Бахшҳо

"Дар узбакшавии тоҷикон на танҳо туркгароён, балки русҳо ҳам даст доранд"

Саиди САЪДӢ

ОМИЛҲОИ УЗБАКШАВИИ ТОҶИКОН ЧИСТ? (1)

Хулоса, ба афроде, ки худшиносии миллиашон чандон баланд нест ва тарбияи амиқи меҳанпарастӣ ва эҳтироми забони модариро нагирифтаанд, ҳар як масъалаву монеаи душвор, ҳар як камбуду нуқсон ба онҳо баҳона мешавад.

Баъзе афрод гӯиё далел пеш меоранд, ки чун коллеҷу донишгоҳҳо ҳама ба забони узбакист, бояд мактаб ҳам узбакӣ бошад. Ба фикри онҳо, агар фарзандонашон дар мактаб тоҷикӣ хонад, баъдан дар коллеҷу донишгоҳҳо азоб мекашидаанд, яъне агар тоҷикӣ хонанд, забони узбакиро ёд намегирифтаанд. Ин ҳам аслан як баҳона аст ва бунёди қавӣ надорад. Чунки дар мактаби тоҷикӣ забонҳои узбакӣ, русӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ омӯзонида мешаванд.

Хусусан, барои тоҷикон омӯхтани забони узбакӣ осон мебошад. Зеро 40-50 дарсади захираи луғавии забони узбакиро вожаҳои аслан форсӣ ташкил медиҳад. Донишомӯзон ҳанӯз дар мактаб дар ду-се сол забони узбакиро мукаммал аз худ карда метавонанд. Солҳои қабл низ забони таҳсил дар техникуму донишгоҳҳо узбакӣ ва русӣ буд. Вале се-чор даҳсола пеш ин гуна баҳонаҳо вуҷуд надоштанд. Дар оянда агар теъдоди мактабҳои тоҷикӣ зиёд шавад, шояд дар коллеҷҳо гурӯҳҳои тоҷикӣ ташкил шаванд.

Ба ғайр аз ин сабабҳо дар ин масъала гумоне ҳаст, ки баъзе ашхоси мансабдори пантуркист ва миллатгаро низ даст доранд. Онҳо муғризона ба тариқи шифоҳӣ махфиёна ва бидуни эълону фармонҳо нияти нопоки худро амалӣ мекарданду мекунанд. Он сабабу омилҳое, ки ман дар боло дар ин маврид қайд кардам, асосӣ ва ҷиддӣ нестанд. Инҳо танҳо бештар ба баҳонаҳо шабоҳат доранд. Сабабу омилҳои асосӣ ва жарфе ҳастанд, ки моҳияту мӯҳтавои ин падидаи ногувори миллиро ҳувайдо мекунанд.

Чунон ки зикр намудем, бештар аз 90 дарсади тоҷикони Хуросони шимолӣ (бавижа Самарқанду Бухоро ва дигар навоҳии тоҷикнишин – С.С.) дар шиноснома (паспорт) мансубияти миллиашон ғалат, яъне ҳамчун узбак қайд шудаанд. Барои баррасӣ ва таҳқиқи муфассали ин қазияи фоҷиабор мавриди алоҳида лозим аст. Мо дар ин ҷо барои тӯл накашидани сухан баён мекунем, ки ин падидаи нохуш дар солҳои 20-уми асри ХХ ибтидо ёфтааст. Дар соли 1926 бо дасиса ва амалкарди иҷбории пантуркистон аввал дар асноди расмӣ ва баъдан дар шиносномаҳо бахши бузурги миллати тоҷик узбак навишта шудаанд. Дар ин амали нангин мардум гуноҳе надоранд. Дар замони ҳукмронии режими мустабиди Шӯравӣ халқи тоҷик бавижа аҳолии Самарқанду Бухоро каму беш шуури миллӣ дошт.

