Бахшҳо

Зуҳуров: Давлат ба қонунвайронкунии расонаҳо “чашм мепӯшад”

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар мулоқот бо хабарнигорон аз тоқати танқид надоштани бархе аз мақомдорон зикр карда, афзуд, ки дар навбати худ хабарнигорон низ ба нақзи қонунҳо зиёд роҳ медиҳанд.

Зуҳуров 11-уми март дар рӯзи таҷлили 102-солагии матбуоти тоҷик дар мулоқот бо хабарнигорон изҳор дошт, ки “дар матбуоти даврии мустақили Тоҷикистон ҳоло ҳолатҳои зиёди қонунвайронкунӣ ба назар мерасад. Вале сарфи назар аз ин, давлат ва ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири густариши озодии сухан ва матбуоти мустақил аз андешидани чораҳои қонунӣ худдорӣ менамояд.”

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон илова намуд, “барои мо муҳим нест, ки шумо дар кадом самт-матбуоти давлатӣ ва матбуоти мустақил фаъолият мекунед. Барои мо он муҳим аст, ки шумо рисолати касбии худ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу меҳанро чӣ гуна иҷро мекунед. Ман хуб мефаҳмам, ки на ҳамаи мансабдорон танқиди воситаҳои ахбори оммаро дуруст қабул мекунанд ва на ҳамеша аз он хулоса бароварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта мешаванд. Баъзеҳо ҳатто изҳори норизоият ва ранҷиш мекунанд. Чунин ашхос набояд фаромўш созанд, ки танқиди асоснок яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон сарфи назар аз ҳуқуқвайронкунии зиёди баъзе нашрияҳои мустақил барои фаъолияти онҳо ягон маротиба монеъ нагардидааст, инчунин фаъолияти ягонтои онҳоро қатъ ҳам накардааст. Баҳсҳое, ки бинобар норозигии тарафайн, яъне нашрия ва объекти танқидшаванда ба миён меоянд ва аз тариқи судҳо ҳаллу фасл карда мешаванд, маънои монаэҷодкунии ҳукуматро надорад. Ин як таҷрибаи оддиест, ки дар тамоми давлатҳои демократӣ роиҷ мебошад.”

Ин дар ҳолест, ки Қироншоҳи Шарифзода, раиси Шўрои ВАО-и Тоҷикистон, дар рӯзи таҷлили 102-солагии матбуоти тоҷик гуфт, дар кишвар, садду монеаҳое барои фаъолияти озоди расонаҳо ҳанӯз зиёданд: “Эҷоди маҳдудият дар дастрасӣ ба иттилоот, фишору таъқиби журналистон, қазияҳои судии давомдор, баҳри татбиқи ин озодиҳо ҳамоно аз мушкилоти матбуоти даврӣ ҳастанд."

Дар чунин шароит раиси Шӯрои ВАО риояи бемайлони “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро аз омилҳои муассири истифода аз озодии сухан ва эътирофу соҳибэҳтиром гардидани нашрияҳо арзёбӣ намудааст.
Мӯҳр
Точикак
инашам девона будастку!!!!!

Точик
Ин Шукурчон даъво дорад ки хукумати Точикистон бо вучуди конуншиканихо фаъолияти ягон рузномаро катъ накардааст. Ачаб дуруги шохдоре. Ин мансабдорон хичолат намешаванд, иззо намекашанд вакте ки дуруг мегуянд. Руномаи "Рузи Нави" Рачаби Мирзоро ки манъ кард. Рузномаи "Хафта"и Абдулкайюми Кайюмзодро ки факат як бор чоп шуд барои мусохиба бо Мумин Каноат низ манъ шуд. Инхоро и манъ кард??? Шарм доред мансабдорони бешарм.

Ҳукумати Тоҷикистон сарфи назар аз ҳуқуқвайронкунии зиёди баъзе нашрияҳои мустақил барои фаъолияти онҳо ягон маротиба монеъ нагардидааст, инчунин фаъолияти ягонтои онҳоро қатъ ҳам накардааст. хафтаномаи "ХАФТА"-ро чунон бастед, ки хатто саддояш хам набаромад, боз аз озодии баёну чашмпушихо гав мезанен!!! кучо шуд ""Хафта""????!!!!

Ҳуқуқшинос
Барои чӣ раиси парламент аз номи Ҳукумат сухан мегӯяд ? Ё магар дар бораи моддаи 9 Сарқонун оид ба таҷзияи ҳокимият фаромӯш кардааст. Роиҷ аст, ки ҳар роҳбари ниҳод аз номи ниҳоди худ сухан гӯяд ва фаразан дар бораи фаъолияте, ки барои озодии баён ва ВАО ба анҷом додааст.

Баръакс расонахо холо хам бо парда навишта истодаанд. Аз гунохони шумо шарм дошта чашм пушида истоданд шукурчон

ЗЗ
Зуҳуров: Давлат ба қонунвайронкунии расонаҳо “чашм мепӯшад” вакте ин сарлавхаро дидам, ба худ гуфтам, ки Зухуров хам аз оддитарин фахмиши сиёси дур будааст. Аммо ин гумонам бо хондани нутки айнан наклшуда ба зуди рафъ шуд. У Хукумат гуфтааст, на давлат. Хохиш, миёни ин ду тафовут зиёд аст ва онро риоя кардан хуб аст...

кишвар
Ба фикрам Шукурҷон Зуҳуров дар Точикистон зиндагони намекунанд ё худро чунин хисоб мекунанд!!! барои Кур асо агар як хабари тозо марбут ба ягон коркуни Давлати оиди ришвахориаш ё конун вайрокуниаш дар сомонахои озоди ва озодагон ё дигарон чоп шавад, хатман аз суи макомотхои хукумати дастраси ба ин сомонахо баста мешавад.

Ба фикрам Шукурҷон Зуҳуров дар Точикистон зиндагони намекунанд ё худро чунин хисоб мекунанд!!! барои Кур асо агар як хабари тозо марбут ба ягон коркуни Давлати оиди ришвахориаш ё конун вайрокуниаш дар сомонахои озоди ва озодагон ё дигарон чоп шавад, хатман аз суи макомотхои хукумати дастраси ба ин сомонахо баста мешавад.

Далели "обруйи" баланди ҷаноби Зуҳуров дар назди ин ҳукумат ҳамин ки кучае ки у кас зиндагӣ мекунад, роҳаш монанд ба роҳи харроҳаи солҳои 40 асри гузашта аст. Ман бештари саҳарҳо шоҳидам ки ҷаноби Шукурҷонро аз “пода” қафо намонда бо ГАИ гусел мекунанд. Аз Шумо барои хамшаҳрихоятон ягон фоидае намерасад ҷаноби Зуҳуров, он тавре ки ҳамшаҳриҳои Э.Раҳмон ва М.Убайдуллоев дар сояи давлати ҳамшаҳриҳошон “чарида” мегарданд, ҳадди ақал ҳамин ҳамсояҳоятонро соҳибӣ кунед ва кучаро дарбеҳ кунанд, охир всеравно Шумо он қадр шахси заруру гироми нестед ки ин кучаро бозсозӣ кунанд, ҳамон тавре ки ҳамшаҳриятон С.Хайруллоев қалру қиммат дошт, аз ун бештар надоред шумо!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)