Бахшҳо

"Тоҷикон мардуми таҳҷоиянд; Номи Узбакистон соли 1924 пайдо шудааст”

Саиди САЪДӢ

ҚИСМИ 1
ҚИСМИ 2

Омили дуюми аз миллату забони модарӣ дур шудани мардум телевизион аст. Чуноне маълум аст, ҳоло тахминан 98-99 дарсади тоҷикон китобу рӯзнома намехонанд. Пас, телевизион воситаи асосии омӯзиши забон ва манбаи дониши эшон аст.

Тоҷикони Узбакистон аз солҳои пайдоиши телевизион ва радио (яъне аз солҳо 40-ум ва 50-ум) аз тамошо ва шунидани ин васоити миллӣ маҳрум буданд. Мардуми форсизабони ин кишвар асосан телевизиони Маскав ва Тошкандро медиданд. Барномаҳои форсӣ дар телевизиони марказӣ аз Тошканд ва дар телевизиони маҳаллӣ (вилоятҳо – С.С.) хеле кам буданд ва дархосту эҳтиёҷоти миллию маънавии миллати таҳҷоиро қонеъ карда наметавонист.

Дар охири солҳои 80 ва аввали солҳои 90 ба туфайли бозсозии Горбачев ва саъйи ватанпарастон тамошои телевизиони Душанбе ба халқ муяссар гардид. Вале ин ҳам баъд аз эълони истиқлолияти ҷумҳурӣ барҳам дода шуд. Дар даҳсолаҳои охир баъди пайдоиши антеннаҳои моҳвораӣ баъзе одамон имкони дидан ва шунидани телевизиони Душанберо боз пайдо карданд. Аммо ин ҳам дер давом накард. Соли 2011 телевизиони моҳвораии Душанбе бори дигар мушаххасоти техникии худро дигар кард ва боз одамони бисёре аз тамошои телевизиони Душанбе маҳрум шуданд. Ҳоло барои қабули мавҷу садои телевизиони Душанбе тюннери арзишаш баландтар лозим аст. Аксари мардум барои дигар кардани тюннери худ маблағи иловагӣ надоранд. Маблағ дошта бошанд ҳам барои ин кор вақту ҳавсала ба харҷ намедиҳанд, зеро маънан ба ин амал омода нестанд, шуури пасти хештаншиносии миллиашон ба ин имконият намедиҳад.

Имрӯзҳо тақрибан 30 шабакаҳои моҳвораии Амрико ва дигар мамолик фаъол ҳастанд. Ба ғайр аз инҳо чанд шабакаи телевизиони Эрон ва Афғонистон вуҷуд доранд. Ҳамин тариқ, барои мардум боз як василаи мусоиди омӯзиши забони модарӣ фароҳам шудааст. Лекин тоҷикони Хуросони шимолӣ барномаҳои форсии телевизиони дигар мамоликро тамошо намекунанд. Онҳо асосан телевизиони Маскав ва Тошкандро мебинанд. Ин амал натиҷаи тарбияи яктарафа ва зиддимиллии падару модар ва муаллимон аст. Дар бисёр одамон майлу рағбат ба омӯзиши ҷиддии забони модарӣ ва таърихи миллат нест. Дар паёмади ин гуна муносибат ба забони модарӣ мардум беш аз пеш аз забони адабӣ фосила мегиранд. Бештари мардум забони модариро амиқ намедонанд. Бино бар ин, онҳо ба як забони махлут ва олуда бо калимоти форсӣ, узбакӣ, русӣ ва лаҳҷавӣ ҳарф мезананд.

Забони гуфтугӯи онҳо беш аз пеш дар ин 80-100 сол хароб шудааст. Забони тоҷикони Хуросони шимолӣ дар ягон давру замон то ин қадр харобу олуда нашуда буд. Мегӯянд, забони адабии нави форсӣ аз Хуросонзамин зуҳур кардааст. Дар Узбакистон дар ҳозир тахминан 8 ё 10 миллион тоҷик бидуни назардошти қайди ғалати мансубияти миллӣ дар паспорт будубош доранд. Як ё ду қарн қабл онҳо бахши асосии аҳолии Хуросони шимолиро ташкил медоданд. Дар садаҳои охир дар водии Фарғона, Хоразм ва баъзе навоҳии дигар бисёр тоҷикон забони модарии худро гум карда, ба забони туркӣ такаллум менамуданд. Ҳамин тоҷикони забонгумкардаро дар водии Фарғона, Тошканд ва баъзе манотиқи дигар солҳои бистуми қарни 20 сарт мегуфтанд. Сартҳои собиқ ва тоҷикон дар Узбакистони кунунӣ тақрибан 60 дарсади нуфузи кишварро ташкил мекунанд. Бисёр урфу одат ва анъаноти мадании сартҳо, аз ҷумла мусиқӣ, рақс ба тоҷикон шабеҳ аст. Дар телевизион бештар ҳамин симоҳои аврупонажоди тоҷикону сартҳои собиқ намоён мешаванд. Рақс ва мусиқии аслан тоҷикии ҳоло ба ном узбакӣ дар телевизион танинандоз мегардад. Ҳамин чиз ҳам ба рӯҳияи миллии мардум таъсир мекунад. Чунки мардум кулли ин чизҳоро ҳамчун моли узбакон қабул мекунад.

