Бахшҳо
28 фев 2014 17:31Тоҷикистон / Сиёсат

Дархости ФСБ аз Кумитаи амнияти Тоҷикистон дар бораи Маханов

Хадамоти амнияти федералии Русия (ФСБ) аз масъулони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дархост кардааст, дар бораи Алимурод Маханов, маъруф ба "устод", ки аз ӯ раҳбари як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ном бурда мешавад, маълумот бидиҳанд. Ин дархост дар ҳоле ирсол шуда, ки Сатторов, яке аз наздикони Маханов, дар Русия ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт ва дар баёноташ аз ӯ ёдоварӣ намудааст.

Умед Бобоҷонов, вакили мудофеи Алимурод Маханов, ҳарчанд дархости ҷониби Русияро тасдиқ кард, аммо ба далели он ки мурофиаи нафари таҳти ҳимояташ пӯшида мегузарад, аз ифшои ҷузъиёти он худдорӣ намуд. Ӯ танҳо гуфт, ин нома тақрибан чаҳор рӯзи пеш дастраси мақомоти амниятии Тоҷикистон шуда, дар мурофиаи додгоҳӣ онҳоро низ огоҳ кардаанд.

Ба қавли ин вакили мудофеъ, “Алимурод Маханов аз соли 2011 то оғози соли 2013 ба Русия рафта, меомад. Моҳи феврали 2013, бинобар мувофиқ набудани ҳуҷҷатҳояш ба талаботи қонун, ӯро аз қаламрави ин кишвар хориҷ кардаанд.”

Алимурод Маханов ва чанде аз ҳамроҳони ӯ дар остонаи интихоботи президентии 6 ноябри соли гузашта боздошт шуданд. Худи ӯ дар як намоиши телевизионӣ гуфта буд, ҳадафи онҳо таркондани баъзе аз иншооти Душанбе, аз ҷумла бинои Кумитаи амнияти миллӣ ва “шикастани сохтори давлатии Тоҷикистон” буд. Ба гуфтаи Маханов, ӯ соли 2011 ба узвияти Ҳаракати исломии Узбакистон шомил шуда, раҳбарии гуруҳи ҳаштнафараеро, ки муташаккил аз шаҳрвандони Туркия, Қирғизистон ва Узбакистон мебошад, бар зимма доштааст.

Мақомот мегӯянд, Алимурод Маханов то замони боздошташ дар ҳудуди шаҳри Душанбе чандин таркишҳоеро анҷом дода, аз ҳуҷраҳои ба иҷора гирифтаи аъзои гуруҳ аз кӯчаҳои Фучик ва Неъмат Қарабоеви Душанбе ду таппончаи тамғаи Макаров бо тирдон, адабиёти динӣ-ифротӣ, нақшаҳои тарзу усули омода ва таркондани маводҳои тарканда, сару либоси ҷангӣ, ноқилҳои гуногун ва камарбандҳои интиҳорӣ низ ёфт шудааст.

Умед Бобоҷонов, вакили мудофеи Маханов, мегӯяд, рӯзи панҷуми марти соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон баромади айбдоркунандаи давлатӣ ва вакилони дифоъ шунида хоҳад шуд. Дар ҷараёни тафтишот Алимурод Маханов худро қисман гунаҳкор дониста буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ришт ранги риши буз бра Узбакистона сохти давлатдориша вайрон кун чи кор дори ба точико

АХМАД, рост бародар анами бзришо тчра вайрон кардагиян

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)