Бахшҳо
06 мар 2014 15:24Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Садама бо иштироки вакили Зайд, иттиҳоми ВУД ва назари Қудратов

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 6 март бо нашри баёнияе Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидовро, барои вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ ва бархӯрдани “Мерседес”-аш ба ду мошинаи дигар муттаҳам кард. Масъулони ин ниҳод мегӯянд, рӯзи 27 феврали соли ҷорӣ Қудратов дар пайи бархӯрдани мошинаш ба ҷои ҷуброни зарар муносибати дағалона карда, “аз ҷои ҳодиса ғайб задааст”.

“Шӯҳрат Қудратов рӯзи 27 феврал ҳангоми идораи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-180” дар кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт қоидаи ҳаракати роҳро дағалона вайрон намуда, ба автомашинаи “КИА”, ки ба Шукурова Н.М. ва “Опел”, ки ба Холматов Б. тааллуқ доранд, бархӯрдааст ва зарари молии соҳибмулконро ҷуброн накарда, онҳоро таҳқир намудааст. Ӯ бо баҳонаи гуногун аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, автомашинаашро пинҳонӣ ба таъмир додааст”,-омадааст дар баёния.

Дар изҳороти масъулони Вазорати умури дохилӣ гуфта шудааст, аммо шоҳидони ҳодиса садамаро аксбардорӣ карда, барои чораҷӯӣ ба мақомоти пулис шикоят бурдаанд. “Айни замон таҳқиқи ҳодисаи мазкур дар Вазорати умури дохилӣ давом дорад”,-таъкид кардаанд масъулони ВКД.

Аммо Шӯҳрат Қудратов дар суҳбат бо "Озодагон" иттиҳомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ғаразомез хонда, гуфт, воқеан ҳам рӯзи 27 феврал бо иштироки ӯ садамаи нақлиётӣ бо ду мошини дигар- “Опел” ва автомашинаи “КИА” рух додааст ва дар бархӯрд бо “Опел” худро гунаҳкор меҳисобад.

Қудратов афзуд, ҷуброни зарари расонидаашро ба “Опел” ба дӯш гирифта буд ва соҳиби ин автомашина низ ҳеч гуна даъво нисбаташ надошт: “Дар макони ҳодиса зиёда аз 20 дақиқа истодем. Касе аз онҳо ба БДА занг назаданд ва гуфтанд, ки даъво надоранд. Ин, ки вазорат гуфтааст, ман дағалона рафтор кардаам нодурст аст. Ягон хел рафтори дағалона он ҷо набуд”.

Дар ҳамин ҳамин ҳол дар баёнияи ВУД инчунин, иддаои Шӯҳрат Қудратов дар бораи пурсуҷӯи маъмурони пулис ва муносибати дағалонаи онҳо бидуни асос дониста шудааст. Масъулони ин ниҳод гуфтаанд, “санҷишҳо нишон дод, ки капитани милитсия Сафаров С.С. рӯзи 27 феврал мувофиқи нақша аз соати 18 то соати 21 ҳуҷраҳои биноҳои 29/1, 29/2, 29/3-и кӯчаи Фирдавсиро мавриди санҷиш қарор дода, дар вақти гузаронидани санҷиш бо ягон шаҳрванд муносибати дағалона зоҳир накардааст.” Қаблан Шуҳрат Қудартов дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, 27 феврал ду ҷавони мошинсавор фарзандони ӯро ҳангоми бозӣ дар назди манзилашон аксбардорӣ намуда ва маъмурони пулис соати 22:30 бо даъвои режими шиносномавӣ хостаанд, асноди ӯро тафтиш карда бидонанд, ки дар манзили ӯ чанд нафар зиндагӣ мекунад.

Вазорати умури дохилӣ дар робита ба ворид шудани паёмак (СМС)-и таҳдидомез ба телефони мобилии Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, “тибқи маълумотномаи Tcell дар таърихи 25 феврал умуман ба рақамҳои телефони мобилии ӯ ягон паёмак ворид нагардидааст.” “Ҳолати аксбардорӣ намудани фарзандони Қудратов аз тарафи ду шахси мошинсавори кӯлоҳпӯш дар назди манзили истиқоматиашон ҳангоми бозӣ намудан низ аз тарафи истиқоматкунандагони бинои истиқоматии 29/3-и кӯчаи Фирдавсӣ тасдиқ нагардид. Ҳамзамон Шӯҳрат Қудратов вобаста ба ин ҳолат ба мақомоти дахлдор муроҷиат накардааст”,-гуфтаанд онҳо.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Хамааш маълум ,ки аллакай и н номардон яъне намояндагони макомоти кудрати хамларо огоз намуданд аз Рахматулло Зоиров огоз намуданд ана навбати Шухрат Кудратов ,Исхок Табаров ,Зокиров вакилони дифои Зайд Саидов расид вакти он расидааст ,ки мафхуми демократияро аз байн баранду ба чояш шакли давлатдориро Монархия кунанд ва макомоти Адвокатураро аз байн баранд зеро Конун дар Точикистон мутлако дар руи Когаз хасту халос ман аминам ....

