Бахшҳо

Таъхири эълони қарори додгоҳ. Тутубалина: "Ҳақ бо мост" (ВИДЕО)

Олга Тутубалина, муҳаррири “Азия-Плюс” ва муаллифи матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции” изҳори умед кард, ки додгоҳи Фирдавсии пойтахт дар баҳси як гуруҳ зиёиён бо ӯ қарори одилона хоҳад баровард. Ӯ, ки баъд аз зӯҳри 24 феврал бо “Озодагон” сӯҳбат мекард, гуфт, ҳақ ба ҷониби онҳост ва инро намешавад рад кард.

“Бисёр умед дорам, ки додрас қарори одилона содир мекунад. Ҳатто дар ин масъала ҳуқуқшинос будан зарур нест, ки ҳақ бо мост”,-афзуд ӯ.



Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба хонаи машваратӣ рафта, эълон кард, ки қарорашро соати 9:00-и 25-уми феврал эълон хоҳад кард. Қаблан, ҷониби даъвогарон дар додгоҳ баромад карда, аз додрас хоста буданд, ба фоидаи зиёиён аз ҳисоби нашрияи русизабони “Азия-Плюс” 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ рӯёнда шуда, бо пахши як раддия аз онҳо маъзаратхоҳӣ низ шавад.

Даъвогари асосӣ Иттиҳодияи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Тутубалина дар ин матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Мӯҳр
Оля не сдавайся. Они от правды боятся как муха от ветера. Я таджик, и горжус с ВАМИ. ВЫ истений потриот таджикской земли. ОЛЯ-ГУРДОФАРИД-ФИРДОВСИ. (Извините пожалюста ОЛЯ. эсли что-то неграмотно. Но я уверен-логично).

Патриот
Барои чи Олга Тутубалина дар Точикистон зиндаги дораду аммо ба руси сухбат мекунад? Кани ягон журналисти точик дар Русия бо забони точики сухбат кунад, дар матбуот пахш мекунанд? Хеч гох! Тутубалина, дар Точикистон зиндаги мекуни, бояд бо точики сухбат куни. Забони давлатии Точикистонро бояд эхтиром гузори. Озодагон, агар патриот боши, чоп кун.

интеллигент
Агар инхи дар асл зиёи мебуданд, танха ва танхо маъзаратхохи талаб мекарданд, на чубронпули.
Боварии камил дорам инхо хамонеянд ки Тутубалина дар маколааш ном бурдааст.
Акнун бубинем ки додгох худро кадом тараф мебинад: хакикатпараст ё ахлотпараст.

антипсевдозиёиён
ки ба онхо хак додааст. ки худро зиёи номанд? онхо хама маддохони беномусанд.

инхо аз он чизе ки Ленин гуфтааст бадтаранд. маддохони беномус

Я не хотел продолжить дискуссию. Думал некоторые "интеллегенты" понимают. И скажу так: ОЛЯ ВЫ как сильный ВЕТЕР. Дуй "ИХ"!

Я не хотел продолжить дискуссию. Думал некоторые "интеллегенты" понимают. Но - увы. И скажу так: Оля ВЫ как сильный ВЕТЕР.

ещошл
Патриот,

Ту точикия бо руси баробар накун, точикиро дар Точикистон хатто байни нохияхо намефахмандю

Ардашери Баходур
Хайфи-ин-миллати-барда-ва-бесавод-!О-бародар
он-ду-руз-пеш-ветерани-Альфа-аз-РТР-
24-дар-бораи-генотсиди-русхо-дар-Душанье-сол

дангараги
Олиячон бги дар ..илтимос

Гастрабайтер
Як бор рафта хамин ахволи точикхоро биненду баъд аз Олга Тутубалина пуштибони кунед

Ба диккати ПАТРИОТ ва хушхолам, ки 100% манро тарафдори мекунад.
Агар Олга Тутубалина чихати пурра кардани фикраш (дар журналистика ин шева кабул шудааст) барои баъзе чоплусони зиёи аз асари Ленин иктибос оварда бошад, пас намоиши "Чи бояд кард"-и Шабакаи якуми Точикистонро чи хел бояд фахмид? Пас маълум мешавад, ки барои баъзехо ичозату барои боъзехо не-ми?
Таклиф дорам, ки барои ин "аблахи" ва истифодаи номи асари нависандаи миллати гайр дар телевизиони давлати, ки ба ШАЪНУ ШАРАФИ миллати точик созгор набуда имич, донишу заковати хуб доштаи зиёии точикро паст мезанад, муаллифи намоиши "Чи бояд кард" ва шабакаи якум ба суд дода шаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)