Бахшҳо
04 мар 2014 12:27Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Худдорӣ аз хариду фурӯши рубли русӣ дар баъзе аз саррофиҳои Душанбе

Бархе аз саррофони шаҳри Душанбе мегӯянд, ба далели якбора коҳиш ёфтани қурби рубли русӣ дар баробари доллару сомонӣ аз хариду фурӯши он муваққатан худдорӣ мекунанд.

Дар нуқтаҳои ивази асъор ба мо гуфтанд, ҳоло 1 ҳазор рубли русӣ ба 127 сомонӣ баробар аст, ки дар муқоиса ба чаҳор рӯзи пеш ҳадди ақал 10-13 сомонӣ камтар мебошад. Дар овезаи нуқтаҳои фурӯши асъор навишта шудааст, ки ҳазор рубли русӣ ба 127-128 сомонӣ харида ва ба 129 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Бархе аз саррофон дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, сабаби якбора поин рафтани арзиши рубли русӣ дар кишвар то ҳол барояшон рӯшан нест. “Бонкҳои кишвар бояд шарҳ диҳанд, ки чаро ин хел мешавад. Ҳоло арзиши рубли русӣ ба доллару евро низ поён фаромадааст”,-гуфтан мусоҳибони мо.

Ин дар ҳолест, ки аксари сокинони Тоҷикистон дар бисоти худ рубли русиро нигоҳ медоранд ва дар сурати зарурати онро ба сомонӣ иваз мекунанд. Зеро бино ба иттилои ғайрирасмӣ ҳудуди ду миллион сокини кишвар дар Русия машғули коранд ва аксари онҳо ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон рубли русӣ ирсол мекунанд.

Муслима, як сокини шаҳри Душанбе, ки ҳоло ҳамсараш дар Русия ба тиҷорат машғул аст, гуфт, аз якбора поин рафтани қурби рубли русӣ дар баробари сомонӣ ва доллар сахт нигарон шудаанд. Ӯ мегӯяд, чанде пештар ҳазор рубли русӣ ба 145 сомонӣ ва аз он ҳам болотар иваз мешуд ва феълан ба 127 сомонӣ поин омадааст, ки барояшон судовар нест.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)