Парвиз
Омад ба сарам аз он чи метарсидам. Акнун хукуматторонро боз Худо дод инхо чунин рузро интизор буданд. Вой бар холат Шухрат.Локин зик нашав Иншоалох Худо бо туст агар дар хакикат рот боши.

Навбатш омадай и бачара

БМВ
Ба БМВ 3 нафар кштан хичишон нагуфтан и бечора хай яки бари мошини дигарора хрошидай мекапан трмаш меканан ЭТО ТЧК ДЕТКА

Золимкуш
Э хок дар сартон

vaktash rasid narasid ki hamin odam gunahgor bud man dar hamon joi sadama budam soat 5 i begoh bud maslihat kardand moshinora usto mebarem shuhrat rozi shud vayo hay karda raftand in az akibashon bud gurehtast ba fikram

Парвиз Хисор
Хангоми вайрон кардани коидаи рох Рубохбарин нагурез шербарин зарарро чуброн кун !!!!!!!!!!!!!!!! МУХТарам Шухрат Кудратов!!!

ЧАСУР
ШУМО АВВАЛ ДАР БОРАИ САДАМ ГУФТЕДУ БАДАН ГАПРО БА ДИГАР ТАРАФ БУРДЕД КИ МАЗМУНУ МУНДАРИЧАИ АХБОРОТАТОН ГУМ ШУД. МАН НАФХМИДАМ КИ ИН ГУНОХРО ШУХРАТ КУДАРАТ КАРДААСТ Ё НЕ.
БАЬДАН ХУДАТОНРО ХУКУКДОН МЕГИРЕДУ ЯК ЧИЗИ ОДИРО НАМЕДОНЕД. ЯЬНЕ АГАР ВАЗЬИ ИОЛАВИИ ШУХРАТ КУДАРАТ БАРОИ ЯГОН МАКОМОТ ДАРКОР БОШАД ХАМААШ ПАНЧ ПАНЧАБАРИН ДАР КАЙДХОИ АСНОДИ ХОЛАТИ ШАХРВАНДИ ВУЧУД ДОРАД. ЧИ ХОЧАТ БАРОИ ИН КОР ДАР ХОНАИ ШАХСИИ У.
ШУМО ЖУРНАЛИСТОНИ МУХТАРАМ ТАКРОР НАВИШТАНРО БАС КУНЕД ОХИР КУРБИ НАВШТАЧОТАТОН БА ЯК ДИРАМ БАРОБАР МЕШАВАД...КАНИ ХАМИНРО МУАЙЯН КУНЕД КИ САДАМА ДАР ХАКИКАТ БО ИШТИРОКИ ШУХРАТ КУДРАТ САР ЗАДА БОШАД. АГАР ГУФТАХОИ КОРМАНДОНИ ХИФЗИ ХУКУК ТАСДИК ШАВАНД БОЯД КИ БА ЧАВОБГАРИ КАШИДА ШАВАД ВА АГАР НЕ ГУЯНДАИ ИН СУХАНХО БА ЧАВОБГАРИ КАШИДА МЕШАВАД. ИН ШУХРАТИ КУДРАТ ХУДАШ КИ БУДААСТ КИ ШАХРВАНДОНРО ЗЕР КАРДА МЕГУЗАШТААСТУ БА ЗАМИ ИН БО АЛФОЗИ КАБЕХ БО ОНХО СУХБАТ МЕКАРДААСТ....ИНТЕРЕСНО ...

Ваааааххххххх, ин чинояти махсусан хавфнок содир карда будаст ку, кулулапеч карда барен бари Зайд Саида камаш 26 сол шинонеду, баъд аз пайи дута адвокати дигар шавед братано!!!

Чаноби вазир агар камтар нишонаи мардонаги медошти писари хукумовро мешинонди Як чизро фаромуш накунед агар шумо ба ин хама зулму ситам чавоб надихед фарзандони бачои шумо чавоб хоханд дод Шухрат гам нахур аз ин номардон натарс

ba gufti unho "kapash dud kad"

САБУР
ЧАСУР
,
писари Хукумов 3 нафарро зер карда кушт, 4 нафари дигарро мачрух кард, бар замми ин "очаи нозири рохро фалон кард" ва дар ивази ин хама конуншиканихо танхо 120 сомони чарима шуд. Чаро намепурси, ки ин писари Хукумов худаш ки будааст, ки ин кадар конуншикани мекардаасту бечазо мемондааст? Ё ки аз пурсидани як чунин суол метарси?

НА САМОМ ДЕЛЕ ИНТЕРЕСНО))))))))))))))))

farzon
МВД - чи шуд натичаи коратон барои куштори 4 нафар бо БМВи принц Хукумов???

advokathoham konunro vairon mekunand.biguzor javob guyand.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)