Бахшҳо

Тӯраҷонзода: "Аввал пеши Худо, баъд пеши Шумо шаҳодат медиҳам, ки мо ҷонибдори ҷанг набудему нестем"

Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари масоили сиёсии Тоҷикистон имрӯз, 14-уми март дар ҳамоиши ҷумҳуриявии “Нур” аз Сайид Абдуллои Нурӣ, муассиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тавсиф карда, ӯро аз ботаҳаммултарин сиёсатмадорон хонд.

Ғанӣ Абдулло аз ҷумла гуфт, бархилофи бархе аз сиёсатмадорҳо, ки дар сиёсат ба қарорҳои шитобкоронаю ҳазмношуда роҳ медиҳанд, Нурӣ ҳамеша аз таҳаммул кор мегирифт ва маҳз ин хислати Нурӣ буд, ки сулҳи тоҷикон ба даст омад ва ҳаракате чун Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ боқӣ монд.

Ғанӣ Абдулло дар қатори хизматҳои Нурӣ аз ҷумла зикр кард, ки Сайид Абдуллои Нурӣ бархилофи маслиҳатҳои бисёре аз атрофиёнаш дар солҳои даргирии шаҳрвандӣ нагузошт ҷангиёни зархариди хориҷӣ вориди Тоҷикистон гарданд.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, руҳонии шинохтаи тоҷик, ҳангоми баромад дар маҳфили Нур гуфт, мо аз оғоз хоҳҳони сулҳ будем ва ҳеч гоҳ барои мансаб низ ҷанг накардаем: "Ҳеч гоҳ ҷонибдори он набудем, ки барои мансаб як қатра хун рехта шавад. Мо марди сулҳ ҳастем на марди мансабу ҷанг.”

Тураҷонзода дар идомаи суханронияш таъкид намуд, “ман аз ин минбар пеши Худо ва Шумо шаҳодат медиҳем, ки аз аввал на ман на Нурӣ ва на Ҳимматзода ҷонибдори ҷанг набудем. Моро ба хотири гӯиё мансабу ҷой кишварро ба ҷанг кашидаем, туҳмат мекунанд. Аммо ман ҳеч гоҳ хостори мансаб набудам. Ман раиси Идораи қозиёт будам, обурӯи ман камтар аз обурӯи раисиҷумҳур набуд. Миёни мардум ҳам иззату эҳтиром ва ҳам имконияти моддӣ доштам. Бинобарин бародарҳо барои пешбарии номзадии ман ба мақоми президентӣ соли 1991 имзо ҷамъ карданд. Холмурод Шарипов, раиси вақти Кумиссиюни марказии интихобот аз ноҳияи Панҷакент, ки ҳоло ҳам дар қайди ҳаёт аст, ду рӯз пеш аз қайдгирии номзадон аз ман пурсид, ки домулло ҳама чӣ омодааст, танҳо розигии Шумо лозим мебошад. Вале ман бо узрхоҳӣ розӣ нашудам. Зеро мо мансабхоҳ набудем. Мо мардони ободихоҳи кишварему дар он замон воқеан мехостем, дар Тоҷикистон низоми мардумсолорӣ ҳокимият дошта бошаду ҳукуматдорону мансабдорон дар назди мардум хидматгор бошанд, на баръакс. Мо талабгори ҷангу нооромиҳо нестем.

Ӯ афзуд, мо имрӯз ҳам бо вуҷуди фишорҳо ба хотири таҳкими сулҳ бархе пешниҳодҳо мекунем, то дар оянда аз нооромӣ ҷилавгирӣ гардад: “Мо хоҳони сулҳу ислоҳотем ва мехоҳем, ки ин ислоҳотро ҳукумат гузаронад то аз нооромиҳои эҳтимолӣ дар оянда ҷилавгирӣ гардад.”

Ҳамоиши ҷумҳурявии “Нур” бо намоишгоҳи асарҳои илмии марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода, пешвои руҳонии ин ҳизб, идома дорад. Дар ин ҳамоиш, ки дар қароргоҳи марказии ҲНИТ дар Душанбе баргузор мешавад, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб ва Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, руҳонии маъруфи тоҷик, Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ҷамъиятии “Дурнамо+” ва Маҳмудҷон Қосимов, яке ташаббускорони ҳизби сабтиномнашудаи “Тоҷикистони нав” иштирок доранд.

Тавре хабарнигори “Озодагон” иттилоъ дод, дар ҳамоиши ҷумҳурявии “Нур”, инчунин намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва аҳзоби сиёсии кишвар ҳузур доранд. Дар ин маҳфил, нахуст Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ дар бораи фалсафаи шаҳодат сухан карда, гуфт, нафароне, ки ба шаҳодат расидаанд, афроде мебошанд, ки аз тамоми нушу неъматӣ зиндагӣ даст кашида буданд. Муовини аввали раиси ҲНИТ таъкид дошт, "номи шуҳадо ҳамеша зинда асту набояд аз онҳо ҳамчун мурдагон ном бурд."

Ин дар ҳолест, ки ҳамин шабурӯзи соли гузашта наздикони Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бахшида ба ёдбудаш дар манзили зисти ӯ маъракае баргузор намуданӣ шуданд, вале мақомот монеи баргузории он гардиданд.

