Бахшҳо

165 сомонӣ + 140 сомонӣ = “права”-и биометрӣ (ВИДЕО)

Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бо баргузории нишасти хабарие шаҳодатномаи ронандагии биометриро муаррифӣ намуда, зарурати роҳандозии онро шарҳ дод.

Масъулини ин ниҳод рӯзи 4 март дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтанд, роҳандозии шаҳодатномаҳои биометрӣ бар асоси талаботи Конвенсияи Венаи 1968 “Дар бораи ҳаракат дар роҳ” ва тибқи тағйиру иловаҳои вориднамудаи Кумитаи нақлиёти Созмони Милали Муттаҳид сурат мегирад.

165 сомонӣ + 140 сомонӣ = “права”-и биометрӣ (ВИДЕО)Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, дар сурати роҳандозӣ шудани шаҳодатномаҳои ронандагӣ ва ба қайдгирии воситаҳои нақлиёти биометрӣ минбаъд онҳо дар маҷмуъ ба системаи ягонаи иттилоотии БДА (ГАИ) ворид шуда, сохтори марказикунонии додани ҳуҷҷатҳо, муайянсозии шахсият дар қаламрави ҷумҳурӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳо муайян карда мешавад.

Ба иттилои Маҳмадсаид Саидов, сардори Раёсати бозрасии адвлатии атомобилии Тоҷикистон, ин навъи шаҳодатномаҳо дорои 10 дараҷаи муҳофизатӣ буда, аз маводе омода мешавад, ки ҳаргиз фарсуда нахоҳад шуд. Ӯ афзуд, ҳуҷҷати ронандагии биометрӣ бо ду забон -- тоҷикӣ ва англисӣ -- таҳия шуда, ин санад дар тамоми кишварҳое, ки узви Конвенсияи Вена мебошанд, ба кор меояд. "Марказҳои минтақавӣ дар шаҳрҳои бузурги Русия барои додани шаҳодатномаи ронандагӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон боз мешавад",-илова кард ӯ.

Вай инчунин гуфт, бар асоси нархномае, ки аз сӯи Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, сокинон барои дарёфти ҳуҷҷати ронандагӣ 165 сомонӣ ва барои муоинаи техникӣ 140 сомонӣ пардохт хоҳанд кард. Дар ин нишасти хабарӣ муовини вазири умури дохилии Қирғизистон ҳам иштирок дошт ва ба қавли мақомот қирғизҳо барои таҷрибаандӯзии “Шаҳри бехатар” ба инҷо омадаанд.






Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Дар Узбекситон бист сол аст, ки як права ва як паспорт амал мекунад. Паспорти ин кишвар хам дар дохил ва хам дар хорича як аст. Офарин ба кишвари хуччатофарини мо. Права бизнеси ки бошад?
Истехсол ва фуруши хуччатхо ин ягона тичоратест, ки вокеан пеш рафта истодааст ва фоида меорад. Нархи праваи нав чанд доллар боша?

хатто номи агентиро пурра гуфта наметавонад. ё намедонад ки хамин хел идора вучуд дорад

Дилшона нагрифта боша хами прававу паспорт алишкни сози бруки джинс харуз я мода мероран! хами прави навкати бда пора намегирифта боша е авария кам меша!то ихели кардана рох соз кнен

Э бас бдагист охи

То правара алиш кардана страховкара назорат кнен пула мегиран офис кчода боша хечка намедона! Озодагон хами дар бораи Сугуртаи мошинхо ягончи навис пулгиришон дудай мошинта бзан хдт ремон мекни ку сардори сугурта ика пурсен ку хами пули мардм кчодай???

Праваи ман соли 2011 ман бояд алиш кунам???

хамаш фахмо, агар правахо нав шаван, тарзи мошин идоракуни ва садама кам мешава. лекин пораву порагири чи хел мешуда боша.

Бародарон салом!
Иваз кунанд бехтар аст, чун ки праваи "когазини" мо дар Олмон ва Аврупо танхо 6 мох куввати юридики дорад. Ин ро ба ман шахсан макомоти пулис гуфтанд. Худи правахои нав расму сураташ бад нест. Дар инчо хама правахои пластики доранд.

Рахмдил
Хайр фахмо генералхо!!!!!!!!!!!! Дар солои саюз як варакаи одди кати мардум шофёри мекар боз шиками мардум сер буду хам нархо арзон буданд.Генерал мегуяд ки нарха хукумат тасдик кардааст.Охир агар шумо хамон харчномаи пешниходкардагии шаходатномахои ронандагиро арзон пешниход мекардед инро хам хукумат тасдик мекард.Лекин намедонам ки ин чи бало бар сари миллати мо омадааст ки хар руз як фикри нав мекунан ки чи тавр рохи пулкоркуниро ба даст биёран.Охир давлат рооххои пешгирии фаода накша чорабини карда истодааст, ба зами ин боз карор дар бораи паст кардани сатхи камбизоати кабул карда будан .О кучора нигох мекунен конунбароро! намешава ба чои инкадар харчу сарфи зиёдати роххои махалаю дехота обод намоед.То ба кай факт фикри пулкоркунира мекунен.БДА бошад дар кучое ки восит. наклиёт тамба мешаван ба мисли назди бозори Шомансуру садбар Регулировка кунан тамбаи ба вучудомадаро ягон кас нест Бошадам дар пушти кадом тролебус мегарданду ягон коршон маълум нест.Бас будагит , бародаро бас...........

Ozod
Dar Amrico prava 10$ meistad yobedu gired!!!

Ронанда
Худое касе ки аз мардум рохи пулситониро фикр мекунад бачаашро мухочир ва худашро ронанда кун .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)