Бахшҳо
27 фев 2014 17:21Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Заминфурӯшӣ, номаи пеш аз марги Худойбердиев ва нақли Шерхон Салимзода

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 27 феврал дар гузориши худ ба аъзои палатаи болои парлумони кишвар аз афзоиши ҷиноятҳои марбут ба харидуфурӯши ғайриқонунии замин хабар дод.

Салимзода, аз ҷумла гуфт бархе аз мансабдорони давлатӣ усулҳои нави фурӯши ғайриқонунии заминро пайдо кардаанд. Додситони кулли Тоҷикистон афзуд, яке аз чунин усулҳои ғайриқонуниро ахиран раҳбари идораи замини ноҳияи Ғончӣ дар номаи пеш аз маргаш ифшо кардааст.

Шерхон Салимзода нақл кард, Ахмедов -- муовини аввали раиси ноҳияи Ғончӣ, ки дар як вақт масъули Кумисюни қонунигардонии молу мулк буд, ғайриқонунӣ ба 167 нафар замини наздиҳавлигӣ тақсим намуда, дар 45 ҳолат заминҳои холиро ба номи шаҳрвандон ва хешу табораш, ки гӯиё дар онҳо иморат доранд, қонунӣ мегардонад.

“Инчунин, тибқи дастури ӯ раиси идораи замини Ғончӣ Худойбердиев барои ҷудо намудани замин аз сокинон маблағи калони пулӣ ҷамъ менамояд ва вақте қарорҳо бекор карда мешаванд, Ахмедов пулҳои ҷамъкардаро барнамегардонад ва аз ночорӣ Худойбердиев, раиси идораи замини Ғончӣ, худкушӣ мекунад. Дар ин бора дар номаи пеш аз маргаш қайд кардааст”,-афзуд ӯ.

Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар масъалаи замин дар соли гузашта 587 парвандаи ҷиноӣ оғоз ва 402 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонда шудаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Аъзои ХХДТ
О барои чи хизбияти уро ошкор накардед, чи магар ХНИТи-хоро факат бояд таблиг кунеду дар телевизион нишон дихед, акалан вакте аъзои ххдт хам чиноят карданд як бор номашонро гирифта чехраи муборакашона ба мардум намоиш дихед ки гуянд хамин ххдт хам дар Точикистон вучуд доштаст охир. аз дасти аъзои ин хизб гайри заминдуздиву заминфуруши кори дигар намеояд ва хамин кадар рох хаст ки дар тв-хо нишонамон дихед Бояд адолат риоят шавад дар кишвари хукукбнёду демократи!

сабр
рафик салимзода прокурори нохия кучоро назорат мекард ки кор ба чун н окибати дахшатнок расид дар инчо шумо ва макомотаттон айбдор аст агар пешгири мешуд назорати дакики прокурори мешуд ир ходисахо рух намедод.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)