Бахшҳо
04 мар 2014 15:40Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

1 арчаю 2 садбарг ва ҷамъоварии 10 сомонӣ дар мактаби президентӣ

Масъулони боғчаҳои бачагонаи шаҳри Хуҷанд аз волидон хостаанд, ки ҳар кадом дар алоҳидагӣ як арчаву ду гули садбарг биёранд. Ин иқдом дар пайи маъракаи шинондани гулу ниҳолҳо дар кулли манотиқи Тоҷикистон гирифта шудааст.

Дар Раёсати маорифи вилояти Суғд ба хабарнигори “Озодагон” гуфтанд, “воқеан ҳам, ба макотиби миёнаву кӯдакистонҳо супориш шудааст, ки барои ободу зебо нигоҳ доштани гирду атрофи биноҳои худ, аз ҷумла, шинонидани ниҳолу гул, саҳм гузоранд. Вале он на аз ҳисоби буҷаи волидайни толибилмон аст ва набояд маҷбурӣ ҳам бошад.”

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи модари яке аз донишомӯзони мактаби президентии шаҳри Чкалов, ки аз гуфтани номаш худдорӣ намуд, дар мактаби мазкур низ барои шинондани ниҳол аз толибилмон 10 сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ намудаанд. Вале ба қавли ӯ, “баъдан боз маблағи ҷамъовардаро ба талабаҳо баргардондаанд”.

Як манбаи мӯътамад аз Раёсати маорифи вилояти Суғд ин ҳодисаро ба хабаргузории “Озодагон” тасдиқ намуда, қайд кард, ки “чунин ҳолат воқеан ҳам буд, вале танҳо дар 2 синфи мактаби президентӣ, ки он ҳам бо иқдоми худи кумитаи падару модарон баҳри ободу зебо нигоҳ доштани атрофи мактаб гирифта шудааст, на бештар аз ин”.

Дар зимн, ба қавли манбаъ, бо иқдоми ҳукумати вилояти Суғд он маблағҳои ҷамъовардашуда аз нав ба волидайни толибилмон баргардонда шудааст, вале гӯиё сарвари мактаби мазкур аз ҷамъоварии ин маблағ огоҳ набудааст, дар ҳоле, ки бархе аз падару модарон аз чунин иқдом изҳори норизоӣ мекунанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ВОЙ ДОД
БА ВАХДАТ БИЕ ДАРКОЛЕЧИ ОМОР ПУЛЧАМКУНИРА БИНЕ ДОД АЗ ДАСТИ ИНО БА КИ МРОЧИАТ КУНЕМЮ.

Факат пул чамъ мекунаду БА гардани волидон мемонад. Кай БА доди волидон мерасида бошад? Бас будагист аз номи макомотхои вилоятиву чумхурияви гап зада маблагситониданхо...

Шоҳон
Парво накунед дӯстон пас аз як ду моҳ барои шоҳбулутҳои гирду атрофи пойтахт ҳам ҳадди ақал 20см ҷамъ мекунанд.,
,

Шарм надошта мегун гардонда шуд.амри маориф бо оби тилло навишта мешавад бечора муалимора ранги гадой карден ба талаби сум чам кунитон хар маслис сум сум дига гап надоран шарм кунен шуьба гадои на маориф

Падар
Як бор ба мактабхои Душанбе сар занед, бинед чихел аз талабахо пул чамъ карда истодаанд. Лекин гуям ки хамин сахари аввалин гапе ки муалимхо ба талабахо мегуянд ин аст ки ба хеч кас нагуед ки мо пул додем, ин авалин таъсиррасонии бад аст ки талаба аз муалим дуругро ёд мегирад фирегар мешавад яъне мешавад кореро ки кардаи осонака гуи ки накардам, пора гири гуи ки нагирифтам. Истимос Падарону модарони бечораро аз иди 8-уми март халос кунед ки акнун муаллимахо маслихат карда ба синфхои якдигар медароянду ба талабахо мегянд ки ба муаллима падарка харед, Илтимос хамин чугигиро ба фарзандолни мо ёд надихед ин талбандаги аст. Охир ин рузи модар аст на рузи муаллима. Ба чои ин шумо ба талаба ёд дихед ки чи хел модари худро эхтиром кунед.ВАзорати маория хар вакт пулгирию пулчамкуниро рад мекунад вале ин боз ба руи сухта намкоб яъне руи рост дуруг мегуяд, магар ки накмдеонад ки дар мактаб пул чамъ мекунанд. Хатто муалимхое хаст ки талабхоеро ки сари вакт пул намеорвнд дар пеши хамсинфон тахкиру камбагалу бечора мегуянд ки аййни хамокат ва беимонии муалимро нишон медихад ки ин сабаб шудааст чанди талаба даст ба худкшуию ё тарки мактаб занад, Бас кунед ин чугигиро айб аст айб.