Албатта, ин хештаншиносии миллӣ ба дараҷаи ибтидоӣ буд, он чандон рушд наёфта буд. Бисёр одамон, хусусан, аҳолии шаҳрҳои мутамаддини Самарқанд, Бухоро ва баъзе навоҳии дигар бартарии фарҳангии худро дар муқоиса бо узбакони кӯчӣ хуб дарк мекарданд ва ҳеч мумкин набуд, ки бо ин руҳия худро бо мардуми саҳронишин яксон шуморида, хешро ҳамчун узбак муаррифӣ кунанд. Яқин аст ва ин чиз собит шудааст, ки ин зулму ҷиноят дар ҳаққи тоҷикон иҷборӣ сурат гирифтааст. Аз бисёр одамон ҳатто миллаташро напурсида, дар аснод узбак қайд мекарданд. Дар ин ҷинояти зиддининсонӣ на танҳо туркгаройҳо ва баъдан шовинизими узбакӣ балки давлати имперотурии Русия низ муқассир аст. Зеро ҳамин пантуркистҳо дастнишонда ва мутеи давлати абадқудрати Русия буданд. Ҳукумати Русия аз ҳамаи он ҷиноятҳои тоҷикситезии туркгаройҳо комилан огоҳ буд. Вале барқасд аз ин амалҳои зиддибашарӣ чашм мепӯшид ва худро ба нодонӣ мезад.

Сиёсати давлати имперотурии Русия бо сарварии И.В.Сталин ин буд, ки тоҷиконро нотавон, заиф ва парешон нигоҳ доранд. Дар ин масъала дар оянда дар як пажӯҳиши алоҳида аниқтар ва муфассалан андешаронӣ хоҳем кард. Дар Душанбе ва дар баъзе маҳалҳои дигар бархе аз афрод ба масъалаи шиносномаҳои мардум дахл карда, чунин мепиндоранд, ки агар ин мардум дар паспортҳои худ миллатамонро узбак навиштаанд ва бо ин рафтори нангин ба миллати хеш хиёнат кардаанд. Ин қабил ашхос сабабу моҳияти ин падидаи ногуворро жарфтар ва комилтар наомӯхтаанд ва бинобар ин аз асли қазия бехабаранд. Ин гуна афроди ноогоҳ моҳияти мавзӯъро амиқ дарк накарда, ба он аз даричаи танги шуури музофотӣ ва маҳаллии хеш назар медӯзанд.

Дар ин маврид низ эҳсосу хислати маҳалгароии эшон ба зуҳур меояд. Агар дар соли 1926 тахминан 70 дарсади тоҷикони Хуросони шимолӣ дар аснод узбак қайд шуда бошанд, ҳоло ин рақам ба ҳисоби миёна ба 90 дарсад расидааст. Яъне узбакгардонии тоҷикон дар солҳои баъд аз санаи 1926 низ идома доштааст. Дар ин ҷо мо ҳисоби миёнаро гуфтем. Ва ҳол он ки ин рақам дар баъзе маҳаллаю деҳот (бавижа, дар шаҳр - С.С.) то ба 98-99 дарсад афзудааст. Пантуркистҳо ва давлати импературии Русия бо ин амали мудҳиши худ маҳви маънавии як бахши калони миллати тоҷикро пешбинӣ карда буданд. Дар табиат ва ҷомеа ҳар ҳодиса сабаб дорад. Ҳукуматдорони замон хуб медонистанд, ки ин ҷинояташон ба чӣ хоҳад анҷомид. Ғалат сабт шудани мансубияти миллии 3-4 миллион тоҷик заминаро барои маънаван нест кардани онҳо муҳайё мекунад.

Миллат, ки рӯҳан ва маънаван маҳв шуд, тадриҷан забони модариро низ гум мекунад. Дар тарафи шимоли Самарқанд деҳаи калоне ҳаст бо номи Узбаккетти (ё кенти). Ин деҳа асосан ба ном тоҷикнишин буда, таърихи садсола дорад. Дар замоне аҷдоди онҳо аз Нурато, Панҷакент ва шаҳри Самарқанд муҳоҷир шуда омада, ба ин рустои навбунёд асос гузоштаанд. Ҳоло дар ин деҳа 5 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Сокинони деҳа аслан саросар ҳама тоҷик бошанд ҳам, аммо мактаб аз аввал узбакӣ буд. Дар паспорташон ҳам қариб аксаран узбак қайд шудаанд. Дар солҳои охир бисёр бошандагони ин русто байни худ ба забони узбакӣ ва бо сокинони шаҳр бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд. Яъне, дар пеши чашми мо дар ҳоли ҳозир ба узбак табдил шудани аҳолии ин деҳа ба амал меояд. Ин раванд ва рӯйдоди ногувор натиҷаи ҳамоно дар шиноснома узбак қайд шудани аҳолӣ ва узбакӣ будани мактаб аст.

