Бахшҳо
04 мар 2014 12:44Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ҳушдор дар мавриди бозпас гирифтани сармояҳои Занҷонӣ... аз Тоҷикистон

Ҳасан Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, боз аз як иттиҳоми нави Бобак Занҷонӣ, тоҷири боздоштушдаи ин кишвар дар Теҳрон хабар дод. Рӯҳонӣ мегӯяд, Занҷонӣ дар баробари гирифтани нафти хом аз ҳукумати пешини Эрон, инчунин, пули нақд низ мегирифтааст.

Ӯ аз он нигаронӣ карда, ки ҳукумати Маҳмуди Аҳмадинажод бидуни ягон фикру андеша пули нақд ва нафти хомро дар ихтиёри Занҷонӣ гузоштааст: “На ин ки нафти хом доданд, дасти як одам, то барад фурӯшад, балки пули нақд низ ироа кардаанд, то бибарад, қарзи давлатро супорад.” Раисиҷумҳури Эрон ин амали ҳукумати пешини кишварашро дур аз мантиқ ва ахлоқи инсонӣ хонда, мегӯяд, чӣ гуна мешавад, як шахс азобу ранҷ ва машаққат кашаду иддае тариқи ҳилла пулро соҳиб шавад.



Дар ҳамин ҳол, Юсуфиён Мулло, узви нозири Маҷлиси Эрон дар ситоди мубориза бо фасоди иқтисодӣ мегӯяд, ҳукумати Аҳмадинажод дар ихтиёри Занҷонӣ пули нақд ва евро низ гузоштааст. Ӯ дар мавриди сармояҳои Бобак Занҷонӣ дар хориҷ аз кишвараш, аз ҷумла Тоҷикистон гуфт, “мо комилан ҳаққи бозпас овардани ин сармояҳо ба Эронро дорем, ки алакай баъзе корҳо сурат гирифтааст. Албатта, интизор буд, дар аввал худи тоҷир ҳамкорӣ кунад, вале ин корро анҷом надод. Ба ҳар ҳол давлати Эрон пули худро пас хоҳад гирифт.”

Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли гузашта дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Занҷонӣ миллардери эронист, ки ба қавли худаш дорои беш аз 70 ширкат, аз ҷумла “Аввалин бонки сармоягузори исломӣ” дар Малайзия, саҳмдори ширкати ҳавопаймоии “Анур” дар Туркия ва “КонтБонк” дар Тоҷикистон, мебошад.

Қаблан мақомоти Эрон эълон карда буданд, ки Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад. Ин миқдор пуле, ки миллиардери эронӣ гуфтааст, онро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳам анҷоми як чунин амалиёт тавассути ин бонкро расман рад кард.

Номи Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ замоне дар Тоҷикистон маъруф ва сархати расонаҳои хабарии кишвар қарор гирифт, ки сармояҳои ӯ вориди Душанбе шуд. Дар Тоҷикистон ҳоло ду тарҳ, ширкати “Осиё Экспресс”, соҳиби нави автовокзали пойтахт ва бонки «Kont Investment Bank», ки қароргоҳаш дар Душанбе мебошад, ба Занҷонӣ марбут дониста мешаванд. Ахиран, парлумони Тоҷикистон низ бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни буҷа барои соли 2013 ширкати “Контгруп Тоҷикистон”-ро, ки зери тамғаи “Осиё Экспресс” фаъолият мекунад, аз пардохти 7 миллион сомонӣ озод кард. Қаблан низ парлумон ба ин ширкат сабукиҳоро ироа намуда буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Чуч
Таёритона бинен Афтобусои навтона кати Самолётои нави авиакомпанияи "Азиа экспресс эйр"- ра хамаша Эрон мегира!!!

zohir
холо чи проблемха ки сар шавад.бонке Занҷонӣ зияда аз 100 милён доллар би бонкхоя тайикистан хомчон гхарз дада.хммаые ина ра Эрон талаб миконад.

Сергей
Шармандахо!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)