Бахшҳо

VIDEO: Сӯҳбати хабарнигори “Озодагон” бо сафири Украина

Сӯҳбати Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон” бо Виктор Никитюк -- сафири Украина дар Тоҷикистон дар робита ба ҳаводиси ахири Украина ва муносибати Киеву Душанбе.


Озодагон: Омили аслии сарнагун шудани ҳукумати Янукович чӣ буд?

Никитюк: “Мувофиқи нақша дар моҳи ноябри соли 2013 дар ҳамоиши Вилнюс бояд созишномаи Ассосиатсияи Украина бо Иттиҳоди Аврупо ба имзо мерасид. Аксар шаҳрвандони Украина тарафдори ин созишнома буданд. Вале дар моҳи ноябр кабинаи вазирон ногаҳонӣ қарор қабул кард, ки тамоми корҳо барои тасвиби ин созишнома бояд мутавақиф карда шавад. Ин қарор барои ҷомеа ғайриинтизор буд ва мардум ҳам ба Майдон баромаданд, то норозигии худро иброз доранд. Ҳамон гунае, ки дар кишварҳои дигари демократӣ мардум эътироз мекунанд. Ҳукумат дар навбати худ бо баҳонаи гузоштани арчаи солинавӣ дар майдони асосии марказ эътирозгаронро шабона пароканда кард. Хеле дағалона пароканда кард. Ин рафтори дағалонаи масъулине, ки бояд амният ва ҳуқуқро риоя кунанд, боиси эътирози шадидтари мардум шуд. Агар то он шаб дар Майдон бештар ҷавонону донишҷӯён буданд, баъд аз ин амали ҳукумат ба хотири баён кардани эътирози худ мардуми зиёд баромаданд. Ҳукумат ба ин эътирозҳо эътибор надод. Ҳукумат парвои гӯш додан ва ё дарки ҳарфи мардумро надошт. Гузашта аз ин ҳукумат аз нерӯ истифода кард. Оҳиста-оҳиста вазъият нигаронкунанда гардид. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз силоҳ истифода карданд. Табиист, ки дар чунин вазъият мардум аз худ дифоъ мекунад. Ин истифода аз силоҳу нерӯ дар пай қурбонӣ дошт. Тибқи иттилои охир 100 нафар мардуми осоишта қурбон шуданд. Мардуми эътирозгар аз ҳукумат чӣ талаб дошт? Онҳо талаб доштанд, ки ҳукумат истеъфо диҳад, бозгашт ба сохтори давлати парлумониву президентӣ, баргузории интихоботи фаврӣ, ҷазо додани гунаҳкорон ва ҳамчунин идомаи кор барои тасвиби созишномаи Ассосиатсияи Украина бо Иттиҳоди Аврупо. Баъдан вазирони умури хориҷаи Лаҳистон, Фаронса ва Олмон омаданд ва раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва раисҷумҳури вақт Виктор Янукович созишномаи бартараф кардани буҳронро ба тасвиб расониданд. Созишнома ба тасвиб расид. Лозим буд, ки ба таври қонунӣ онро амалӣ кард. Ҳамон тавре ки ин созишнома пешнибинӣ мекард, баъди 48 соат ҳукми қонунӣ гирифтани ин санад аз тарафи парлумон Виктор Янукович бояд зери он имзо мекард. Аммо ба ҷойи имзо гузоштану бартараф кардани ин вазъият Янукович якбора ғайб зад. Касе намедонист, ки ӯ дар куҷо буд. Аммо дар ҳамин ҳолат ҳукумат истеъфо дод. Раисиҷумҳур фирор кард ва парлумон ягона мақомоти расмие буд, ки бояд амал мекард. Баъдан ҳайати ҷадиди ҳукумат таъин гардид.”



Озодагон: Ба андешаи Шумо, кабинаи вазирон чаро якбора қарори мутаваққиф кардани тасвиби созишномаи Ассосиатсияи Украина бо Иттиҳоди Аврупоро қабул кард? Баъзе расонаҳо ишора бар он доштанд, ки гӯиё Русия барои имзо нагузоштан зери ин санад ба Украина фишор овардааст...