Кӣ кафолат медиҳад, ки фардо ин ҳолу вазъи ногувор ба сари дигар деҳаҳо ва маҳаллаҳо намеояд? Хусусан, дар айёме, ки ба ин масъала касе ба ин одамон аслан тоҷик ва дар шиноснома ғалат қайд шудани мансубияти миллии одамонро тавзеҳ надиҳад, онҳоро дар рӯҳи миллӣ парвариш намекунад. Мардуми авом аз таърихи чӣ гуна ғалат сабт шудани миллати худ дар шиносномаашон огоҳ нестанд. Дар ин бора на китобу мақолае хондаанду на аз касе чизе шуданидаанд. Бинобар ин, онҳо фикр мекунанд, модом ки дар паспорт миллаташонро ҳукуматдорон узбак навиштаанд, пас ин дуруст аст. Зеро ин ҷо Узбакистон аст. Модом ки дар Узбакистон зиндагӣ мекунанд, пас ҳама узбаканд. Ва ҳол он ки 70-80 сол қабл ҳамин мардум хешро тоҷик муаррифӣ мекарданд ва қавми узбакро аз худ поинтар медонистанд. Хушбахтона, ҳоло ҳам бисёр одамон худро тоҷик медонанд новобаста ба ғалат сабт шудани мансубияти миллиашон. Вале ба ҳар ҳол иштибоҳи сабти миллат дар шиноснома ва узбакӣ ё русӣ таҳсил кардан дар дабиристонҳо одамонро кам-кам аз ҳуввияти миллиашон дур мекунад.

Чунон ки дар боло қайд кардем, дар солҳои бозсозӣ, яъне нимаи дуюми солҳои 80-ум ва солҳои аввали даҳаи 90-уми асри ХХ-ум шуури миллии тоҷикони Хуросони шимолӣ (аз ҷумла дар Самарқанд, Бухоро ва баъзе манотиқи дигар) боло рафт. Зеро як гурӯҳ ватанпарастони тоҷик дар байни аҳолӣ корҳои тарғибу ташвиқотро пеш бурданд. Масалан, ба бахши бузурги аҳолӣ чӣ гуна ғалат сабт шудани мансубияти миллиашонро фаҳмонданд. Бино бар ин, ҳоло бисёр афрод моҳияти ин масъаларо дарк кардаанд. Ба назар чунин мерасад, ки теъдоди чунин ашхоси огоҳ ба 30 дарсад мерасад. Чунон ки мебинем, ҳоло ҳам 60-70 дарсади бошандагони ин марзу бум аз ҳақиқати ҳол бехабаранд. Масъалаи таҳсил ба забони модарӣ дар мактаб ва проблемаи шиноснома аз масоили ҳамагонист. Ин масъаларо бояд ақалан 60-70 дарсади миллат бидонанд ва ба он омода бошанд. Бо ин 30 дарсад масъаларо наметавон ҳал кард.

