Бахшҳо

Дидгоҳ аз Малайзия ба ҳавопаймоҳои “солхӯрда”-и Тоҷикистон

Абдулазиз Муҳаммадӣ, донишҷуи соли дуввуми соҳаи технологияи Донишгоҳи байналмилалии Малайзия

Имрӯзҳо дар Малайзия, Чин ва якчанд кишварҳои дигар қариб ки мотам аст. Яке аз ҳавопаймои ширкати Малайзия-Айрлайнс дар вақти парвоз аз шаҳри Куала Лумпури Малайзия ба шаҳри Пекини Чин баъди як соати парвоз дар болои баҳр нопадид шуда, алоқаи ҳавопаймо бо фурудгоҳ ва маркази ҷаҳонии радар канда шудааст. Таи ду руз аст, ки 40 киштӣ ва 22 чархбол аз чандин кишварҳои ҷаҳон (аз FBI-и ИМА низ) барои кумак дар ҷустуҷу ҳастанд вале хабаре нест аз он ҳавопаймои рейси MH370-и Малайзиягӣ. Дар дохили ҳавопаймо 227 мусофир ва 12 корманд буданд ва аз байни онҳо 5 кудак низ. Бештари мусофирон шаҳрвандони Чин буданд, боқимонда шаҳрвандони 12 кишвари ҷаҳон аз ҷумла аз Русия 1 нафар ва Амрико низ 3 нафар.

Вақте ин хабарро шунидам аввалин шуда маълумот дар бораи он мусофиронро ҷустам, ки шукри Худо ягон нафар аз Тоҷикистон набуд, ҳарчанд донишҷуёни тоҷик бо ин хатсайр ба ватан рафта меомаданд. Вале чинӣ аст, малай аст вақте дарду гиряу фарёди наздикони мусофиронро аз интернет мебинем, мо низ новобаста аз дину нажоди онҳо ҳамон дардро ҳис мекунем, ҳарчанд зиёда аз 20 нафари онҳо мусалмон низ буданд. Дар ҳаққи ҳамаи он мусофирон бо садҳо донишҷу дар масҷид намоз гузоштем ва дуо кардем.

Ширкати Малайзия-Айрлайнс, яке аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон аст, ки аз соли 1947 фаъолият мекунад ва дорои 104 ҳавопаймо аст. Умри миёнаи ҳавопаймоҳои ин ширкат 6 сол аст. Ҳарчанд ин ширкат солҳои гузашта даҳҳо ҳавопаймоҳои нав, ва худи ҳамин сол 4 ҳавопаймои нави Боингро харида, ба истифода дода буд. Вале бинобар гуфтаи баъзе хабаргузориҳо сабаби ин фоҷиа дар мушкили техникӣ доштан ва куҳна будани он ҳавопаймо аст, баъзеи дигар менависанд камаҳамият будани худи ҳамин ширкат дар солҳои ахир дар хидматрасонӣ аст, гуруҳи дигар меафзоянд, эҳтимоли ҳамлаи террористӣ низ ҳаст. Вақти умри он ҳавопаймои нопадидшударо дидам, ҳамагӣ 12 сол хидмат расонда будааст ва дарҳол фикрам ба умри ҳавопаймоҳои ватанӣ рафт ва ҷустуҷӯ кардам.

Умри миёнаи худи ширкати “Тоҷик-эйр”-амон 20 сол аст ва 7 ҳавопаймо барои кашондани мусофирон байни кишварҳо ҳоло фаъолият мекунад, ки навтарини он (Boeing 737-4Q8) 16 сол умр дорад. Дар ҳоле, ки “Yak-40” ва “An-28”-ҳо солҳои 1966-1969-и замони шӯравӣ сохта шудаанд. Ҳавопаймоҳои ширкати “Ист-эйр”-амон, ки худи ширкат 2007 ташкил шудааст 7 адад мебошад, вале умри миёна мутаассифона 25 аст, ки навтарини он “Airbus A320-231” 20 сол умр дорад. Ширкати “Сомон-эйр”-амон, ки ҳарчанд 2 адад ҳавопаймои куҳнаи бо номи “Nusratullo Makhsum” ва “Mirzo Tursunzoda” мусофир мекашад яке 25 солу дигаре 21 сол умр дорад, вале умри миёнаи худи ширкат бо 6 адад ҳавопаймо 10 солро ташкил медиҳад.

