Бахшҳо
26 фев 2014 11:02Тоҷикистон / Сиёсат

Додарарӯси президент ҳам пасванди "ОВ"-ро аз насабаш гирифт

Амирулло Холов, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ахиран ба мансаби шаҳрдории Қӯрғонтеппа таъйин гардид, пасванди русии “ов”-ро аз насаби худ хат зада, онро ба Амирулло Асадулло табдил додааст.

Амирулло Асадуллои 45-сола то замони нишастанаш ба курсии шаҳардори Қӯрғонтеппа, маркази маъмурии Хатлон, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ буд. Вай дар ин вазифа ду сол кор кардааст.

Амирулло Асадулло зодаи ноҳияи Данғара буда, соли 2004 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва соли 2009 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст. Ихтисосаш иқтисодчӣ ва олим-агроном буд, узви Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон низ мебошад.

Ин додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта дар симатҳои директори комбинати маҳсулоти сохтмонии шаҳри Сарбанд (2005-2008), директори кулли ҶСШП Ширкати холдингии «Исмоили Сомонӣ - асри ХХI», директори кулли ҶДММ «Тим Сервес»-и шаҳри Душанбе (2008-2009), раиси Шӯрои директорони ҶСП СИТ «Рушди Хатлон»-и шаҳри Сарбанд (2010-2012) ва директор оид ба масъалаҳои таблиғотӣ ва иҷтимоии ҶСК «НБО Роғун»-и шаҳри Роғун ифои вазифа кардааст.

Амирулло Асадулло бародари Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” мебошад.
Мӯҳр
shahevand
ba ki darkor nomu familyai alish kadagi ha
min odamon

Бабай
А бача, и худуш дина руз маълумоти олиро харидай ку ;-)

Эй барпадаракот рахмат ШУКРОНА БОЯД кард, ба ин ОЛИХИМАТИЯТ. Як бало кунеду маълумоти оли гиред он тарафаш кори худам.

Ачоиб гапхо мегуед! Ин чо кланхо кор кардосан. Кургонтеппа дар дасти аком Хасан. О бародари у вазифа нагирад ким мегирад?. Ахсан ба бародарамон, Хасан! Карсак задем, хурсанд шудем!

Озодагон,аввал санчеду бад нависед Амирулло зодаи дангара нест у зодаи Колхозободи аст на Дангара.

Е тавба ин шахси "Нурони" аз кадом кавми точик бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)