Бахшҳо
28 фев 2014 16:08Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Иттиҳоди Аврупо ба ҳимоят аз Олга Тутубалина хест

Иттиҳоди Аврупо аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи “Азия-Плюс”, нигаронӣ карда, онро латма ба озодии матбуот дар Тоҷикистон хондааст.

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи 28 феврал бо нашри як баёния ба ин қазия дахл карда, мақомоти давлатии кишварро ба иҷрои тааҳҳудоти байналмилалӣ оид ба озодии баён даъват кардааст. Ин ниҳоди аврупоӣ гуфтааст, ҳамеша омодааст, бо ҳукумати Тоҷикистон дар самти озодии матбуот ҳамкориро идома диҳад.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 25 феврал даъвои як гуруҳ аз зиёиёни тоҷик алайҳи Олга Тутубалина -- муҳаррири “Азия-Плюс” ва муаллифи матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции”-ро қисман қонеъ кард. Додрас Сурайё Ҷобирова ҳангоми қироати қарор гуфт, ин матлаби Тутубалина як навъ таҳқир дар ҳаққи зиёиён буда, муаллиф ва “Азия-Плюс” вазифадоранд, дар тӯли ду ҳафта раддия чоп намоянд ва ба Аскаралӣ Раҷабов, Ҳикмат Раҳматов ва Дилбар Абдиева 10 ҳазор сомонӣ (дар маҷмуъ 30 ҳазор сомонӣ) ҷуброн пардохт кунанд. Ба қавли додрас, ин се нафар баъд аз хондани матлаби Олга Тутубалина зарари маънавӣ дидаанд.
Мӯҳр
Саид
гумшон кун ин Итиходи аврупо боз Майдони навро дар Душанбе ташкил накунанд..Хазар аз инхо ..

Салим
Тутубалина хамон интелигенсияи Аврупоро г.... гуяд рузаша сиёх мекунанд. Инчо боз тарафгирии беасос. Тутубалина бо хамон гапаш нафраташро ба зиёиён ва умуман миллати точик нишон додааст. 30 хазор кам аст. Акалан сад хазор бояд чарима мешуд.

Азиз
Ин миллат зиёи надорад!Агар зиёи медошт зери мазхакаи минтакагарои ва байраки большевики 200-хазорашро намекуштанд.Шармандахо!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)