Умри миёна ширкати кишвари ҳамсоя аз ҷумла “Turkmenistan-Airlines” бо 25 адад ҳавопаймо 9 солро ташкил мекунад, ширкати “Uzbekistan-Airways” низ бо 30 адад ҳавопаймо умри миёнаи ҳавопаймоҳояш 9 сол аст. Умри миёнаи “Air Astana” -и қазоқҳо бо 31 адад ҳавопаймо 7 солро ташкил медиҳад.

Худованд ҳамаи моро аз офатҳо нигаҳ дорад, вале пешгирӣ пеш аз вуқуъи ҳар ҳодиса хуб аст. Мақсадам танқид ё таърифи ягон ширкати ватанӣ нест, ҳамчун як шаҳрванд якчанд маълумотро овардам ва аз масъулин хоҳиш мешавад аз ин гуна ҳодисаҳо дарс гирифта бошанд ва ислоҳот дар хидматрасониро беҳтар намоянд.

PS: Маълумот аз сомонаи олмонии planespotters.net ва википедияи англисӣ аст. Ҳарчанд барои тасдиқи маълумот, аз сомонаҳои худи ин ширкатҳои ватанӣ низ ҷустуҷу кардам вале ягон маълумот лозимиро наёфтам ва баъзеи аз ин ширкат дар ин аср ҳатто сомонаи интернетӣ надорад.
Мӯҳр
Tojik
Makolai hub, Hush ba holat barodari gamhor.

Абдулазиз,
Шумо, ки хеле чавон хастед ва холо тарзи фикррониатон хам холо хом аст доир ба харгуна гапу коре, ки намефахмед гап назанед.
Аввал ин, ки наву кухна будани хавопаймо ва холати техникии он на аз руи сол балки аз руи соати парвоз муаян мегардад.
Дуввум мушохидахо нишон медиданд, ки ба садама на танхо хавопаймохои соли бароришашон кухна, балки нав хам дучор мешаванд.
Дигар он, ки хавопаймохои ширкати Сомон Эйр нав хастан ва ширкат онхоро аз корпорацияи Боинг тарики карзи бонки харидори намудааст.
Дар кисми зиёди холатхо сабаби ба садама дучор шудани хавопаймо иштибохи пилот (человеческий фактор) мебошад.
Дар охир ба шумо тавсия медихам, ки аввал масъаларо пурратар бо истифодаи манбахои гуногун омухта баъд изхори назар намоед.

Нодонак
Хар ширкати хавопаймобарор маълумот дар бораи хавопаймохои худро дар дастраси дорад. Маколаи чолиб, ба он бояд таваччух шавад.

Муқимҷон
Худо илматро зиёд гардонад бародар. Беҳтарин хулоса ва маслиҳати саривақти барои ҳамаи ширкатҳои ҳавоии ватани додед.

бда
Чура абдулазиз метони баъди ин макола ба ватан бар нагарди,ки дар аэропорти душанбе шакаллхо туро интизор мешаванд. Панохат ба худо....

Абдулазиз
Доно,
Ташаккур бародар барои маслихатхо. ахамият дода бошед ман ончо сомон эйрро навтарин ширкат назар ба дигарон гуфтам чаро ки 4 хавопймоаш нав аст факат 2тоаш аз 20 сол зиёд истифода шудааст. вакте хавопаймохои пасмондаи норвегия эйр ё хар кучои дигарро мехаред алалхусус бо карзи бонки пас он дар парковка хоб намеравад ку хатман истифода мекунед то пулашро бароред. хамаги 6 хавопаймо ба он кадар рейсхо фаолият мекунад пас соати кориаш низ зиёд мешавад.

Hushyor
barodar Abdulaziz , badi in posuxat maslihati barodarona in ki ba Vatan tanho bo qatora safar kun,ki... Ehtiyot nimi hayot... XUDO nigohbonat

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)