Никитюк: “Ҳеч шубҳае надорам, ки Русия барои имзо накардани ин санад ба мақомоти давлатии Украина фишор меовард. Русия талош дорад, бо ҳар роҳе набошад таъсир ва нуфузи худро дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ нигоҳ дорад. Русия нуфузи худро аз даст додан намехоҳад. Барои ҳифзи нуфуз Русия ба ҳар кор қодир аст. Ҳатто ба чунин иқдоми музахрафе чун истифодаи низомиён зидди Украина.”

Озодагон: Бо ба сари қудрат омадани нерӯи ҷадид чӣ интизориҳо доред?

Никитюк: “Аз ҳукумати ҷадид чӣ интизорем? Албатта, иҷро кардани вазифаву рисолати худ, идора кардани вазъият. Бартараф кардани нофаҳмиҳо то баргузории интихоботи президентӣ аст. Интихоботи президентии пеш аз муҳлат дар Украина 25 май баргузор хоҳад шуд.”

Озодагон: Русия дар баъзе маврид мегӯяд, дар Украина неофашистҳо, бандерҳо ва терорристҳо сари қудрат омадаанд...

Никитюк: “Бори дигар мегӯям, ин иттилои дурӯғи ҷониби Русия аст. Дар Украина ҳеч нерӯи фашистӣ, терорристӣ ва бандерӣ сари қудрат наомадааст.”

Озодагон: Дар мавриди Қрим ҳам мехостам, суол кунам. Баъзе аз коршиносон ба ин назаранд, ки Русия ҳуқуқи дахолат кардан ба умури дохилии Украинаро надошт. Шумо чӣ мегӯед?

Никитюк: “Нахуст мехостам ба ин амали Русия баҳои ҳуқуқӣ бидиҳам. Тибқи меъёрҳои байналмиллалӣ метавон гуфт, Русия бар зидди давлати мустақил ва комилҳуқуқи Украина амалиёти ҳарбӣ анҷом дод. Албатта, бо ин амал Русия як қатор бандҳои аслии созишномаҳои байналмилалиро поймол кард, ин қарори Созмони Милал, санади САҲА (ОБСЕ) аз соли 1975 ва дигар аснод. Русия бо ин амали хеш ҳатто созишномаи дуҷонибаро инкор кард. Илова бар ин, кафолати комилҳуқуқӣ ва мустақилияти ҳудуди Украина зери хатар гузошта шуд. Ин ҳамаи паҳлуи ҳуқуқии дахолати Русия ба вазъи Украина буд.”

Озодагон: Паҳлӯи сиёсии амали Русия чӣ гуна аст?

Никитюк: “Ҷиҳати сиёсӣ ин аст, ки он ҳама далелу даъвоҳое, ки Русия овард, ки гӯиё барои ҳифзи манфиати русзабонҳо чунин кореро анҷом дод, ҳеч воқеият надошт. Ҳар инсони солим метавонад ҳар лаҳза ба Украина сафар кунад ва мутмаин гардад, ки суханҳои Русия беасос ҳастанд. Русия ҳаққи истифодаи нерӯи мусаллаҳ дар Қримро надошт.”

Озодагон: Аммо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар нишасти матбуотии худ гуфт, бо дархости Виктор Янукович нерӯи худро барои кумак фиристодааст...

Никитюк: “Виктор Янукович чунин ҳақро надошт. Ба хусус ҳангоми дар фирор буданаш. Тибқи меъёрҳои қонунӣ раисиҷумҳур танҳо замоне метавонад дархости кумакӣ ҳарбӣ кунад, ки агар дар ин маврид парлумон қарор қабул карда бошад. Аммо парлумони Украина чунин қарорро қабул накарда буд, ҳатто мавриди баррасӣ қарор надодааст. Чун он замон Янукович фирорӣ буд. Пас, Русия чӣ ҳақ дорад, то бо дархости президенти фирорӣ, “кумак”-и ҳарбии худро фиристад? Гузашта аз ин касе наметавонад тасдиқ бикунад, ки аз тарафи Виктор Янукович чунин дархост сурат гирифтааст ё на. Суханҳои Владимир Путин маънои онро надорад, ки мо ба он эътимод кунем. Ҷониби Украина ба Русия муроҷиат кард, то санадеро дар мавриди исботи ин дархост пешниҳод кунад. Табиист, ки Русия чунин як санадеро ба мо дастрас накард.”

