Бахшҳо

Генерал Раҳимзода: Ғамхории президент аст, ки матбуоти тоҷик озод аст

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ба муносибати иди матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11-уми март таҷлил мешавад, тамоми кормандони соҳаро бо ин сана табрик гуфта, барояшон сиҳатию саломатӣ ва сарбаландӣ таманно намудааст.

Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, Рамазон Раҳимзода дар паёми табрикотии худ аз ҷумла таъкид намудааст, “матбуоти тоҷик дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва маданӣ-варзишӣ нақши назаррас дошта, имрӯз ҳайати эҷодии он дар инъикоси дастовардҳои истиқлолият, тараннуми арзишҳои олии давлату миллат, таҳкими суботу оромӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва некуаҳволии сокинони кишвар мавқеи хоса дорад.”

Вазир бо зикри дастовардҳои матбуоти тоҷик афзудааст, ки онҳо маҳз бо дастгирии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба даст омадаанд: “Маҳз дастгирӣ ва ғамхории Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон мебошад, ки имрӯз матбуоти тоҷик яке аз пешрафтатарин матбуот на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки собиқ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳисоб рафта, бо озодандешӣ ва ошкорбаёнӣ дар рафъи камбудиҳои ҷомеа ва пешбурди ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ саҳми арзанда мегузорад."

Рамазон Раҳимзода гуфтааст, дар ин рӯз ба кормандони ВАО дар эҷод ва табъу нашри маводҳое, ки барои таҳкими амнияту осоиштагии шаҳрвандон ва корҳои созандагӣ равона гардидааст, барору комёбӣ орзу менамояд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан дар пайи интиқоди як гурӯҳ роҳбарони нашрияҳо ва ташкилотҳои журналистиӣ аз монесозиҳои кормандони пулис, Рамазон Раҳимзода розӣ шуд, ин масоилро зимни мулоқоти рӯбарӯ баррасӣ кунад, аммо то ҳол санаи дақиқи он муайян нашудааст.
Мӯҳр
диловар
хами мардак роста мега, махз бо гамхории рахмон журналистонро таькибу ва ба додгох мекашан ва махбас мекунан , махз бо гамхории рахмон дар бадахшон хучум карданд ва журналистонро рох надоданд барои ифшои хакикат, махз ба гамхории рахмон адвокатхоро бо тухмат махбаси мекунан (зокиров), махз бо гамхории рахмон ба идораи хнит ва хонаи зоиров. эьтироз карда медароянд, махз бо гамхории рахмон пули Талкоро ба ким кадом чазира равон мекунанд, махз бо гамхории рахмон ширкатхои фарозу точиронро аз куваттов мегиранд, махз бо гамхории рахмон дар хама сохахо авлодошона чам мекунанд, махз ва гайраву хоказо...

Таачуб
Барои чоплуси низ аклу фаросати баланд лозим, чи дар кор хамин гапои хандаовар, охир дар куча асри 21 ва пешрафти васоити техникиву интернет, акачон!

Хело дурусту амик кайд кардаед бародар! Ман низ ба гуфтахои нихоят волои Шумо розиям! Ягон конуну низом ва адолат нест дар Точикистон. Ба Бадахшон хамла карданд, ба ХНИТ хамла мекунанд. Ман худам дар яке аз телевизионхои давлати кор мекунам ва медонам, ки чи ахвол хаст.

Саломат бошед Рамазончон ин суханонатона дар назди худо чавоб доданатонба интизор шавед

fayz
ба шарофати президент аст ки дарахтон гул мекунанд, говхо шир медиханд, гандум хосил медихад ва пахта чамъ мешавад...
то кай халк гусфанд бошад??

Генерал Раҳимзода: Ғамхории президент аст, ки матбуоти тоҷик озод аст: Ха ха ха ха ха ха ха ха х ах ах ха ха wink Амруллои Низом , Абдукаюми Каюмзод и 10 хо 10хои дигар Мухтарам вазир ин сухан дар шаъни Шумо нест ба Худо аб аст. Хамин Убоп набуд ки соли гузашта дар хамин шабу руз хамкори мо Амруллои низомро ба хотири ким кадом муомилаи Раиси Кумитаи дин бо рохбарияти УБОПи шахри Душанбе бегохи аз идораамон гирифта бурданд ва дар нихоят уро гунахкор намуда аз у чарима ситониданд. просто ин гапора гуфтан хуб не да акун.

Точикак
шукри тенчи - яъне шукри Рахмон? Харзагуиро бас кунеду худро шарманда накунед мухтарам вазир, ин кадар мансабро дуст доштед....

Мурод
Наворбардори Озодагонро бо гамхории ки латткубу чарима карданд, Амруллохи Низомро чи? А. Каюмзодро хам бо хамон гамхори аз РО пеш карданд? Латукуби Хикматулло Сайфуллохзода хам дар ин гамхори шомил аст?

рост мегуйи, и барои хамин сардори корхонаи тибии кабули хун, ки дар шахр вучуд дора, бо кормандонаш мисли бо як чонвар кору гап мебара.
худо нахоха вазир шава чи тавр рафтор мекада боша. кРУТОЯЙ леки.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)