Бахшҳо
25 фев 2014 12:12Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Аз 16 то 19 сол. Маҳкумияти ҳамлаварони хонаи Дости Бурут

Додгоҳи ноҳияи Файзобод гурӯҳи панҷнафариеро, ки дар роҳзанӣ ва ғорати хонаи Достмурод Ҳакимов, маъруф ба Дости Бурут, муттаҳам мешуданд, аз 16 то 19 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Сайфиддин Камолов, раисикунандаи мурофиа, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин ҳукм ҳанӯз дар моҳи январи соли ҷорӣ содир шудааст.

Ба қавли ӯ, “Барзу Ҳакимов ва Маҳмадулло 19-солӣ, Фирӯз Шарифов ва Муҳаммад Умаров 17-солӣ ва Санҷидмурод Худойбердиев 16 сол равонаи зиндон шуданд.” Камолов афзуд, маҳкумшудаҳо аз рӯи ҳукми додгоҳи Файзобод ба Додгоҳи олӣ шикояти кассатсионӣ бурда, мунтазири хулосаи ин ниҳоданд.

Ҳамла ба манзили Дости Бурут шаби 8 ба 9 октябри соли гузашта иттифоқ уфтода буд. Мақомоти Вазорати умури дохилӣ дар шарҳи ин ҳодиса гуфта буданд, ки “як гуруҳ аз ҷавонон бо таппончаи бозичагӣ ва кордҳо мусаллаҳ гашта, ниқобу дастпӯшакҳои сохтмониро пӯшидаву ба хонаи Достмурод Ҳакимов ворид мегарданд”. Ба гуфтаи онҳо, ин афрод бо мақсади тасарруфи молу мулки Достмурод Ҳакимов вориди ҷои хоби ӯ гашта, аз кисаи костюмаш 1700 сомонӣ ва аз дастони завҷааш – Гулсун Ҳакимова ду ангуштарӣ ва як дастпонаи тилоиро гирифтаанд. Ба қавли манбаъ, ин афрод инчунин Абдулҳақ, набераи 16-солаи Достмурод Ҳакимовро зери мушту лагад қарор додаанд.

Дости Бурут падари Меъроҷиддин Ҳакимов, узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон буда, яке аз тоҷирони муваффақи кишвар дониста мешавад. Ӯ дар деҳаи Мулло Туғмаи Файзобод, тақрибан се километр дуртар аз маркази Файзобод, зиндагӣ мекунад. Бино ба хабарҳое, ки ахиран дастраси мо шуд, Дости Бурут муддате дар бемористони Қарияи Боло бситарӣ буда, ҳоло аз он ҷо мураххас шудааст.
Мӯҳр
Точик
Ачаб давлате. Барои горат 19 сол хабс мекунанд ва барои бо мошин пахш карда куштани се нафар 200 сомон чарима.

Dustmurod Hakimov ba shumo umri daroz va salomatiro orzumandam , mo mardumi fayzobod medonem ki puli shumo halol ast na in ki harom va chixel paydo karded . Fakat salomatii shumo boshad halos boboi Dosti Burut.

Файз
И Дост хдш кати бачохош хамаги аз таги дор гурехтаанд. Онхо аз гуфтахои боло чизе беш нестанд. Агар бовар накунед, аз дилхох мардаки хамсояаш пурсед!

амир
Ана аку кора бинед! Ин бобои дости Буруд весаш вазбинаст. Барои хамин горатгархо 16,19,17 сол мегиранд. Ин чунин писари Хукумов А ,ки бо мошин пахш кард 3 нафар чон бохтан 200 сомони чарима шуд. Ана он рузноманигоре,ки дар нохияи Масчох буд исмашро фаромуш кардам бо иттихоми 100$ пора гирифтанаш 8 сол аз озоди махрум шуд.ва Зайд Саид ро бо иттихом 26 сол пушти панчара нишаст.Аммо мовини раиси Суди Оли Нур Нуров бо иттихоми 100 000$ хеч рузе пушти панчара на нишаст. Суд уро сафед кард. .... Инро адолати судхои Точикистон мегуянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)