Бахшҳо
26 фев 2014 09:17Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Мухолифати Хидирова ва ҷонибдории сеяки сокинон аз дузанагӣ

Назарпурсӣ миёни корбарони интернет дар Осиёи Миёна муайян кардааст, ки ҳар сокини сеюми минтақа ҷонибдори дузанагӣ мебошанд. Зимни ин назарпурсӣ, ки аз ҷониби пойгоҳи хабарии CA-News давоми моҳи феврал гузаронда шудааст, 53 дарсади иштирокдорон зидди дузанагӣ баромадаанд.

Тибқи ин назарпурсӣ 11 дарсад иқрор шудаанд, ки зани дуюм доранд ва 4 дарсад гуфтаанд, ки худашон зани дуюм мебошанд. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирати оммавии мардон аз Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, азҳампошии хонаводаҳо ва бе шавҳар мондани занонро ба бор овардааст.

Бар асоси як омори Созмони Миллал феълан ҳудуди 300 ҳазор зани аз 30-сола болои Тоҷикистон бе шавҳар мебошанд. Бархе аз таҳлилгарон барои ҳалли ин мушкил роҳандозии таҷрибаи дузанагиро пешниҳод кардаанд. Аммо Мағфират Хидирова, раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон дар посух ба суоли “Озодагон” дар робита ба дузанагӣ гуфт, “қонунгузории Тоҷикистон ба ин масъала ҷавоби қотеъона додааст ва он манъ мебошад.”

Ин дар ҳолест, ки аз нигоҳи Ислом, ки 99 дарсади сокинони Тоҷикистон пайрави онанд, бисёрзанагӣ иҷозат дода шудааст ва он ҳам ба шарте ки агар мард тавоноӣ дошта бошаду баробар бо ҳамаи занҳояш муносибат ва таъмин кунад.
Мӯҳр
охир аз бераха шудани занони Точику мусалмон ва аз бе чо сарф кардани мардон барои конеъяти нафсии ва заинокориву фасод кори агар зани дуюм гирифтан ичозат дода мешуд ва як хонаи дигар обод мешуд хазорхо бор бехтар буд! айни хол дар Точиксион ?0 дар сади ахолиро занон ташкил медиханд..нест хонаводае ки марди у дар руссия набошад..ба истиснои мансабдорон абатта))

vatan
Хамин муаллима Хидировая шавхарашон хай-ми?

кургани
Мардак борин ман тайёрам,ки зани 3 базани гирам.... дар гапхоям меистам

Хай баъд. Хамин дарсади ками мансабдор, ки ба гуфти Шумо дороиаш аз фсодкори аст, зани дуюм гирад хуб мешавад? Охир боз мушкилии таъмини зани дуюм аз киссаи мардуми корафтода. Хамин милионхо марди мухочири мехнати як занро таъмин карда наметавонад боз шарт аст, ки бори души як беваю чанд кудаки дигарро низ дар гариби кашанд. Инчо кани мантик.

Jon
Salom.

Megum agar ki 3-4 zanagii mumkin boshad bovar kuned nimii jumhurii kheshat meshavad.

Misol: Agar yagon vazir 4 zan doshta boshad az har kadomi onhoo 3-4 farzandii doshta boshad in az on guvohii medihad ki hamaii tojikon inash bo inash kheshu tabor meshavan baad digar odamhoii kam baghal nametavonand ki dar yagon idoraii davlati koru faoliyat kunan. Bovar kun boz ham mushkil meshavad...

Абдуло
Хусусан дар ин шароите ки насли точик дар хатар аст бояд дуву се зани гиранд
Вале бояд шароити исломияшро риоят кунанд

Махина
зан ягон намуди хайвон нест ки чандто хохи гири? ин чи беаклист? кани ку 1 зан 2 ё 3 шавхар кунад

ЗАФАР КУРБОНОВ
Махина,- МАХИНАБОНУ! КАНИ ШИРИ ДУ СЕ ГОВРО ДАР ЯК ЗАРФ АНДОЗ ВА БАЪДАН ХАР КАДОМАШРО ЧУДО КУН КИ АЗ ХАМОН ГОВ ЧУШИДА ШУДА БОШАД, ОЁ МЕТАВОНИ? АГАР ЗАН ХАМ ДУ СЕ ШАВХАР КУНАД НАМЕТАВОНАД ФАРЗАНДРО БА ПАДРИ АСОСИИ ХУНИАШ ТАШБЕХ КУНАД, ВА НАМЕДОНАД, КИ ПАДАРИ ФАРЗАНДАШ КИСТ, АВВАЛ АНДЕША КУН БАЪД ИН ПЕШНИХОДРО КУН ХОХАР!

