Хонандаҳои тоҷик аз Қазоқистон 8 медали нуқра ва 6 нишони биринҷӣ оварданд
Хонандаҳои синфҳои 9-11 аз олимпиадаи фанни риёзӣ, ки дар Қазоқистон баргузор шуд, 14 медал овардаанд.
Тавре аз Вазорати маорифи Тоҷикистон итилоъ доданд, аз ин теъдод 8 нишони нуқра ва 6 медали биринҷист. Олимпиадаи мазкур аз 27 феврал то 3 март баргузор шуда ва Тоҷикистонро 14 хонандаи литсей-интернатҳои президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди шаҳри Душанбе ва Чкалов, Гимназияи Тоҷикистон, Литсейи назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Гимназияи ба номи Темур Собирови шаҳри Ваҳдат намояндагӣ кардаанд.
Ҷои тазаккур аст, ки дар соли сипаришуда мактаббачаҳои Тоҷикистон аз озмунҳои байналмилалӣ 139 медал (24 тилло, 41 нуқра ва 74 биринҷӣ) овардаанд. /size]
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |