Бахшҳо

"Азия-Плюс" баҳс бо зиёиёнро идома медиҳад

Вакилони мудофеи нашрияи "Азия-Плюс" ва муҳаррири он - Олга Тутубалина аз болои қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт шикояти кассатсионӣ мебаранд.

Тавре аз "Азия-Плюс" иттилоъ доданд, Иноят Иноятов, яке аз вакилони мудофеашон шикояти кассатсиониро рӯзи 12 март ба коллегияи судӣ пешниҳод мекунад.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 25 феврали соли ҷорӣ ба баҳси додгоҳии як гуруҳ аз зиёиёни тоҷик бо Олга Тутубалина, муаллифи матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции” ба манфиати аввалиҳо нуқта гузошт. Додрас Сурайё Ҷобирова ҳангоми қироати қарор гуфта буд, ин матлаби Тутубалина як навъ таҳқир дар ҳаққи зиёиён мебошад ва “Азия-Плюс” вазифадор аст, дар тӯли ду ҳафта раддия чоп намояд.

Тутубалина дар ин матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)