Бахшҳо
27 фев 2014 11:43Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Матраҳ шудани қазияи Тутубалина ва “Asia-Plus” дар Ню-Йорк

Дуня Мятович -- масъули Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии баён ва матбуот аз қарори Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи “Азия-Плюс”, изҳори таассуф кардааст.

Мятович, ки зимни ҳамоиши байналмилалӣ оид ба озодии расонаҳо дар Ню-Йорк баромад мекард, аз қазияи Тутубалина зикр карда, гуфт, “25 феврал додгоҳи Тоҷикистон қарор кард, ки нашрияи “Азия-Плюс” барои матлбаи Тутубалина (“Неителигентно об интелентсии”) ба се даъвогар 4,5 ҳазор евро ҷуброни зарари маънавӣ пардозад.”

Матраҳ шудани қазияи Тутубалина ва “Asia-Plus” дар Ню-ЙоркМятович таъкид кардааст, ин қарор дар ҳолест, ки номи ягон нафар аз даъвогарон, ки гӯиё зарари маънавӣ гирифтаанд, дар матлаби Тутубалина зикр нашудааст: “Дар ҷомеаи демократӣ бояд баҳсҳои оммавӣ бе татбиқи ҷазои молӣ баргузор шаванд.”

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 25 феврал даъвои як гуруҳ аз зиёиёни тоҷик алайҳи Олга Тутубалина -- муҳаррири “Азия-Плюс” ва муаллифи матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции”-ро қисман қонеъ кард. Додрас Сурайё Ҷобирова ҳангоми қироати қарор гуфт, ин матлаби Тутубалина як навъ таҳқир дар ҳаққи зиёиён буда, муаллиф ва “Азия-Плюс” вазифадоранд, дар тӯли ду ҳафта раддия чоп намоянд ва ба Аскаралӣ Раҷабов, Ҳикмат Раҳматов ва Дилбар Абдиева 10 ҳазор сомонӣ (дар маҷмуъ 30 ҳазор сомонӣ) ҷуброн пардохт кунанд. Ба қавли додрас, ин се нафар баъд аз хондани матлаби Олга Тутубалина зарари маънавӣ дидаанд.

Ин қарори додгоҳ дар дохили Тоҷикистон ҳам бо танқидҳо рӯбарӯ шуд. Намояндагони расонаҳои мустақил ва созмонҳои журналистӣ 30 ҳазор сомонӣ ҷарима шудани Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс”-ро талоши мақомот барои маҳдудсозии озодии баён дар кишвар дониста, хостори лағви ин қарор дар дар зинаҳои болоии додгоҳ шуданд.
Мӯҳр
Tutabalina, rosti gap insoni khub nest, zahrzabon hastu, shakhsi shurandoz. zabonasha nigoh namedorad. agar ba in bahsi huquqi B Sobir ilova shavad, haq bar sari namoyandagini marifat ast. kasbi zhurnalisti ham yak chorchubai madani dorad! kase az donishmandonu hukumati kununi rozi nest, amal kunad na zabondarozi. 22 sol shud, ki dar somoani interneti ba gairi laqidani zhurnalistonu yakchand ahskhos digar digarguniyi khube nest. bo ham mutahhid boshedu, millatro - az khud sar karda bad az oila- mustahkamu oyandadoru poyandador tarbiya kuned! sari mardumro bo in kori maymunbozi - sudbozi - digarbora garand karded....

фируз
рости ин дукхтари сохибкор, забони русиро хуб медонад, аммо бемаданияти нишон медихад, на хисси милли дораду на нияти ободкори. ин гуна маколахо хазорхо бор ба нашр баромадаанд. ин тарзи мубориза бар зидди "беамалон" самарабахш нест. сохиби маколаву монанди унхо дар шумораи ун "рушанфикронанд", ки худ акхлот ном монда.

Ба намояндаи урупои, хонума Мятович: о наход номи ашхос нишона бошад, ки сохиби маколаро ба чавобгари кашида тавонад? шумо ба Б. Собир маслихат доданиед, ки ун кас хакки халол доранд, дар иловаи ин рафиаи суди, Тутабалинаро бори дигар ба суд да*ват кунад!

Точики бурунмарз
Хаминхо: Аскаралӣ Раҷабов, Ҳикмат Раҳматов ва Дилбар Абдиева чи тавр зиёи буданашонро тасдик мекунанд(барои додгох хуччат бошад).
2. Дар матни макола номи инхо дида намешавад, пас..
Карори додгох гайриконуни аст. Вой бар холи чунин додрасхо...

Ба Фирузу, Ba Tutabal..!
Чашмонатонро кушоед, аллакай асри 21 даромадааст.
Журнали́стика — актуализация мировоззрения социальных групп средствами подбора фактов, оценок и комментариев, которые злободневны и значительны в данное время.
С точки зрения общественных интересов, журналистика адаптирует часть научно-практического знания данных групп для восприятия массовым сознанием в целях принятия другими социальными группами моделей поведения, идеологии (культуры, морали, этики, эстетики) и способов развития.

Душанбе
Барои хамин газета ва мухаррираш пиари (реклама) нагз шуд. Ин газетаро дар дар чахон шинохтанд. Шояд хамааш бо маслихати пешаки шудааст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)