Чунонки дар боло ҳам қайд кардем, то солҳои 50-ум дар бисёр манотиқи тоҷикнишини ҷумҳурӣ 80 дарсади тоҷикон ба забони модарӣ таҳсил мекарданд. Ҳамин ҳолат дар Самарқанд низ мушоҳида мешуд. Дар баъзе деҳаҳо ва маҳаллаҳои шаҳр мактаби тоҷикӣ аз аввал вуҷуд надошт. Масалан, дар қисмати шаҳри нав ягон мактаби тоҷикӣ мавҷуд набуд. Ва ҳол он ки дар ин минтақа низ чанд маҳаллаҳои тоҷикнишин вуҷуд доштанд. Ба ғайр аз ин, дар биноҳои чандқабатаи шаҳри нав қаблан тоҷикон 20-15 дарсадро ташкил медоданд. Ҳоло, баъди муҳоҷирати русҳо ва дигар аҳолии аврупоӣ дар шаҳри нав нуфузи тоҷикон дар баъзе маҳаллаҳо ба 50 ва дар баъзеи дигар ба 60 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар баъзе дабиристонҳое, ки байни шаҳри кӯҳна ва нав воқеъ ҳастанд, теъдоди донишомӯзони тоҷик ба 80-90 дарсад афзудааст. Мактабҳои рақами 45 дар назди бозори Мармар, мактаби 46 дар пеши Коллеҷи маводи ғизоӣ, мактаби 37 дар кӯчаҳои Фирдавсӣ ва Амир Темур, рақами 35 дар ҷодаи Маҳмуди Қошғарӣ, мактаби 51 дар кӯчаи Гагарин ва чандтои дигар аз ҷумлаи инҳоянд.

Аз ибтидо бисёр тоҷикон ба забонҳои русӣ ва узбакӣ дар дабиристонҳо таҳсил мекарданд. Ҳатто дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе ва баъзе шаҳрҳои дигари Тоҷикистон ин ҳодиса ба назар мерасид. Чунонки навиштам, аз солҳои панҷоҳум оғоз карда, дар ҷумҳурии Узбакистон тадриҷан мактабҳои тоҷикӣ ба узбакӣ баргардонда мешуданд. Ба ин амали номатлуб на танҳо бархе аз миллатгароён, балки худи тоҷикон низ муқассиранд. Зеро ки ба ин падидаи зишт на танҳо мардуми одӣ, балки бештари табақаи рӯшанфикрон бепарвоёна нигоҳ мекарданд. Дар ин самт муборизаи ҷиддӣ ва бошиддат бурда намешуд. Дар байни мардум корҳои таблиғотӣ ва тавзеҳӣ сурат намегирифт. Чун аҳамияту арзиши забони модарӣ ба одамон фаҳмонда намешуд, онҳо ҳам ба ин гуна муносибати манфӣ ба забони худ одат карданд. Қонуни забонро нахонданд, ашхоси рӯшанфикр ҳам, масалан муаллимон ба онҳо моҳияту мӯҳтавои онро тавзеҳ надоданд. Бинобар ин, дар бисёр афрод дар бораи забони модарӣ чунин андеша пайдо шуд, ки лисони миллӣ дар оянда лозим намешавад, мақому эътиборе надорад. Омӯхтани забони русӣ ва узбакӣ зарур аст. Ҳамаи корҳо, масалан, ҳуҷҷатнигорӣ ба ин забонҳо сурат мегирад. Ин фикри ғалат мисли бемории сироятӣ аз одам ба одам, аз як маҳалла ба маҳаллаи дигар интиқол меёфт. Аввал дар шаҳр ва баъдан дар деҳот дар даҳсолаҳои охир интишор мегардид. Бисёр рӯшанфикрон ботил будани ин андешаро ба халқ тавзеҳ намедоданд. Зеро бисёри онҳо худашон моҳияти зиддимиллии ин амали нодурустро намефаҳмиданд.

Таассуфангез аст, ки ин гуна афрод дар ватани азалии аҷдоди худ зиндагӣ карда чунин ибрози ақида мекунанд. Зеро намедонанд, ки тоҷикон дар марзу бум аҳолии таҳҷоӣ маҳсуб мешаванд, номи Узбакистон соли 1924 пайдо шудааст. Бехабарӣ аз таърихи миллати хеш баъзе ашхосро ба ин водоштааст, ки роҷеъ ба суоли он ки чаро фарзандатонро ба синфи тоҷикӣ намедиҳед, бигӯянд: “Ин ҷо Узбакистон аст. Бинобар ин ҳама корҳо ба забони узбакӣ бурда мешавад”.
Мӯҳр
беном
бехтарин суханон саломат боши

Аз Точикони асли
Дарди точикони кишваре бо исми Узбакистонро факат рахмати Лоик камтарак дарк карда буд.. аммо хамун хам тачруба накардааст.. аз руи инстинкти шоиронааш як чизхое мегуфт .. дар ТЧ истода калон калон гап заданро шояд хама тавонанд.. ин не вай не Шумо хаммаатон ба Самарканду Бухоро тааллук доред.. хатто Шумо Саиди Саъди..Барои хамин ин кадар магал набардоред ..То Самарканду Бухороя мустакил нашавад .. хеч бало аз дасти Шумо намебиёяд.. вакте сохби истиклол шуданд боз Шумоя тахти сарпарастии худ хоханд гирифт.. он гуруххое ки имруз дар ТЧ ба пайвастани Самарканду Бухоро ба Точикистон мухолиф хастанд.. бояд бидонанд- кундахо даромади яксолаи хамин ду вилоят бештар аз даромади тамоми чумхурии ТЧ аст.. ин як ..дуюм ин ки ингуна фикрхои галата дур кунед.зеро ин ду шахр хеч вакт аз они Шумо набуд..балки Шумо будед ки аз хамин ду минтака ризку рузи меёфтед ва тааллук ба хамин марказхо доштед.... хай имруз чои онхоро Россия гирифтаги..то ин ду минтака аз зери мустамликаи мугулхо озод шудан, сабр пеша кунед... холи вакт зиёд. аст ..мебиёяд вакту соаташ.. магал накунед

Ташаккур устод!Афсус,ки холо дар баъзе нохияхои шимолии Точикистон,забони давлати-модариро намедонанд!Точикон бо узбаки харф мезананд.Вакте пурсон мешави барои чи ин тавр аст?Чавоб медиханд,ки вайхо узбак асту точикиро намедонанд.Хуб мешуд,агар точикон ба узбакхо точикиро ёд медоданд.Ин рафтори точикон бехабари. аз худшиноси аст ё мехмоннавози ё лагандбардори?!

Ташаккур устод!Афсус,ки холо дар баъзе нохияхои шимолии Точикистон,забони давлати-модариро намедонанд!Точикон бо узбаки харф мезананд.Вакте пурсон мешави барои чи ин тавр аст?Чавоб медиханд,ки вайхо узбак асту точикиро намедонанд.Хуб мешуд,агар точикон ба узбакхо точикиро ёд медоданд.Ин рафтори точикон бехабари. аз худшиноси аст ё мехмоннавози ё лагандбардори?!

Форсиядухт...
Ман сад дар фисад тарафдори Саиди Саъди хастам....хама дастчамъона бояд..рохи хали ин мушкилотро ёбем..зеро агар як точик хам он чо бошад..у точики мо..буд..хаст...ва хохад монд...Дар ин самт олимхои мо низ бояд фаъол бошанд...Хар банд кушода шуд..магар банди ачал...мо бояд..роххои дар дили точикхои бумии Самарканду Бухоро тавлиду чо кардани мухаббату ифтихори точик буданашонро эхё намоем...

iltimos dar borai tojikonu zaminhoi tojikone ki uzbakho giriftaand ziyod navisedu dar hamajo hukumat ham gap zanand.

Бобохон, дуруст кайд кардед дар кишлоки Лакони нохияи Исфара точикхо мактаби узбаки мехонанд.Номус надоранд на маорифу на точико ......,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)