихор буд, чаро ки дар як кишвари хориҷӣ ҳамватани ман ҷойгоҳи худро дорад, мақому мартабаеро соҳиб аст.

Дар сафари даҳрӯзаи худ ба шаҳрҳои Дубай ва Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб имкон ёфтам бо ҳамватанони муҳоҷирамон, ки дар ин амокин ба сар мебаранд, мулоқот кунам. Онҳо асосан дар Дубай ба тиҷорат ва корҳои идорӣ машғул буда, аз муҳоҷирини тоҷики кишварҳои ИДМ тафовути зиёд доранд. Бархе аз онҳо 10 сол, гурӯҳи дигар 7 сол қабл аз ин ба Дубай омадаанд ва фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Ба қавли эшон, агар шахс забонҳои арабию англисиро донад, метавонад дар Дубай бидуни мушкил кори нағз пайдо карда ва оҳиста-оҳиста тиҷорати худро низ ифтитоҳ намояд.

Алиҷон Иброҳимов, ҷавони 27 солаи тоҷик, ки аллакай соҳиби кор, мошин ва манзили худ аст, дар сӯҳбат бо мо гуфт, дарҳои ин шаҳр барои ҳама боз аст ва дар сурати риоя намудани конунҳои роиҷ, ҳар кас метавонад ба тамоми орзуҳояш расад: “Ҷавонони зиёди тоҷикро медонам, ки муваффақ ҳастанду тоҷири соҳибном, аммо чандин нафари дигар бо сабаби риоя накардани қонунҳо, аз ин кишвар ронда мешаванд”.

Рамзӣ, ҷавони дигари тоҷик иброз дошт, ки пас аз хатми Донишгоҳи омӯзгорӣ 4 сол дар Амрико таҳсил намудааст ва ба Ватан баргашта, ягон кори мувофиқеро пайдо накардааст. Ба гуфташ, “ба замми он, ки ихтисоси худро хуб мефаҳмам, чанд забонро низ медонам, аммо дар Ватан дар ягон корхона ба кор қабулам накарданд. Ҳарчанд розӣ будам бо маоши паст низ кор кунам. Ба ин ҷо омадам ва бе ягон мушкил кор пайдо кардам ва ду моҳ мешавад, ки бо маоши 1500 доллар ба шуғли худ даст задаам.”

Амороти Араб аз ҷумлаи марказҳои туризми ҷаҳон аст. Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, дар соли 2013 танҳо ба шаҳри Дубай 7,5 миллион сайёҳ омадаанд, ки нисбат ба соли гузашта 1,2 миллион зиёд мебошад. Туризм 35 фоизи даромади кишварро ташкил медиҳад. Аксаран сайёҳон ба Дубай аз моҳи сентябр то апрел меоянд. Дигар бахши сердаромад дар Дубай фурӯши манзилҳои истиқоматӣ мебошад. Тибқи иттилои расмӣ, ҳамасола 45 дарсади даромади буҷаи давлатӣ аз ин ҳисоб ғанӣ мегардад. Боқимонда даромади кишвари мазкур аз содирот ва воридоти мол иборат аст...

Дар ҳаёти ҳаррӯзаи кишвар, ҷолиб он буд, ки раисҷумҳур дар баробари сокинони оддӣ аз фурӯшгоҳҳо ва роҳҳо истифода мебарад ва боре ҳангоми убури ӯ ё амалдорони дигар, роҳҳо баста нашуданд. Корҳои оддӣ ва хидматгузориро дар кишвар асосан муҳоҷирин иҷро карда, дар мақомоти раҳбарии корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ аксаран шаҳрвандони худи Аморат мебошанд.