Баъд аз ба истиқлолият расидани ҷумҳурӣ корҳои таблиғу ташвиқ ва умуман муборизаи миллӣ хеле заиф шуд. Бархе аз пайкору талошҳо даст кашиданд. Гӯиё андак тарсида, майдони муборизаро тарк карданд. Баъзеҳо дар ин муддат вафот карданд. Хулоса, миллату забони модарӣ ба ҳоли худ гузошта шуд. Дуруст аст, ки дар баъзе мактабҳои деҳот бархе аз ашхоси огоҳ каму беш дар ин бобат кӯшиш карданд. Лекин бештари рӯшанфикрон аз ҷумла омӯзгорон ба тақдири забони модарӣ ва миллат бепарвоӣ зоҳир мекунанд. Хуб аст, ки аз байни ин рӯшанфикрон афроди нисбат ба забони модар ғамхору дилсӯз бисёранд. Аммо ин таваҷҷӯҳу эътибори онҳо дар сухан зоҳир мешавад, на дар амал. Бисёре аз ин муаллимон роҳҳои мубориза ва чӣ гуна таблиғот бурдан дар байни мардумро намедонанд. Зеро таҷрибаи ҳаётӣ ва дониши сусту яктарафаи эшон ба ин имкон намедиҳад. Мардуми авому ноогоҳ ҳам чун мебинад, ки дар шиносномаҳо узбак қайд шудааст, табиист, ки дилаш ва рӯҳаш аз миллату забони модарӣ сард гашта, ноогоҳона ба сӯйи хиёнати миллӣ по мегузорад. Зеро ӯро на падару модараш ва на муаллимаш дар рӯзгори худ дар рӯҳияи миллатдӯстӣ дуруст парвариш накардаанд.

Дар ин масъала ин мардумро тарбияи амиқи маънавӣ ва миллӣ додан зарур аст. Лекин омӯзгорон – тарбиягарон дар ин соҳа худ ба парвариш эҳтиёҷ доранд. Дар баъзе мактабҳои шаҳр, ки чанд даҳсола ин тараф комилан узбакӣ шудаанд, бархе аз муаллимон ба донишомӯзон таблиғ мекарданд, ки дар оянда дар паспорташон худро узбак нависанд. Зеро бо ин амал ояндаи хешро таъмин мекардаанд ва ин зарур будааст. Яъне омӯзгор шогирди худро ба ҷодаи хиёнат ва миллатфурӯшӣ ҳидоят мекунад. Хулоса, шиносномаро аз омили умдаи инқироз ва кунд шудани хештаншиносии миллии халқ бояд донист.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Бигзор точикони шуравии Самарканду Бухоро бешуур будан вале онхо кай шуурнок мешаванд ки точик шаванд, инаш аламовар

Ба таваччухи "Озодагон" як масалаи дигарро хам пеш гузоред! Дар ш. Истаравшан, Спитамен, н. Шахристон, ...г фазои иттилоотиашро ТВ-хои Узбакистон ихота карда гирифтааст... 6-то шабакаи Тв-аш, 8-то шабакаи Радио-иаш. ТВ1 (Узбекистон) Тв- Тошкент, ТвЁшлат, ТвНаво, ТвКинотеатр, ТвСпорт, пештар ТвМ, ННТ, СОФТТС,
Радио: радиоиУз, радиоЁш, РадиоТош, машъалРадио,..ва г... Ин хама Тв-у Радиои кишвархои хамсоя ба тафаккури ахоли таъсири худро гузоштааст...
Агар шумо омада аз дилхох кудаки 7-8 сола хунармандони Уз. ва тв-у киноашро пурсед дар хол чавоби мусби мегиред...аммо хунармандону, кинову(тв-хоро медонанд..ТВБ,ТВТ, ТВС.) радиои Точикистонро пурсед хеч гох чавоби мусби намегиред...инро бо чашми худам дидаам.. Шояд ба гуши масъулин бирасад...

ГАМИ МИЛЛАТ
Мор хам метавонем , ки сатхи точикшавиро баланд гузорем чунки дар точикистон узбекхо зиёданд. кор ва факъолият мекунанд. амммо мо ин корро намекунем .... мо хам метавонема он макктабхои бо забони узбеки бударо ба точики табдил дихем ... халки точик аз замонхои пеш мардуми дурандеш ва сохибмарифату сохибфарханг мебошад ва хеч гох ба ин даст намезанад чунки у бо халкияти узбек аз солхои пешин дуст буд ва ба дуст хиёнат намекунад ТОЧИКИСТОН СУЛХРО ДУСТ МЕДОРАД

