Бахшҳо
22 фев 2014 16:15Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Даргузашти Холбӣ Давлатова, муовини раиси Ҳисор, баъд аз садама

Холбӣ Давлатова, як масъули ҳукумати ноҳияи Ҳисор, ки дар садамаи 15 феврали соли ҷорӣ ҷароҳат бардошта буд, рӯзи шанбе даргузаштааст. Усмон Сабзов, раиси ҳукумати ноҳияи Ҳисор, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, Давлатова нимирӯзи 22 феврал ҷон дода, намози ҷанозааш баъд аз зӯҳр баргузор шудааст.

Ин садамаи маргбор дар ҳоле сурат гирифта, ки Холбӣ Давлатова ҳамроҳ бо Нурмуҳаммад Ахмедов ва Шариф Абдуллоев -- ду муовини раиси Ҳисор аз маркази ноҳия ба самти Душанбе барои иштирок дар як ҷаласа ҳаракат мекардаанд. Вале дар роҳ Ахмедов аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, бо мошини тамғаи “Опел” бархӯрдааст.

Валиҷон Табаров, сардори ШКД-и Ҳисор, ба Озодагон гуфта буд, ки ин садама бо мошини шахсии худи муовинони раиси ноҳияи Ҳисор (“Хундай”) рух дода, дар пайи он як нафар – Исматулло Холови 69-сола, ки савори мошини “Опел” будааст, ҳалок гардидааст. Вай илова кард, парванда аз рӯи ин ҳодиса дар дасти онҳост, вале қатъиян гуфтани гунаҳкор феълан барвақт аст.

Ҳоло бо марги Холбӣ Давлатова шумораи фавтидагони ин садама ба ду нафар расид. Давлатова соли 2007 факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба итмом расондааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эркин
Худо рахматаш кунад

Худованд чойи ин хохарро бихишт гардонад. Аз шогирдони фаъол ва масъулиятшиноси шуъбаи гоибонаи факултет буд. Баъди даргузашти модарам хамчун изхори тасаллият шеъре дар колаби марсия бароям навишта буд... Ба наздикону пайвандонаш Худованд сабри чамил ато намояд. Инна лиллохи ва илайхи рочиъун.

Худо рахматаш кунад.чояш чанат шавад.зани бенихоят покдоман , мехнатдуст, ва рахмдил буд

статья 212, ч. 3 УК РТ (Нарушение правил дорожного движения и эксплуатации транспортных средств, повлекшее по неосторожности смерть двух или более лиц). Статья предусматривает наказание в виде лишения свободы на срок от 5 до 10 лет.

хукукшинос,
Бародар хукукшинос ба гайр аз конун боз конунхои нонавиштаи хает хаст.ягон кас инхел нохуширо намехохад. Ба фикрам шумову наздиконатон хам савори мошин мегардед.худо накунад , ки ин нохуши бар сари шумо ояд

савоб,
Охиста бирон хамеша бирон!

Орзу
Худованд чои Давлатова Холбиро чаннат бигардонад. Бехтарин зан, бехтарин олихаи хусн буд, ки танхо аз манфияти худ дида, манфияти чамъиятро авлотар медонист.

Хамватанони иззатманд дигар ба чуз сиех кардани касе кори дигаре надоред магар? Шарм ва инсофам зиед чизи хуб аст. Ахмедов Н. ва Абдуллоев Ш. магар аз хонаи падари Шумо нон хурдиянд? Е ягон дахон нон оварда додагиед, ки ин гуна дилпурона сухан меронед? Худованд имруз лутф ва мерубони кардааст, ки ин шахсиятхо ба мансабе ноил гаштаанд. Хайрият ягон вазиру Сарвазир нестанд, вагарна Шумо нотавинбинон аз бухлу хасад мекафидед. Ин гуна баходихии куркуронаи нодуруст надихед. Бехтарин шахсони заминианд. То чи кадаре, ки ба мардум кумак мерасонди, хамон кадар ношукри мекардиянд. Масъалаи Саддама ин хам бошад амри такдир буд. Баъдан мархум Давлатова Х. ин на факат корманди макомот буд, балки вай кас хам муовини сохавии раиси нохия буданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)