Озодагон: Гуфта метавонед, ки бо сари қудрат омадани ҳукумати ҷадид муносибат бо Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?

Никитюк: “Бояд бигӯям, ки муносибат бо Тоҷикистон бо ивазшавии ҳукумат ҳеч тағйир нахоҳад ёфт. Дар Украина ба Тоҷикистон ва тоҷикон, фарҳанги ин кишвар эҳтиром мегузоранд. Ман ҳамчун намояндаи украиниҳо низ эҳсос мекунам, ки ҷониби Тоҷикистон низ чунин муносибат дорад. Ва мутмаинам, ки дар оянда равобит ва ҳамкорӣ беҳтар хоҳад шуд. Тоҷикистон ва Украина ҳамкории худро дар доираи ҳамин арзишҳо идома хоҳанд дод.”

Озодагон: Ҳаводиси Украина ба кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон чӣ таъсир хоҳад дошт?

Никитюк: “Воқеаҳои Украина ба кишварҳои берун равона нашудаанд. Он воқеаҳо натиҷаи талошҳо барои барқарор кардани демократия ва адолат дар ҷомеаи худи Украина буд. Он воқеаҳо барои он буд, ки тамоми мақомот ва ниҳодҳо барои ҳамгироии Украина бо Аврупо мусоидат намоянд. Ин ҳадафи феълии мардуми Украина аст. Агар воқеаҳои Украина ба кишварҳои пасошӯравӣ ва ё Тоҷикистон таъсире дошта бошад, пас он ҳатман таъсири мусбат хоҳад буд.”

Озодагон: Расонаҳои хабарӣ аз номзади аввал дар интихоботи пеш аз муҳлати Украина хабар доданд. Дар мавриди ширкати Юлия Тимошенко дар интихоботи президентӣ чӣ назар доред?

Никитюк: “Ба назари ман, ин як раванди табиӣ ва қонунӣ аст. Ҳар як роҳбари сиёсӣ, сиёсатмадор метавонад номзадии худро пешниҳод кунад. Аз ин хотир, ман ба ин ҳамчун як меъёри муқарраршудаи ҷомеаи демократӣ менигарам.”
Мӯҳр
Сиёсатмадор
Россия ва шахсан Путин рохбарони худкомаи пасошуравиро хамеша химоя мекунад, ки ин хатои махз аст. Мардуми Украина кахрамони нишон дода аз зери зулми диктатор Янукович халоси ёфтанд Галаба муборак мардуми ба номус ва часури Украина!!!!!

Господин Никитюк, Вы даже и не дипломат. То, что сказали в интервью есть явная, неприкрытая пропаганда и откровенная ложь, рассчитанная на неосведомлённость общественности Таджикистана. Было бы честнее заявить, что в Украине произошёл государственный переворот (по Вашей терминологии - революция) и конституционное поле полностью разрушено. Или вовсе отказаться от интервью, чем так позорить звание дипломата. С каждым днём всё больше фактов, что нелегитимная власть в Киеве на коротком поводке Запада и откровенных наци из западных регионов страны. Вся украинская элита со всеми олигархами, обслугой из числа политиков, депутатов, журналистов в очередной раз обманули простой народ. Как это было в 2004 году, когда оранжисты обещали светлое будущее народу, а занялись дербаном страны. Как это было при Януковиче, когда дербан продолжился, но уже в другой, семейный карман. Все вы временщики, использующие лозунги,обещания и клятвы ради прихода к власти и дальнейшего грабежа своего же народа. Вы предали идеалы и чаяния своей нации, людей, которые мирно протестовали и требовали справедливости. Но оседлав Майдан, введя в него боевые отряды наци, вы исказили его требования и захватили власть. Чтобы опять посадить тех же тимошенко, порошенко, луценко и т.п. компрадоров. Геополитически терпеть такую вакханалию, готовность элиты ради наживы лечь под НАТО, Россия не может позволить, т.к. рушится баланс сил в регионе. А любая держава всегда делает всё, чтобы не допустить этого. Пример - США, которая не заморачивается на договоры, право и правду, если её интересы ущемляются в любом уголке мира. А тут у границ России, считающей Украину праматерью своей государственности, духовным центром славянского мира - чего вы хотели получить? Вы все профаны и авантюристы, готовые поджечь мир ради своего благополучия. Несчастный, доверчивый украинский народ скоро почувствует цену западной помощи, ощутит капкан на своей шее и тогда вам всем несдобровать. Не надейтесь, что таджики так легковерны, что разделят вашу позицию. Наш народ, уверен, не считает случившееся и происходящее в Украине примером того, как нужно действовать. Потому как ваш переворот есть замена одних воров на других.