Ба таваччухи "Озодагон" як масъалаи дигарро хам пеш гузоред! Дар ш. Истаравшан, н. Спитамен, н. Шахристон, ...г фазои иттилоотиашро ТВ-хои Узбакистон ихота карда гирифтааст... 6-то шабакаи Тв-аш, 8-то шабакаи Радио-иаш. ТВ1 (Узбекистон) Тв- Тошкент, ТвЁшлат, ТвНаво, ТвКинотеатр, ТвСпорт, пештар ТвМ, ННТ, СОФТТС, Радио: радиоиУз, радиоЁш, РадиоТош, машъалРадио,..ва г... Ин хама Тв-у Радиои кишвархои хамсоя ба тафаккури ахоли таъсири худро гузоштааст... Агар шумо омада аз дилхох кудаки 7-8 сола хунармандони Уз. ва тв-у киноашро пурсед дар хол чавоби мусби мегиред...
Аммо хунармандони Точику, кинову(тв-хоро медонанд ТВБ, ТВТ, ТВС) радиои Точикистонро пурсед хеч гох чавоби мусби намегиред...инро бо чашми худам дидаам...шояд ба гуши масъулин бирасад то сифатхои барномахои Тв-ро хуб кунанд...

Хушдил
Тамаддуни офаридаи Точиконро на узбакхо ва на русхо таъгир дода метонанд. Мерасад рузе, ки Самарканд ва Бухоро ба сохибонашон бар гарданд!!!!

Tojik
Ба хукумати ЧТ пешниход мекунам, ки ба хамаи истикоматкунандагони шахрхои Самарканду Бухоро шахрванди ва шиносномаи ЧТ дода шавад.

На балки ба точикони Самарканду Бухоро, балки ба тамоми мардуми Узбакистон паспорти точикиро бояд арзонй дошт. Ва барои амалй шудани ин накша аз Иттиходи Аврупо кумак пурсед! Чй гуфтед гурдадорону сиёсатмадорони Точикистон! Рухи ману дигар абармардони порсигуро шод намоед

Сафар
Мо аввалан худамонро cозем.Охир ин чи гуна давлат ки,дар баъзе нохияхо макта ббачагони точик дар мактабхо аз cабаби набудани мактаби точики дар cинфхои узбаки!!!!!!!!! мехонанд!Бархе аз гуруххои туркпарасти наздик-ба-хукумат ба таърифу тавсифи Абдулло Гулени турк ба таври ошкоро машгул хастанд.Лицейхои турки бошад сад фоиз чанбаи тарбияи турки доранд!Баъзе бехабарон мегуянд,ки ин тавр нест!Хамин тавр аст!Турк дар-болоят якбора-"Мен-турк" намегуяд.Ин корро охиста пеш мебарад!Адовати-бадбинии мардуми иронинажодро пардаи мазхби низ хамин душманони чандинасраи точик тавассути тавассути муллохои чалласавод рохандози карда истодаанд!Боз хамон картаи соли 24 ва руй гардонидани точикро аз руи бефахми ва беномусии миллияш руи об бароварда истодаанд!Аламовараш ин аст,ки сиёсати сохаи маорифи туркхо аз хис оби маблагхои халки-точик-рохандози карда истодаанд.Худи Туркия як танга барои литцейхои турки чудо намекунад!Дар худи Туркия маколахои зиёде оиди турк будани точик(худой сагамро турк накунад)чоп карда,хатто маколахо низ чоп гаштаанд,ки дар удабои беакли турки хисоб кардаанд,ки гуё 65 фоизи ахолии Точикистон туркзабонхоянд ва боки мондани номи давлат бо номи Точикистон шоистаи ин кишвар набуда он бояд Туркистон бошад!
Сабаби-хамаи cаркуб кардани точик аз тарафи туркхо дар туркхо дар cолхои-92-93 аст на чизи дигар!Точик то имруз сохибдавлат нест!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Як накли очиби рух додаро мегуям... тахкир бошад хам каме хандаовар аст...
Солхои 1935 дар Самарканд бисёр ахолиро мачбури шиносномахояшонро Узбак мекарданд... Як мард ду пой дар як муза истода... Не ман точик, точик мемонам гуфтааст... Писаронаш илтимос кардиянд, ки моро бурда махкам мекунанд не нагуед... Аммо мард хамоно не мегуфт... Баъдан дар вакти пиронсолиаш сахт бемор шудаасту эхтимол бифавтад... Аз чояш ба писаронаш илтимос кардааст, ки шиносномаи маро бурда миллатамро Узбак нависед ! Хама хайрон дар вакташ мачбур карда буданд не гуфта буд... Сабаби ин кори падарро якчо мепурсанд: -Падар чаро шумо интавр мегуед?
ЭХ фарзандонам умри ман кам мондааст шояд имруз ё фардо бимирам, барои хамин ба чои як Точик як Узбак бимирад хуб нест? Илтимос чоп кунед!