Кишвар барои шаҳрвандонам шароити беҳтарини зиндагиро муҳайё намудааст. Аз он ҷумла, бо таваллуди ҳар кӯдак, ба номаш ҳисоби бонкӣ бо маблағи муайян кушода шуда, хароҷоти таҳсил барои шаҳрвандонаш дар хориҷ аз ҷониби давлат пардохт мешаванд.
Мӯҳр
Фаридун
Мухтарама Нилуфари КАРИМ биё як маротиба ба Россия баъд точики музадузу рохрубу туалеттозакуну ва хато точики бомжрохам мебини. Албатта барои хар яки мо боиси ифтихор аст ки точикон дар Дубай чунин корхои хуб мекунанд аммо даромади ассосиеки мухочирон равон мекунанд ин аз хисоби Россия аст. Пастарин шароит дар Россия точик дорад инчунин бекадртари одам точик аст хато баъзе миллатчиен точикро аз сагашхам бекадр медонад!!!!

Нилуфар азиз!!! Ба ин ки Шумо ягон точики муздурро дар Дубай надидаед вазъи зиндагии нафаре тагйир намешавад. Хеле худ аст, ки аз ваколати рузноманигори истифода карда мамолики Арабро таргиб мекунед. Вакте мехохед аз сафари худ чизе нависед тахаммул кунед, ки барои чи мардуми мо ба Дубай бо шумори кам мераванд?. Баъдан 1,5 млн мардуме ки дар Роосия хастанд аз хуби зиндагии барои истирохат нарафтаанд. Онхо хастанд, ки шумои рузноманигор ба таргиби мамолики араб пардохтааед. Хубтар он аст, ки мардумро бо сухани созанда ба имломузи таргибкунед, на ба муздури ба Дубай!!!
Бас аст таргиби мамолики Араб ва бад гуфтани хамагон!!!

Нилуфари азиз
аз он афсус мехурам ки шумо руяки дидед холи чавонони точикро
Бояд ба наиф статион мерафтед ва медиди ки наздик ба 50 точик дар идораи полиси Наиф зиндони хастанд ва интизори омодаги барои депортатсия аз дубаи хастанд. бояд ба нассер Сквер мерафтед ва медиди ки точикон ба назди хар туристи рус хам шуда зора мекунанд ки шуба намехохед
Бовар кунед мардуми рус аз дидани точик дар он чо ба дахшат меоянд. Чун ки точикони мо маданияти хатто пурсидан надоранд. Нос дар даханаш баланд баланд сухбат мекунад. Аз назди бозори наиф то назди итисолот кариб 1 км хаст ва дар ин тул хамаш точикон, узбакон, озарихо ва киргизхо хастанд ки хамеша дунболи саехи рус мегарданд.
Бовар кун бенихоят кадрамонро паст кардаанд.
Хуб оиди фохишахо бовар кун шармам меояд ки харф занам. 50 дар сади фохишахои дискоклубхоро точикони точикистон, бухоро самарканд ташкил медихад.

Нуширавон
Ин миллат миллати пиршуда ва аклбохта аст,дигар аз он чи умед доред.Ин миллат карзи худро дар назди тамаддуни башари ичро кардааст ва дигар дар хоби гафлат аст!

точик
Шарм бар ххдт ва хукуматаш дар 21 соли гузашта ва бо сарвараш ки факат мегуяд шукрона кунед. точикро гулом карданду худ аз пули мардум касру кушк сохтанд ва як барбари дигараш дар дубаю иморот хона хариданд

рустам
ту худат дар дубай духтари точик чи кор мекарди

Rossiya ba tojikon hamchun yak mustamarai khud muomala mekunad na chun davlati ozod..Holi Ukrainhoro bin..Az zulmi Rossiya ba dod omadand
.

Rambo
Барои хамин ду дахан гапи умуми ба Дубай сафар кардан шарт набуд. Википедия медаромадед аз ин бисёр иттилоот мегирифтед.

