Талаби сокинони Оқсой, ҳаммарз бо Хоҷаи Аъло, аз вакилон
Сокинони Оқсойи вилояти Бодканди Қирғизистон дар суҳбат бо намояндагони парлумони худ аз афзоиши қочоқи коло ба Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз саргирии фаври сохтмони роҳи алтернативиро талаб кардаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои Қирғизистон, Фраксияи ҳизби “Ота Макон”-и ин кишвар дар Жогорку Кенеш бо раҳбарии Омурбек Текебаев дар доираи як сафари расмӣ озими вилояти Бодканд шуда, бо сокинони маҳаллӣ суҳбатҳо анҷом додаанд. Дар ин мулоқот сокинони Оқсой аз мақомоти худ хостаанд, то оғози киштукори баҳорӣ масъалаи сохтмони роҳи баҳсбарангези алтернативиро ҳал кунанд.
Инчунин, онҳо аз вакилони парлумони кишвари худ дархост кардаанд, ки шумораи кормандони пулис ва марзбонон дар ин минтақаи сарҳадии Қирғизистон бо Тоҷикистон зиёд карда шавад. Дар ҳамин ҳол, вакилони парлумони Қирғизистон аз ҳизби “Ота Макон” гуфтаанд, дар ин робита бояд қонунҳои марбут ба манотиқи марзӣ бознигарӣ шавад, ки ҳатман ин масъаларо дар парлумон ба миён хоҳанд гузошт.
Сокинони Оқсой аз он нигаронӣ кардаанд, ки интиқоли коло, аз ҷумла масолеҳи сохтмонию сӯзишворӣ ва молиданӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ба таври ғайриқонунӣ афзоиш ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |