Бахшҳо
24 фев 2014 15:30Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Рустам Комилов мегӯяд, "гӯши Тешаевро касе набуридааст"

Мақомоти Тоҷикистон гӯиё мавриди шиканҷа қарор гирифтану бурида шудани гӯши Умед Тешаевро, ки дар куштори полковник Умар Қаюмов -- раиси зиндони Кӯлоб муттаҳам мешавад, бе асос донистанд.

Рустам Комилов, муфаттиши парвандаи куштори Қаюмов, рӯзи 24 феврал дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “касе айбдоршавандаро латту кӯб накардааст. Ман чанд бор ӯро бозпурсӣ кардам ва касе нисбат ба ӯ зӯроварӣ накардааст. Вазъи саломатияш хуб аст ва осори шиканҷа дар ӯ дида намешавад.” Комилов таъкид кард, Умед Тешаев бо вакили мудофеъ таъмин аст, ки метавонад мунтазам аз ҳоли ӯ хабар гирад. “Айни ҳол тафтишоти қазия идома дорад ва мо наметавонем ҷузъиёти дигарро ифшо кунем”,-афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки наздикони Умед Тешаев аз истифодаи зӯроварӣ нисбат ба ӯ хабар дода, аз Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа хостаанд, ба қазияи Тешаев расидагӣ кунанд. Онҳо мегӯянд, Тешаев баъд аз куштори Умар Қаюмов мавриди шиканҷа қарор гирифта, “ба ҷонаш хатар таҳдид мекунад”. Ҳатто аз он дар ташвишанд, ки фарзанди онҳо ҳоло зинда аст, ё не. Вакили мудофеи Умед Тешаев ҳам ба наздикони ӯ гуфтааст, ки дастони нафари таҳти ҳимояташ варам кардаанд.

Феълан алайҳи Тешаев бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум кардан, парванда боз шуда, таҳқиқи қазия идома дорад. Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи қазия иттилоя пахш намуда, гуфтанд ин ҳодиса соати 15:40-и 16 феврал дар утоқи кории полковник Қаюмов рух додааст. “Маҳбус Умед Тешаеви 30-сола, ки қаблан ба ҳайси сартарош кор мекард, ҳангоми ба тартиб даровардани мӯйи сари сардори зиндон бо қайчии дар дасташ буда, як бор дар қисми сар ва 16 бори дигар ба бадани ӯ зарба задааст. Дар натиҷа Қаюмов зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта дар роҳ ба беморхона ҷон бохтааст. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”,-омадааст дар иттилоияи ВКД.

Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, Умед Тешаев қаблан бо ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон барои содир намудани ҷинояти куштор ба муҳлати 17 соли зиндон маҳкум шуда буд: “Маҳкумшуда санаи 31 августи соли гузашта дар сартарошхонаи шахсиаш аз сабаби муноқишаи бамиёномада Абдурасул Алиеви 50-соларо 54 бор корд задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст."

Умар Қаюмов, сардори зиндони шҳари Кӯлоб, беш аз 12 соли охир дар ин мақом буда, қарор будааст соли оянда бознишаста шавад. Вай соли 1948 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба дунё омадааст.
Мӯҳр
devona
Tu baroi chi saratro zeri tegi u mondi?

Jam
Devona tu az nomat malum hast ki chi hel odami. Lekin devonaham yakhelosh ba aqlan.In Qayumov Umar pesh az Mahbas shishtani i Manyak dar nazdi bozori kalon mui sarashro dar nazdi hamin shahs kam mekard. Mumkin bechora fikr kardaast ki in Manyak hato kardaast va dar sari Qahrash Abdurasulro kushtaast. Az kujo medonad ki in harom oliyam isloh nashudast ? Hubush mekunand. Gushosha ne Dastu posha meburidand nagz meshud/ E mardum a bacha i chi gapai tarafi ami Manyaka megiren? Biguzor dar nazdi halq dorda bkashanush. Bovar kuned ma hairon meshavam daaadevona,

jon
Salom,

Fikri man nisbati hamin shakhsba.

Behtarash hamin khel odamhoroo kushan ki dar jomeaa naboshan. Baroi ki in kas baad az baromadan az mahbas bo yagon kasii digarroo mekushad. Bo meravad hamon mahbas. Behtarash in khel odamhoroo hukumat khudash nestu nobud kunad az hama ba nagz zash hamin ast. Man tarafdorii on hastam ki hamin kasro dar yagon maydon baroranuuu mardum sang sorash kunan...

khair bas ba fikrii man.....

сардори сизора кушти бо чи интизори ки сарта дастмош кунанд албата гушта баьд бо ягон чои дигарттан мебурун

кулоби
бо озодагон амичам мухолиф буданта нишон мети шахсе чони ду нафарро гирифт бояд бо ордени шараф мукофотонида шавад агар созмони зидди шиканча як ба тарафдории ин ахмаки хайвон мо хама чам шуда бад медонм аъзоёни созмона чихел кунем ин тахдид нест иншоллох рост аст!!!!!!!!!!

Салим
mehrob,
Агар сардори махбасхона конунро вайрон намекарду кайчиро ба дасти махбус намедод, инхел намешуд. Шумо бошед танхо махбусро гунахкор медонед.

Ин махбуси тешаефи харду дунеш сухтагиай.
Лаьнат бар умеди одамкуш!
И очаву отаи беномусаш бачои тасалло дихан ки хай девонаай ва бо хамдарди баен мекунему бахши мепурсем, шиштай лак лак карда давраи деворагию шкафбардориша накл карда!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)