Маъмури пулис дар хариди навзоди тоҷик аз модараш айбдор мешавад
Дар шаҳри Санкт - Петербурги Русия як корманди пулис ба иттиҳоми харидани кудаки навзод аз шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон боздошт шудааст.
Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, ин корманди пулис рӯзи 7 март баъд аз харидани тифли тоҷик, ки ҳанӯз чаҳор рӯз пеш ба дунё омадааст, бар ивази 25 ҳазор рубли русӣ аз модараш боздошт гардид. Додгоҳи ноҳияи Красногварди шаҳри Санкт - Петербург рӯзи 12 март қарори ба ҳабси пешакӣ гирифтани иштирокдорони ин қазия, аз ҷумла Азиза Давурова, шаҳрванди Тоҷикистонро ба муҳлати ду моҳ содир кардааст.
Манбаъ мегӯяд, дар робита ба ин қазия Сайлигул Нуралиева, сокини 29-солаи Узбакистон низ, ки худ ҳомиладор мебошад, ба гумони ҳамдастӣ боздошт шудааст. Ин бонувон гуфтаанд, ба хотири мушкили молӣ, даст ба ин ҷиноят задаанд.
Расонаҳои хабарии Русия аз бурдани ному насаби ин корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи рус, ки қасди харидани кудаки чоррӯзаро доштааст, худдорӣ кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |