Бахшҳо

Ваҳҳоб Воҳидов: "Исфара ва Бодканд минтақаи озод эълон шаванд"

Вазири пешини кишоварзии Тоҷикистон роҳҳали қазияи Исфара ва Бодкандро дар минтақаи озод эълон кардани ин қаламрав медонад.

Профессор Ваҳоб Воҳидов зимни суҳбат дар як маҳфил бо хабарнигорони ҷавон гуфт, ба хотири печида ва мушкил нашудани қазияи миёни тоҷикону қирғизҳо ин минтақа бояд қаламрави озод эълон шуда, дар омаду рафти сокинон мушкиле эҷод нашавад: “Аз Русия ё ягон кишвари дигари беғараз ҳудуди 100 низомӣ онро пайваста назорат баранд. Як комиссия таъсис шуда онҷо бояд кор кунад. Мисли пештара тоҷикону қирғизҳо дӯсту бародар мондан мегиранд. Масалан, ба низомиён рӯихат пешниҳод мешавад, ки фардо 100 нафар тоҷикон ба туйи қирғизҳо мераванд ё баръакс”.

Ба иддаои вазири собиқи кишоварзии Тоҷикистон кишвари мо чунин як таҷрибаро аллакай дорад: “Дар солҳои 1925 вақте ҷумҳурии автономии Тоҷикистон дар ҳайати Узбакистон ташкил шуд, бо хоҳиши мардум Исфара, Конибодом ва Ашт аз Қуқанду Фарғона ба Тоҷикистон гузашт. Чанд сол ин ноҳияҳо ҳамчун минтақаи озоди Осиёи Марказӣ буданд”.

Ба гуфтаи ҷаноби Воҳидов, низоъ миёни сокинони манотиқи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар замони Шӯравӣ ҳам ба вуқӯъ мепайваст: “Соли 1988 ҳам дар он минтақа ҷанҷол шуда буд. Ҳатто кор ба занозанӣ ва куштор ҳам расид. Ман он вақт дар Кумитаи марказии Ҳизби комунисти Тоҷикистон кор мекардам ва раҳбарии ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистонро бар душ доштам. Котиби дуюм Кумитаи марказии КПСС моро ба шаҳри Уш даъват кард. Вай гуфт, аз ҳамин рӯз гап якто. Дар куҷое, ки аҳолӣ зиндагонӣ мекунад, паси вай замини ҳамон мамлакат. Дигар ҳеч кор карда нашуд”.

Низоъ дар марзи ду кишвар дар пайи як тирпаронӣ миёни сарҳадбонҳои тоҷику қирғиз дар зуҳри 11 январи соли 2014 рух дод, ки аз ду ҷониб ҳашт захмӣ боқӣ гузошт. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд.

Дар пайи ин қазия намояндаҳои Тоҷикистону Қирғизистон чанд маротиба бо ҳам дидор доштанд. Охирин бор, музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон 3 март дар бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Тавре хабар доданд, ҷонибҳо масоили марбут ба сохтмони роҳ, истифодаи роҳҳои мошингарди наздимарзӣ, тарҳи Созишнома дар бораи бунёди якҷояи ду пул ва роҳҳои назди онҳо, зарурати тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ба анҷом расонидани ҷараёни делимитатсия ва демаркатсияи марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ҳамкории мақомоти сарҳадӣ, мақомоти умури дохилӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия доир ба посдории сулҳ ва таъмини суботу тартиботи ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии ду давлатро ба баррасӣ гирифтаанд.

Интизор меравад, даври навбатии музокирот охири моҳи марти соли равон баргузор шавад.
Мӯҳр
Tojik
Пир шави харзагуй мекардаи.

Аслиддин
Ачоибот: Ваххобака качан Шумо професор шудид?

Abdulloh
Точик
Махз ана хамин намуд профессорчахо ва собик вазирон хамма чоя .

Муйсафед аклашро хурдааст. Бечора ин пирамард бо ин гуна фикррони чи гуна вазири кищоварз будааст?
Хушбахтона кишвари мо преднестровье нест ва нахохад шуд!

ana haminho zaminhoro bo samarkandu buxoro furuxtaand.

Профессор Ваҳоб Воҳидов! Хамин ту барин рохбарон будед,ки имруз ба чунин руз расидем.

БЕХТАРИН ИКРОР: - Ба гуфтаи ҷаноби Воҳидов, низоъ миёни сокинони манотиқи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар замони Шӯравӣ ҳам ба вуқӯъ мепайваст: “Соли 1988 ҳам дар он минтақа ҷанҷол шуда буд. Ҳатто кор ба занозанӣ ва куштор ҳам расид. Ман он вақт дар Кумитаи марказии Ҳизби комунисти Тоҷикистон кор мекардам ва раҳбарии ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистонро бар душ доштам. Котиби дуюм Кумитаи марказии КПСС моро ба шаҳри Уш даъват кард. Вай гуфт, аз ҳамин рӯз гап якто. Дар куҷое, ки аҳолӣ зиндагонӣ мекунад, паси вай замини ҳамон мамлакат. Дигар ҳеч кор карда нашуд”....
Дар холе, ки...: “Садои мардум” менависад, асноди ёфтшуда аз бойгониҳои Русия нишон додааст, ки “ҳудуди Ворухи ноҳияи Исфара дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон анклав – дар бумбаст набуда, балки ба шаҳри Исфара пайваст шуда буд. .. Дар охири солҳои 80-ум дар даврони ҳукмронии Қаҳҳор Маҳкамов дар асоси ҳуҷҷате бо имзои собиқ раиси Шӯрои вазирон Иззатулло Ҳаёев, дар ҳудуди байни ҷамоатҳои Хоҷаи Аъло ва Ворух ба қирғизҳо барои истифодаи муваққатӣ 350 га замин ҷудо шуда буд. Ин заминҳо то ҳол боз гардонида нашудаанд. “ Яъне? То мард сухан нагуфта бошад, айбу хунараш нухуфта бошад!!!

Ахсан!

Ахсан....... tojik!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)