шахрванди бечора
Акнун дигар хочати гап нест. Мухтарам вазири маориф ба кавли бародар Ibrohim шуъбаи маориф не шуъбаи ГАДОИ. як бор чаро назорат намекунед? як бор омада холу ахволи хонандагони мактаби тахсилоти миёнаи умумии №5 шахри Душанберо бубинед. Аз барои савод ин чи чабр аст бар сари мо мардум? муаллим дар ин мактаб аз фани давлат ва хукук дарс медихад гарданакзада мегуяд ки ман соли гузашта 12 нафарро аз синфи 9-хуми галтондаги будам имсол ниматона гум мекунам гуфта бечорахо бачахоро метарсондааст. боз мегуфтааст ки ман на аз вазират метарсаму на аз президентат. охир ин чи гап аст аз як муалими фани давлат ва хукук? соли гузашта як бачаро аз синфаш галтонда буданд. бечора бенихоят зиндагиашон вазнин ба русия рафтааст. баъд аз 6 ё 8 мох кудаки бечораро мурдаашро оварданд. охир кани пешгирии ноболигон тарки ватан карданашон? охир кани тарбияи насли наврас? барои 8 март баъзан 35 баъзанхо 50 сомони аз бачахо чамъ мекунанд. ба писарам гуфтам ки чаро инкадар маблаги калон талаб мекунанд. мегуяд ки 15 муаллимахоро хам бо духтаронамон табрик кардан даркор ва боз ташкили бояд бикунем. гуфтам охир ин ки манъ аст. мегуяд очачон агар накунем чап мегиранд муаллимон имсол синфи 9 хастем мегуянд ки мегалтонанд аз синфамон. охххххх дод аз дасти муалимахои ГАДОИ маориф. хам писарам хам чиянам дар синфи 11 Б хамин мактаб мехонанд инхояш мегуянд ки рохбари синф мегуяд ки пули телевизор биёреду пули ремонт. гуфтам охир шумо тамомкунанда хастед чаро телевизор ремонт пул мепурсанд? рохбари мухтарами ин синф мегуфтааст ки барои синфхои 11 соли оянда даркор мешавад. мегуянд ки очачон охир хар рух хай хаю хоп хоп мекунанд ки агар касе чизе гуяд дафаш мекунем аз мактаб. Эхххх Худочон кучост мехр кучост инсоф? намедонам чи кор кунам охир. гуфтам назди директори мактаб меравам харду зораву тавало карданд ки очачон мерави моро чап мегиранд дар мактаб муалимон. харчанд дар хама мачлисхо директор таъкид ба таъкид мегуяд ки пул надихед барои ину он агар пурсанд. лекин охир хама хамсояхо мегуянд ки бале аз фарзандони мо хам мепурсанд лекин чи илоч мегуянд ки агар надихед дарс намеравем чунки муаллима аз дарс пеш мекунад ки то пули фалон фалон чизхоя наори ба дарс надаро. ана пешгирии корупсияву мана коррупсия. агар назорат хам шавад бовар дорам ки пинхони ин кор давом меёбад. чунки талабахои бечора дигар илоч надоранд. волидайн гап занад фарзандашро ба хар бахона аз мактаб меронанд!

ноумед
озодагони мухтарам ба ш.Сарбанд биё омузгоронро аз 50 то 250 сомони мачбуран обуна карданд.ин бас набуд ки боз аз маоши мохи феврали 30 сомони барои мачалаи Нури Сарбанд гардонданд.омада аз молия ва шуъбаи маориф пурсон шавед.Ба доди омузгорон расед.Илтимос.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)