Бахшҳо
06 мар 2014 12:00Тоҷикистон / Сиёсат

Иқтибоси Кабирӣ аз гуфтаҳои Ленин дар бораи инқилоб

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз суханони Ленин иқтибос оварда мегӯяд, заминаи инқилоб замоне пайдо мешавад, ки дигар ҳукуматҳо қудрати идора ва ислоҳи худро надоранд.

Раиси ҲНИТ рӯзи 5 март дар суҳбат бо фаъолони ҳизбаш дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ гуфтааст, “Ленин дар бораи омилҳои инқилоб гуфта буд, “когда верхи не могут управлять по прежнему, а народ не хочет жить по старому, создается перед революционная ситуация.” Муҳиддин Кабирӣ таъкид кардааст, танҳо роҳи берун рафтан аз ҳолатҳои пешазинқилобӣ ва ҳифзи суботу оромии кишвар сари мизи гуфтушунид нишастани ҳукумат бо мухолифин аст: “Ин ҳолатро танҳо бо гуфтугӯ мешавад, ислоҳ кард.”

Раиси ҲНИТ муносибати сарди Ҳизби ҳокими халқӣ – демократии кишвар (ҲХДТ) бо аҳзоби мухолифро дар таҷрибаи оппозитсионӣ надоштани он рабт медиҳад. Ӯ мегӯяд, “коммунистҳо, ки тӯли 70 сол ҳукумат доштанд, ҳоло дар сафи мухолифин қарор дошта, камбуди худро нав эҳсос кардаанд. Инсон вақте сари қудрат аст, нигоҳаш дигар аст, аммо чун аз қудрат меравад, баъд дарк менамояд, ки дунё дигар будааст. Бигзор, ҲХДТ ҳам таҷрибаи оппозитсия буданро бичашад, ки оппозитсия будан, яъне чӣ.”

Муҳиддин Кабирӣ дар идома аъзои ҳизби худро ба хештандорию хушбинӣ даъват карда гуфтааст, то ҳадди имкон таҳаммулпазир бошанд: “Мо набояд, нисбат ба ҳама раванд бо назари манфӣ нигарем. Вазифаи оппозитсия ислоҳ кардану роҳ нишон додан аст, бинобар ин бояд талош намоем, ки хушбин бошем. Агар камбудиро 100 дидем, 50 бигӯем ва агар некиро 50 дидем, 100 бигӯем. То лаҳзаи гузаштани кор аз кор бояд хамӯш буд.”

Кабирӣ аз ҳукуматҳои саркашу худкома мисол оварда гуфтааст, “замоне Муааммар Қаззофӣ, раисиҷумҳури пешини Либия сари қудрат буд, мегуфт, ҳар кас маро танқид мекунад мушест, ки як умр дар таҳхона зиндагӣ кардаасту ӯро дар ҳамон таҳхона саркӯб хоҳам кард. Вале бо тақдири илоҳӣ худаш дар таҳхона кушта шуд.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эххх вой бар холи ин халки мазлуми Точик бо ин «Дохи»-хояш!!! Агар ин навиштахои рузноманигор дуруст бошанд ХАЙХОТ!!! О хамин хам сухани сиёсатмадори сатхи ОЛИ-ми?

Якум ин ки гуфтахои Ленин чунинанд: Революционная ситуация, это когда верхи не могут управлят по старому, а низи не хотят жить по старому! Он ки гуё чаноби М. Кабири гуфтааст “когда верхи не могут управлять по прежнему, а народ не хочет жить по старому, создается перед революционная ситуация.” бофтае беш нест. Ин ду гуфтор ду маъниро ифода мекунанд, ки Муҳиддин Кабирӣ онро мефахмаду махсус ба фоидаи афкори худ хал кардан мехохад! Гуфтахои чаноб «ҳолатҳои пешазинқилобӣ ва ҳифзи суботу оромии кишвар сари мизи гуфтушунид нишастани ҳукумат бо мухолифин аст: “Ин ҳолатро танҳо бо гуфтугӯ мешавад, ислоҳ кард.”» тахаюли назари Кабири буда ба фалсафаи Ленин хеч иртиботе надоранд.