Раис
Махина, ту аз Худо донотари? Хамин зиёд шудани фохишахо бароят писанд аст ё аз фохиша шудан, зани дуюм бошанд бехтар?

Tanho ghaybat ))) Amal nest :-D

кургани,
а бача, раиси колхози чи?

махина
ЗАФАР КУРБОНОВ,

ту чи фикр мекуни шавхар кардан танхо ба хотири фарзанд аст??? шавхаркуни маънохои зиёд дорад.

Раис,

наход ин кадар кундфахм бошед шумо. чи магар агар ба зани дуюм рози нашави бояд чи фохиша шави?!

ин кадар зани дуюм мехохед ба афгонистон равед. Худора шукр дар мо ин конунхои вахшиёна манъ хастанд!

наврузшо
ХУДОВАНД БУЗУРГ АСТ. мехрубон аст, то мухит фарохам насозад махлук намеофарад. аввал об офарид баъд мохи, аввал неъматхо баъд Одам. Хазрати Одамро як Хавво офарид 4то не! яъне Худованд кори бе мантик намекунад. ; зани гирифтан мантик надорад. Агар дар Куръон омада бошад факат барои хамон замони даврони Пайгамбар буд ки муслимин мардони зиёдро талаф дода занон бесохиб монда буданд яъне 4х1 буд. на барои хамешаги. Агар барои хамешаги мебуд пас Худованд дар Точикистон 4млн зан ва 1 млн мард меофарид аммоин тавр накард. Хирси шайтонии хешро тухмат бар Худо накунед. Аз нигохи маънави низ мард хак надорад як бора 2-4 зан доштам бошад . инсоф нест ки 1 зан 4 шавхар дошта бошад. ин усул ХИЁНАТ ба чуфти худ аст. Тахрифи фармудаи Куръон аст. Бисёре аз мусалмонон чунин бемантикиро кабул надорпанд ба чуз фанатикхову чохилмуслиминю Он корхоро ки замоне арабхои асри 7 ба худ раво медиданд набояд дар асри 21 кобили кабул донист. суннатхоро дар мукоисма бо такозои замон ва акл бояд пазируфт на бу усули куркурона. барои ин хам дар олами имрузи ислом баракат нест. факат чангу такиш нодониву хандариш. аксари мусалмонон бар истиснои арабзхои нефтдошта ва иронихо боки дар кучое мардикоранду гулом. аз худи Точ аз 8 кариб 2 млнаш мухочири мехнати. Маънии Куръонро бо аклу хирад бояд дарк кард. Куръон бояд манбаи илхоми зиндаги бошад барои мо на Зиндони андешахои пусидаи кухна. магар афъоли бади муллохо ки тарики тв намоиш дода мешаванд нишоне аз рахгуми ва бесохибии мазхаби дар чомеаи мо нест? шумо 4 занро ба сабаби хирси шахват мегиред на ба хотири кори савоб. Фохиша мегуед пас марди бо чор зан хамхоба низ фохиша аст. ё фохишаги ба мард нисбат надорад??? Бо бисмиллох гуфтан хук халол намешавад ва баръакс бе бисмиллох хурдани гуспанд макрух нест. хулас барои касони беакл фароизи исломи хам раво нест.....
сухан бисёр аст аммо ба кавли Сино : Ин тоифа аз фарти хари , хар ку на хар аст кофараш мехонанд.....

Салом
Яке аз сабабхои зиедии фохишахо ин ичоза надодан ба ду занаги е се занагист !!!

азим
Озодагон мебахшед, ин мухолифати Хидирова не, балки мухолифати конунгузори ба дузанагист.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)