Мирзои ХОЧИМУХАММАД
Халолат бод Никитюк, туи украин аз хукумати чадид ва низоми мардумй дифоъ мекунй, аммо аксари мо точикони пасошуравй хукумати навро бендеру бандитй меномем. Ачиб, аз вазъи хакикии укроини имруза
ту бештар огахй дорй ё мое ки Укроиноро факат тарики тв россия дидаем ё хини хидмати харбй соли 1970-80?

Украина расколота! Это факт! Лед тронулся! Россия ждала этого момента 20 лет и момент истины пришел! Крым будет российским! Оккупация, не оккупация... Это все слова! Свои геополитические интересы надо защищать силой! Что Россия и делает! И делает правильно! smile

вакт хамаашро чо ба чо мемона. дуругу фасоду ришваю порагири хеч насабзида буд!

Бародарон сафири украина ҳиқиқитро гуфт. Ҳамаи иттилооти расонаҳои Россия дар ҳақиқат дурӯғанд. Барои чӣ Путин барои истифодаи артиши рус дар Украина розигии Парлумони худро гирифт, аммо ба ном "муроҷиати" Януковичро, ки бе розигии Парлумони Украин ин ҳуқуқро надошт, ҳамчун асоси истифодаи нерӯи низомӣ маънидод мекунад. Ман 10 сол дар ин кишвар зиндагӣ кардаам, беҳтарин халқанд. Намояндаҳои ҳамаи миллатҳоро нағз мебинанд, ба ғайр аз русҳо. Путину русҳои Россия аз фашистони навбаромаду скинхендҳои худ ҳарф намезананд, аммо украиниҳоро чӣ қадар гапҳои қабеҳ мезананду ба хокашон артиши худро вуруд карданд.

Бендеровец
[b]Мирзои ХОЧИМУХАММАД[/bДар телевизионхои Русия чунон таргиботи зиддиукраини рафта истодааст, ки мехохи гушхоятро руст куни. Ин кадар бешарму хаё будааст ин Путин! Намефахмад, ки дунё дигар шудааст ва дигар касе думбардори вай нахохад буд. Бо хамин рох Абхазияю Осетияро мустамликаи худ кард ва Кримро пурра гирифтанист. Лекин ба фикрам, ба ин максадаш намерасад. Худо аз шарри Путин нигох дорад!
[b]Мирзои ХОЧИМУХАММАД[/b],

Вообще-то лично я был другого мнения о Вас, господин посол. Но ознакомившись с Вашим интервью, полностью разочаровался. У вас просматривается попытка оправдать действия тех, кто путем государственного переворота провозгласили себя действующей властью. Хочется задать вопрос: Не они ли виновны в разжигании гражданской войны и в окончательном выходе за пределы правового поля? Не они ли виновны в нарушении территориальной целостности независимой Украины? Сегодня уже поздно пытаться переиграть ситуацию. Дело зашло слишком далеко. События в Украине ещё раз показали о применении Западом и США двойных стандартов. Не кажется ли Вам, что американская политика лжи, прикрывающаяся лозунгом защиты демократии и каких-то меньшинств, давно провалилась и изрядно надоела всем?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)