Nilufari Karim khohari jon. Baroi chi dar Dubay Tojiki arobakash nest?
javob. 1) baroi on ki Tojikoni muqimi Dubay az hamon Tojikho hastand ki kheshu nazdikonashon dar sari hukumati imruzai Tojikiston hamchun kor mekunand hamon pulhoe ki mo roimekunem bo tariqi kucharubivu arobakashi baroi padaru modaramon roi mekunem inho az hisobi movu shumo baroi khud dar Dubay muhayyo kardand.
2) yak miqdori digari inho az hamon narkobaronhoe astand.
3) Tojikoni muqimi Dubay hamonho hastand ki monandi shumo lagandbardorand va az mo arobakashoni tojik dar Russiya or mekunand hamonhoand. Va dar okhir guftaniam ki hamvatanoni aziz dar Dubay nabudani arobakash manoi onro nadorad ki Arabho ba mo roygon hamai sharoitro muhayyo karda boshand.shahsan baroi man yak arobakashe yo yak chuponi biyobon yo yak kucharuvi dar Russiya qadru qimmatash bolotar az natanho az Tojikoni muqimi Dubay balki az imruza prezidenti jumhurii Tojikiston ham baland ast.

Фаридун, Нилуфар нуктаеро баён карданд, ки ба назари Шумо мавриди мукоиса ва кадру киммати шахрвандони точик дар Русия карор гирифт. Инчо тафовути зиёде мушохида мешавад, масалан шахсе, ки дорои маълумоти оиливу нисбати маълумоташ дониши амик дорад, хама вакт харакат мекунад, то дар Точикистон сохиби кору фаъолият шавад. Амороти муттахидаи Араб низ макони осудаву аз лихози иктисоди кудратманд аст, аз хамин сабаб бархе аз чавонони мо, ки забони арабиву аеглисиро хуб медонанд харакат кардаанд, ки дар чунин чойхо ба мисли Дубай ва Амрикор кору фаъолият кунанд. Фаридун фаромуш накунед, ки Дубай мисли кишвари Русия хар гуна шахсиятхоро кабул намекунад, масалан бе маълумот, бедониш, забони хоиричиро намедонистагихоро... Аммо Русия бошад ме мамониат хар гуна шахсонро кабул мекунад чунки мо бо Русия созишномаи мухочирати дорем!

рамеш
мухтарам каримова нилуфар, аз фохишахои хамватан дар Дубай чизе нагуфти...

Mehrubon Mehrubon.!!!!
кош навиштай маро мехондед.
Шарм бар ту барин точик. авал ки аз худат гилла кун аз дастат гайр аз кучаруби чизе намеояд айби мо чи. мактаб мехонди имруз зери пои рус намебуди. ту номус надори ин харфхо мезани. дар дубай мардуми бесаводро мисли ту рох намедиханд. мо хам камбагал ва ягон авлодамон хукумати нест. мо дехконе астем ки бо пули мехнати картошка парвари пул чам карда мактаб хондем.
ту аз бехунариат аз мардуми бо илм бадат миёяд. шарм кун аз худо тарс. он хукуматихое ки сохиби хона астанд аслан нилуфар онхоро пайдо карда наметавонад мулокот кунад. шарм кун аз гуфтахоят беномус

Barodaroni aziz khudovand baroi kase joi kori khube dodaast va baroi kase joi kori naonkadar khub va mo botad shukr guem allohro baroi nemathoi dodaash.mehrubon man chand bor dar dubay budam guftahoi shumo muhojironi tojiki dubayro be asos ast hastand barodarone ki joi korro bevosita paydo karda zindagi mekunand.ba barodar muhammad guftaniyam ki dar hakki arobakashonu kuvvai korii arzon dar rus chunin akidaro az fikr dur kunad zero medonam insonhoero ki malumoti oli dorand ammo dar chunin holatho zindagi mekunand ki guftanash mushkil ast ba fikri shumo oyo onho khud ikhtiyor kardaand in korro?albatta ne majburand digar iloje nadorand.

907900180
е нилуфар ростт меган я бор бар а бе пул мон да расия ба мебинемта чикор мекни

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)