Бахшҳо

Қудратов: Дар бораи қарори нави Зокиров аз расонаҳо огоҳ шудем

Шуҳрат Қудратов, ки то ҳол ҳимояти Фахриддин Зокировро ба уҳда дошт, қарори зерҳимояаш дар мавриди дасткашӣ аз хизмати ӯ ва Исҳоқ Табаровро “ғайриинтизор” хонда, таъкид намуд, ки тариқи расонаҳо аз он огоҳӣ пайдо кардааст.

Қудратов дар шарҳи қазия ба “Озодагон” гуфт, омилҳои аслии даст кашидани Зокиров аз хизматрасонии ӯ ва Табаров барояш маълум нестанд, аммо эҳтимол ин қарор таҳти фишор ё худ бо “дархост”-и Оҷонсии зидди фасод гирифта шудааст: ““Гап сари ин аст, ки аз таърихи 7-уми март ба ин су мо бо Фахриддин Зокиров мулоқот надоштем. Дар мавриди даст кашидани ӯ аз хидматрасонии ман ва Исҳоқ Табаров низ мо тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳӣ пайдо кардем. То ҳол барои мо сабаб маълум нест. Вале мо тахмин мекунем, ки шояд Фахриддин Зокиров таҳти фишор ва ё бо дархости Оҷонсии мубориза бо фасод аз вакилии мо даст кашида бошад.”

Аммо Мавлудҷон Салихов, ки ҳамроҳ бо Бузургмеҳр Ёров ва Ҷамшед Амиралиев вакилони нави Зокиров мебошанд, изҳор медорад, ки қарор дар бораи вакилони нав интихоби ихтиёрӣ ва мустақилонаи Зокиров буд. Дар мавриди иқдоми минбаъдаи вакилони нави Фахриддин Зокиров, Мавлудҷон Салихов илова намуд, ки имрӯз, 11-уми март аз болои қарори додгоҳи Фирдавсӣ дар мавриди ҳабси думоҳа ба додгоҳи Душанбе шикояти касатсионӣ хоҳанд бурд.

Фахриддин Зокиров шаби 6-уми март аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуда буд ва алайҳи ӯ тибқи моддаи 247 (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Фахриддин Зокиров яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии Ҳизби Тоҷикистони нав аст ва боздошти ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки қаблан ӯву ҳамкоронаш аз расидани СМС-ҳои таҳдидомез шикоят карда буданд.
Мӯҳр
Агар аз боло супориш шуда бошад, ки шинонед новобаста ба он ки Зокиров гунохе дорад ва ё надорад хатман уро мешинонанд.
Дар таърихи истиклолияти точик касе мисли ин се адвокат кор накардааст. Хама шохидем, ки агарчи суд хеч далелхои овардаи онхоро дар мавриди Зайд саидов ба хисоб нагирифт, вале онхо бегунохии зерхимояашонро пурра ба чомеа собит карданд ва хатто даххо такаллубкории муфаттишонро фош карданд.
Зокиров низ ба фикри банда бо супориш махкам карда шуд ва хеч гуна химоятгаре уро химоят карда наметавонад. Хукми у аллакай бароварда шудааст, танхо чанд мархилаи суди чун сахнаи намоише баргузор мегарададу ин хукмро тасдик мекунад. Вассалом

Робин Гуд
комилан бо шумо Салимчон мувофикам, диданд ки ин се адвокат хуб корашонро анчом доданд ва аз хама мухим аз коррупционерхо натарсиданд сазояшон хамин шуд. ба фикрам ба навбат хамаашонро мешинонанд. конуни чангал аст инчо, Точикистон баробар бо Чангалистон

Шухрат
Мисли Зайд Саидов уро говсуд мекунанд.

лакаенга сикай
И саид патох гапи тажикира намепахма? Осиёби тажико ба навбат тоб мехрад. Ё тавба- я мекапа бо я намекапа!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)