Назарбоев бо даъвати Путин ба Маскав меравад
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон бо даъвати ҳамтои русаш – Владимир Путин ба Маскав сафар мекунад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кремл, ин сафари Назарбоев ба Маскав рӯзи 10 марти соли ҷорӣ сурат гирифта, қарор аст, ду рӯз идома ёбад.
Кремл сабаби даъват шудани раисиҷумҳури Қазоқистон ба Маскавро баррасии ҳамкориҳои дуҷониба унвон кардааст.
Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Қазоқистон ибтидои моҳи феврали соли ҷорӣ ба хотири иштирок дар 22-умин бозиҳои олимпии зимистона дар Сочӣ ба Русия сафар карда, бо ҳамтои русаш мулоқотеро низ анҷом дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |