Бахшҳо

Мусодираи беш аз ҳазор диски динии студияи “Нур” дар Душанбе

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон аз мусодираи беш аз 1 ҳазору 300 фиттаи муҳтавои динидошта дар бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе хабар дод.

Ин ниҳод мегӯяд, дар пайи амалиёти вижаи кормандони Кумитаи дин ва Вазорати умури дохилӣ дар нуқтаҳои дискфурӯшии бозори мазкур 1342 фиттаи диние мусодира шудааст, ки аз сӯи студияи “Нур” омода ва бидуни ташхиси давлатии диншиносӣ ба фурӯш гузошта шудаанд.

Ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи дин, фиттаҳои динии мусодирашуда, бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ, узбакӣ ва арабӣ будаанд. Кумитаи дин бар ин аст, ки ин бахши фаъолияти студияи “Нур” хилофи талаботи бандҳои 3 ва 4-и моддаи 22-и Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мебошад. Манбаъ мегӯяд, дар робита ба ин қазияи парвандаи маъмурӣ боз карда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Ҷумъахон Ғиёсов, муовини раиси Кумитаи дин ахиран аз фаъолияти бархе нашриёт, матбаа, студияҳои сабти маводи видеоӣ, фурӯшандагони адабиёти динӣ бидуни гирифтани иҷоза нигаронӣ карда, гуфт, онҳо маводи диниеро ба фурӯш мегузоранд, ки аз ташхиси давлатии динӣ нагузаштаанд. Ғиёсов ин амали эшонро боиси сар задани ихтилофот дар ҷомеаи мазҳабии тоҷик хонда, аз масъулини матбааву студияҳо талаб кард, ки фаъолияти худро тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон ба роҳ монанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Шумо зуртон факат ба мулову дискхои онхо мерасад. Чаро филмхое,ки дорои хусусияти зуровари, фахшу- фучур ва ё таблигкунандаи терроризм аст, пешгири намекунед.

шараф
то инора мусодира кардан,аму дискхои порнографияро мусодира кнанд

донишчу
Рост бародар! Мегуй точикистон ватани мусалмонхо набошад? Ин чиру чи даьво факат зуршон ба мулло мерасад? Чаро мусодираи дискхои секс намешаваду факат амри маьруфу нахе аз мункар????

А
Дискхои фахшоя мефурухтед хусусан индийская кумитаи дин мусодира намекард! Илтимос озодагон кумитаи зидди дин навис бо номаш.

Хар он чизи фурушие, ки дар кишвар бар фоидаи мансабдорони мо нест он гайриконуни аст ва сохибонашон бояд дар назди конунхои сонияви чавоб гуянд ва е чарима карда шаванд!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)