Бахшҳо
27 фев 2014 17:05Тоҷикистон / Сиёсат

Тарафдории 4 созмон аз Олга ва танқидашон аз қарори додгоҳ

Чаҳор созмони журналистии Тоҷикистон бо нашри баёнияе қарори Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нисбат ба Олга Тутубалина, муҳаррири “Азия-Плюс” ва муаллифи матлаби баҳсбарангези “Нозиёиёна дар бораи зиёиён”-ро яктарафа ва нигаронкунанда хондаанд. Онҳо дар баёнияи худ, ки баъд аз зӯҳри 27 феврал интишор шуд, гуфтаанд, ин қарор “принсипҳои объективият ва беғаразии мақоми судиро зери суол бурд.


Матни изҳороти созмонҳои журналистӣ:

“Қарори суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25 феврали соли ҷорӣ нисбат ба муаллифи матлаби нисбати муаллифи матлаби «Безиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции») -- Олга Тутубалина («Азия-Плюс», №40, аз 30.05.2013), бо даъвои панҷ иттиҳодияи илмию эҷодӣ бо ҳамроҳии 3 намояндаи зиёиёни кишвар - Аскаралӣ Раҷабов, Дилбар Абдиева ва Ҳикмат Раҳматов, ки муаллифи матлаби мазкурро ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ва чопи раддия дар нашрия вазифадор менамояд, мо, намояндагони ҷомеаи журналистиро нигарон месозад.

Мо бар онем, ки тавассути суди одилона баррасӣ ва ҳал намудани баҳсҳои миёни васоити ахбори омма ва ниҳодҳову шаҳрвандон дар ҳар кишвар аз арзишҳои воло ва тақозои низоми демократӣ аст, вале ҳамзамон тарзи бархӯрд ва муносибати судҳо, ба хусус судҳои марҳалаи аввал, ба ин масъала низ ҷавобгӯ ба муқаррароти қонунҳои миллӣ ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бошанд.

Бо таассуф қайд менамоем, ки мурофиаи судии қазияи муаллифи матлаби «Безиёиёна дар бораи зиёиён» ва иттиҳодияҳо ва намояндагони қишри зиёии кишвар бо халалдор шудани меъёру муқаррароти қонунҳои мурофиавӣ, яктарафа, бе назардошти ҳолатҳои воқеӣ ҷараён гирифта, қарори суди марҳалаи аввал принсипҳои объективият ва беғаразии мақоми судиро зери суол бурд.

Илова бар ин, Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон матлаби мазкурро баррасӣ намуда, дар он халалдор шудани «Меъёрҳои ахлоқии касбии фаъолияти журналистӣ дар Точикистон»-ро дарнаёфта буд. Ҳолати мавҷудияти кафолати конститутсионии озодии баён дар Тоҷикистон ва эътироф шудани санадҳои байналмилалии танзимгари озодии сухан аз ҷониби давлати Тоҷикистон, таъин намудани чунин муҷозоти судӣ дар нисбати рӯзноманигоре, ки тавассути матбуот ақидаи хешро вобаста ба зуҳуроте дар ҷомеа баён доштааст, мояи нигаронӣ набуда наметавонад.

Боис ба таъкид аст, ки чунин муносибати мақомоти судӣ нисбат ба қазияҳои вобаста ба фаъолияти журналистон бори аввал набуда, тамоили анъанавӣ касб намуда истодааст. Қарори суди марҳалаи аввал дар нисбати рӯзноманигор Ольга Тутубалина - муаллифи матлаби «Безиёиёна дар бораи зиёиён», намунаи тозаи чунин муносибати ноодилонаи мақоми судӣ буда, як навъ фишороварӣ ба фаъолияти озоди журналист, таҳдиде ба озодии баён дар ҷомеаи демократияхоҳии мо мебошад.

Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ);
Медиа-Алянси Тоҷикистон;
Ташкилоти ҷамъиятии “Хома”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
А
Номи ин хели карорхоро Говсуд мегуянд дар урфият ки 90фоизи судхо хамитари мебоша.

худи
Ман зиёёи.
Хуччатати зиёи буданатро нишон дех(Ё далел дори)?
Ана бо ин талаб бояд додгох карор мебаровард.
Коре ки додгох кард,- "Говсуд" мегуянд.

ИЖТ нестаст ку? Чаро? Ё Акбари Саттор аллакай гуштоб гирифтаст аз макомот?

in 4 sozmon, masalaro khudashon yaktarafa nigoh dorand! az khob nav bedor shudand mi? agar mardum dar aozb 22 sol boshad hej gap nabudastu, yak odami bezabon bong zad, tarafashro megirang - in chi guna sozmoni boshad ki ba nafi mardum alosh nadorad?

maglubiyati 4 sozmonu tutabalina dar niyati noinsofonaashon ast, na hukumati belayoqatu odil!

Барои чи Раиси Иттифоки Журналистон нест!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)