Ва боз ин, ки «Раиси ҲНИТ муносибати сарди Ҳизби ҳокими халқӣ – демократии кишвар (ҲХДТ) бо аҳзоби мухолифро дар таҷрибаи оппозитсионӣ надоштани он рабт медиҳад» хандаовар менамояд ва гуфтаниам, ки: Хестед, ки хобед.О ин 20 соли дар кабаташон будани Шумоён чи маъни дорад? О хамин коммунистхо хам 20 сол мешавад хамкадами Шумоянд ку? Инро бетачрибаги не обутобгирии сиёси меноманд мухтарам Кабири!, ки Шумоен баъди имзои санадхои хамдигарбахши бо гирифтани баъзе «вазифа»-чахо аз даст додаед.

Ин гуфтахо бошанд тамоман мантики сиеси надоранд: Муҳиддин Кабирӣ дар идома аъзои ҳизби худро ба хештандорию хушбинӣ даъват карда гуфтааст, то ҳадди имкон таҳаммулпазир бошанд: “Мо набояд, нисбат ба ҳама раванд бо назари манфӣ нигарем. Вазифаи оппозитсия ислоҳ кардану роҳ нишон додан аст, бинобар ин бояд талош намоем, ки хушбин бошем. Агар камбудиро 100 дидем, 50 бигӯем ва агар некиро 50 дидем, 100 бигӯем. То лаҳзаи гузаштани кор аз кор бояд хамӯш буд.” хо мардако охир ин чи мавкеи тахаюлист?

Инро хатто сиёсатбози хам номида намешавад. Болишта баланд монда хо БОРАКАЛЛО гуфта чои кабуда задан гиреду гурба (дигарашро гуфта намешавад) барин поида истодан даркор ми? Хе неким кандатона занед, албатта бо пули худатон.

Сатор Хисор
Одамонро ба сухл ва ороми даъват кун мухтарам Кабири !!!Агар хамин корхоятонро бас накуненд халки Точикистон Шуморо намебахшанд!!! БаХудо такия кунед. Риску рузиро аз Худо талаб кунед!!!

Авранг
Бо худоталабкуни миллату давлат аз байн меравад.Инистутитутхои демократиякунонии чомеъа мустахкам намуда,опозитсияи сиёсии босаводу бокувватро ба вучуд овардан лозим-то кишварро хорича шиносаду хурмат кунад-! Дар акси хол чун бозичаи дасти русхо боки хохем монд!Хатто-киргизхо низ моро бози медоранд.Ин факт аст!Озоди Орзу,

Точик
Не "перед революционная ситуация", а "предреволюционная".

"...мегуфт, ҳар кас маро танқид мекунад мушест, ки як умр дар таҳхона зиндагӣ кардаасту ӯро дар ҳамон таҳхона саркӯб хоҳам кард. Вале бо тақдири илоҳӣ худаш дар таҳхона кушта шуд.”

Духтарам, ба ту мегўям, келинам, ту шунав.))) Ин гапхо барои як одам мебошанд. Кабири чизеро дарк кардааст, ки ин кадар шерак шудааст.

Сатор Хисор
Авранг барои ин гапхои беаклият гуфтаниям : Мискин хараке орзуи дум кард , ноефта думби худ ду гуш гум кард. Аз дасти ОПАЗИТСИЯ факат ба кисм -кисм таксим кардани мамлакат меояду халос .

Яъкуб.
Бародар Озоди Орзу худаш намедонад чи гуфта истодаасту боз мехохад Кабириро панд омузад.Ачаб дуне.Кабири мухолифи сахтнест,аммо чи кор кунем,ки аз Кабири дида дар Точикистон бехтар хам касе нест.