Биёед сари як масала биандешем! Вакте ман дар сафар ба дилхох шахру нохияхои Узбекистон назар мекардам... Ходисаи ачибро медидам...
Агар аз кучахо гузар мекардам...аз баъзе хона садои Шабнам, Чонибек, гр. Эхсон, С. Отаев.(аз Хучанд) Мехрубон, Садриддин, вактхои охир Нозияро мешунидам... Акнун фикр кунед бо воситаи Китоб, рузнона, суруд, кино боз мешудас хисси милли точикони ончоро нисбати забону фархангашон баланд бардошт...

Як коргардони машхур Кеймерон, бароям гуфта буд: -...бо воситаи Кино мешавад миллатеро аз байн бурда...ва миллатеро пуркувват кард... Ана хамин ВАО ва низоми сиёси Узбекистон точикони Уз-ро нисбати миллаташон дилсард кардааст... Агар як чизи шунидаву дидаамро бигуям шояд бовар накунед... Як руз дар як шабакаи Тв-уз барнома дар бораи Алишер Навои мерафт... Ончо аник чи гуфт нафахмидам аммо дар кадр Сурати С. Айни..буду мегуф: С. Айни бобомиз ...дедиларки... Яъне С. Айни бобоям мегуянд ки... Ин дар холе аст, ки харруз Беруниву Синоро узбек мегуянду бобо... Чаро зиёиёни (г...) мо хомушанд охир.

Ба беномус..
Э беномус! точик будани тую узбак будани ваё мефахми ту дар паспортат точик хаст аммо тамоми зиндагиат аз либоспушиат сар карда ба хурдану гаштану харф заданат хама мугулвор аст аммо онхо танхо дар паспорташон узбак аст ки дер ё зуд ин масала хал мешавад.. аммо ту бефарханг фикр немекуни ки хамин Точикистона 70 фоиз кадрхои бехтаринаш холо хам точикони замони шуравии самарканду бухоро хастанд.. кучахои душанбеда кадам зан ва дохили академияу донишгоххо рав .. ва хато хамин хонаводахои шахсиятхои маъруфи динии Точикистон хам хамаги сад сол пеш аз унтарафхо кучида омадаанд чанд бор ин гапа Эшони Нуриддин хам гуфт .. ту дохундая мулло кардаанд..ин хел сафсатахо нагу..вакту соати хамма чиз мерасад.. ту зуд хубихои мардуми Самарканду Бухороя фаромуш накун..фаромуш карди дохили кабр ба ёдат хоханд овард..Номус,

Zbs
Ин хама аз тарсугиву беиродагсит, дигар хамааш як кушиши худсафедкунис на чизе беш.охир як казоват кунед, чухудхо 2000 хазар сол бе ватан дар байни дигар миллатхо зиндаги кардан, хам забон хам расму русумашонро гум накарданд!! Вакте ирода на бошад, гурур набошад, ягон чиз ин беиродагиро наметовонад рост, кунед. Агар дагал бошад узр, аммо ин хакикат АСТ, чи илоч,аз мост, ки бар мост!

id
mekhoham dar borai in merosi ajdodi sharhi bisyordihed siposguzoram salomatboshed

ci
Barodar said gapoma khushru chop kun
ma az nohiyai temurmalik hastam millatam uzbek shumo megen ki dar samarkand tojikora uzbek kadestan neki namegui ki yo namenavisi ki dar nohiyai temurmalik karib ki 30 ta maktaba majburi tojiki kadan oyo kuren shumo i masalohora binavisen
chem davlati digada kordor shidanda

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)