Бахшҳо
22 фев 2014 15:29Тоҷикистон / Сиёсат

Парвандаи Мансур Маъмуров ва Исфандиёр Алиев барои узвият дар Ансоруллоҳ

Маъмурони пулиси Тоҷикистон ду сокини ҷавони Истаравшанро ба иттиҳоми узвият дар ҷамоати “Ансоруллоҳ” боздошт кардаанд.

Ба қавли масъулини Вазорати умури дохилӣ, Мансур Маъмуров ва Исфандиёр Алиев гӯиё узви Ҷамоати Ансоруллоҳ буда, ба ҷонибдории таъсиси давлати исломӣ дар Тоҷикистон таблиғ мебурдаанд. Ба иттилои манбаъ, Мансур Маъмуров, ки ба қасди таҳсил дар Димишқ ватанро тарк карда буд, дар даргириҳои Сурия аз сӯи мухолифин алайҳи ҳукумати Башшор Асад, раисиҷумҳури ин кишвар иштирок кардааст.

Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, Наим Маъмуров, падари Мансур аз амали писараш бохабар шуда, барои бозгашташ ба ватан исрор кардааст, вале ба натиҷае нарасидааст. “Баъд аз нокомии худ барои бозгардонидани фарзандаш аз Сурия ба ватан, Наим Маъмуров худро ба дор овехтааст”,-афзуд манбаъ. Дар гузорише, ки дар ин бора шоми 21 феврал тавассути телевизионҳои Тоҷикистон пахш шуд, инчунин, номаи падари Мансур намоиш дода шуд.

Исфандиёр Алиев, сокини 21-солаи Истаравшан низ ба гуфтаи мақомоти қудратии тоҷик таҳсилдидаи яке аз донишгоҳҳои Покистон буда, зери таъсири гуруҳҳои ифротӣ ба ин ҷамоат шомил шудааст. Худи Исфандиёр дар навори видео, ки тавассути мақомот сабт шудааст, гуфт, ки як амак ва бародараш низ шомили гуруҳҳои ифротӣ буда, ӯ ҳам мехост, мисли онҳо бишавад.

Боздошти ду сокини ҷавони Истаравшан ба гумони узвият дар Ҷамоати Ансоруллоҳ дар ҳолест, ки фаъолияти ин созмон дар ду соли пеш аз сӯи Додгоҳи олӣ мамнӯъ шудааст. Номи ин ҷамоат дар соли 2010, дар пайи ҳамлаи интиҳорӣ ба бинои Идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар Хуҷанд пайдо шуд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Ҷамоати Ансоруллоҳ як шохаи Ҳаракати исломии Узбакистон буда, аз сӯи “Ал-Қоида” маблағгузорӣ мешавад.


Дар акс: Мансур Маъмуров
Мӯҳр
Исмоил Сомони
Терористхо хамаашон дар Истаравшану дар Исфара хастанд. Аз Дангараю дигар шахру нохияхо нестанд!

Терористхо хамаашон дар Истаравшану Исфара хастанд. Аз Дангараю дигар шахру нохияхо нестанд?!

ГУМОНБЕК
БЕЧОРА БАЧАХОИ ИСФАРА ВА ИСТАРАВШАН ФАКАТ ДАР ГУМОНИ БАДИ ДАВЛВАТ КАРОР ДОРАНД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)