lenin az zeri zamin
Tabiati inson chunin soxta shudaast,ki harchand tu faktu dalil biori chun dar sari qudrati hej chizro wabul nadori. Voqean Muammar chunin suxanoni beqlonaro gufta bud .
Yo xud imruz Avrupo tahrimi iqtisodii guruhi Yanukovichro barovard,ki dar on pisarash chand vazirash va digar azohoi hukumati sarnagun qaror dorand. In ya'ne chi tamomi on pulhoe ,ki in guruhi korupsioni ba hisobi bonkii xud dar xotij dorand yax mekunonand. Chunone,ki az Qazofiro az xud kardand hududi $
$180 000 000 000 in puli ki bud albata puli mardumi Libya va inro garb az xud kard.
Imruz chunin pulro az mardumi Ukroin megirad.
Fardo az karupsianerhoi hukumati mo xohand girift .Man az hukumat doron va odamoni nazdik ba onho xohish mekunam in mablaghoi mardumi Tojikro hozir bargardonda dar davlati xudashon masraf kuned to ki bad der meshavad va shumo ku xohed murd va farzandoni shumo ax pulho hatgiz istifoda karda nametavonand va dar nazdi mardum sharmandavor xohand zist.

fursatro az dast nadihed......

Un ashxose,ki imruz fikri xudro bayon kardand dar bolo guftaniam ,ki in suxanon ba duzoi Hisoriham daxl dorad.

ту хам шунидаю Ленинро мутолиа накардаи Ленин гуфта буд Революциный бум создается тогда когда верхи не смогут управлят по новому а взамен народ не хочеть жить по старому " Ха доноча будаи Орзу

Ватандуст
Офарин домулло Кабири, пештар калаи мардуми бечораро гаранг намуда ХНИТ -ро хизби Худо мегуфтед. Баъд аз он ки мардум фахмид Худо ба ягон хизб ниёз надорад холо бошад иктибосхоро аз атеисти №1 -ЛЕНИН оварда истодаед. Пагох чи кор мекунед, мансабталоши чизи ганда будаст-дия.

Cипоси бепоён ба онхое, ки ба посухи ман нисбати масъалаи мазкур ахаммият додаанд (Сталин; Яъкуб; Авранг) ва фикрхои мухталифашонро иброз намудаанд. Лекин чунон, ки мегуянд Я ТУТ ПРИЧЕМ? Ман дар баробари дигарон хамчун шахрванди комилхукуки кишвар фикрамро баён намудааму халос. Боз хам агар Шумоён ба ман ишора накарда хамту фикри худро баён менамудед бехтар мебуд.

Модом, ки ишора намудаед мачбурам чавоб дихам, чун хомуш истам аломати «ризо»-ро ба маломататон касб мекунам, ки гайри имкон аст.

Мархамат шинос шавед: дар ВИКИПЕДИЯ омадааст: Революционная ситуация — понятие, впервые сформулированное В. И. Лениным в работе "Маевка революционного пролетариата" (1913 г.): "Для революции недостаточно того, чтобы низы не хотели жить, как прежде. Для нее требуется еще, чтобы верхи не могли хозяйничать и управлять, как прежде". Позднее, эта же формулировка практически дословно встречается в работе "Крах II Интернационала" (1915 г.): "Большей частью для революции недостаточно того, чтобы низы не хотели жить, как прежде. Для нее требуется еще, чтобы верхи не могли хозяйничать и управлять, как прежде." и в работе "Детская болезнь "левизны" в коммунизме" (1920 г.): "Лишь тогда, когда "низы" не хотят старого и когда "верхи" не могут по-старому, лишь тогда революция может победить". В последних двух работах, В.И.Ленин четко формулирует третий обязательный признак революционной ситуации: в "Крах II Интернационала" - "... не из всякой революционной ситуации возникает революция, а лишь ... когда к перечисленным выше объективным переменам присоединяется субъективная, именно: присоединяется способность революционного класса на революционные массовые действия..."; и в "Детская болезнь "левизны" в коммунизме": - "для революции надо, во-первых, добиться, чтобы большинство рабочих ... вполне поняло необходимость переворота и готово было идти на смерть ради него; во-вторых, чтобы правящие классы переживали правительственный кризис, который втягивает в политику даже самые отсталые массы" – хондед ми?

Агар хонда бошед ХУД КАЗОВАТ кунеду мукоиса намоед, ки ГУФТАХОИ Ленин чиро ифода мекунанду ХОСТАХОИ Кабири чиро!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)