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ 15-уми марти соли 1947 дар деҳаи Оштиёни ноҳияи Сангвор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ фарзанди чоруми Нуриддин Саидов (1900-1982), раиси ҷамоати деҳоти Арғанкӯл, ба шумор меояд. Соли 1953, пас аз он ки ноҳияи Сангвор барҳам дода шуд, мардуми ин минтақа ба водии Вахш кӯчонида мешавад ва хонаводаи Нурӣ низ дар совхози «Туркманистон», воқеъ дар ноҳияи Вахш, маскан мегиранд.

Гуфта мешавад, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз замони таъсиси ҲНИТ дар миёнаҳои даҳаи 1970 раҳбарии онро бар ӯҳда дошт. Дар замони даргириҳои дохилии солҳои 1992-1997 раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин буд ва ба назари коршиносон хизмати ӯ ин буд, ки тавонист гурӯҳҳои мухталифи мухолифини ҳукуматро зери як ливо қарор бидиҳад.
Мӯҳр
худо рахмат кунад хама гузаштахора, дар матн номи совхози Туркманистонро хондаму, хаммоми совхози Туркманистон-штаби С.А.Нури ёдам омад, басо рузхои талх ва бекадрии инсонро ёд дорад ин хаммом.... шхидон мегуянд, ки дар он чо инсонхоро бо сакичи чушонидашуда мекуштанд. яъне ба дахонашон мерехтаанд... агар шохиде аз он рузгор хотироташро нависад, дарси хуб аст барои ояндагон, ё не?????????? Устод КАБИРИ?!

Мурод
Равонат шод устод Нури

Турачонзода:"Ҳеч гоҳ ҷонибдори он набудем, ки барои мансаб як қатра хун рехта шавад. Мо марди сулҳ ҳастем на марди мансабу ҷанг.”
Кози домулло дар хила гумай. Чи хел мансаб намехостед? Пас барои чи як чумхурии тинчу орома гирифтед чазирбод кардед? Подвали козиёт бурдану гушу бини буридан, ахта кардани одамон ва шиор партофтан, ки "тири нахустини шумо мучохидон нахуст ба синаи кулобихо ва комунистхо мерасад", магар аз шумо набуд?

Алй
Козидомуллои "мухтарам" шарм надошта чунин сухан мегуед? Хама чунин гуфт, Шумо хап шинед, зеро яке аз нафарони асосии ба чанги шахрвандй кашидани чумхурй махз ШУМО ХАСТЕД!!! Агар мансабпараст намебудед, пас мансаби муовини сарвазириро кабул намекардед! Агар мансабпарст намебудед, пас рафта як гушаи Ватанро обод кунеду камтар ба сиёсат даст занед, сипас мардум бовар мекунад, ки Шумо рост мегуфтаед!!!

Таърихшо
Турачонзода магар фаромуш кардаи он суханатро ки гуфта буди ки як автомат барои 5 нафар чангандаи мо кифоя хаст. Турачони мухтарам дуругуи торики имон аст аз барои савоб аз Худо тарс.

Оё ба чашмат дидаи? Ин хама тухмат аст! Худо шохид аст дар рузи киёмат хама ошкор мешавад баъд мефахми!

шавкат
ягон маротиба фикр карди ки он кадар хуне бегунохе ки рехти дар ин дунё чавоша нагуфти дар вай дунё мегуии

ХОЛМУРОД
Холмурод Шарипов, раиси вақти Кумиссиюни марказии интихобот аз ноҳияи Панҷакент, ки ҳоло ҳам дар қайди ҳаёт аст, дар гавхора куштани кудаконро даст бастану паррондани одамонро фаромуш накардааст домулло максади ту дигар буд

Турачонзода Нури ва дигару дигар агар Шумон да хамин Точикистон намебидед чанг намешуд! Худи Турачонзода дар вакти чанг гуфта буд паронед тир худаш рафта дар дили душман мезанад Турачонзода Кадом душманро дар назар дошти. Шумон 3 бародаро агар ман сарвари давлат мебудам бадарга мекардам. Аз пушти шумон чи кадар одами бегунох мурд. Турачонзода агар ту мансаб намехости дар чанг номакул мекарди.
Аслан ман тарфдори ЧО нестам, аммо ЧО рост мекунад, ки ранги шумон барин одамхоро сразу чош да мешинонад. агар озод боши чоп кун.

Бо имруз меби овоз баланд мекуни!! Додарат ба наздики дар масчиди Мавлоно шарманда шуд барои шумон дарс намешад? Шарм дореде?


Кози домуллои дар хилла гум, не шарма медонистаю не айба..Мусичаи бегунохе борин гап мезана. Шах,ид мега дилуш ов мешава..Иншооллох пагох дар рузи ч,азо шахидо ай гиребони туву Нури мекапан... Сурати у "кумандони тирои солдатоша малоика рост дар синаи кулобиё мезадагира", яъне Нурира ин кадар рекламаву пиар накун, ки пагох дар ун дунё Нури кати каштал ба каштал нашай...Ма номефахмум ин кози чанд забону чанд руй дошта боша!!!

тахлилгар
Комил ту вокеан тангназар буди, ба ту сухан хайф аст!!!

саид
Ганда хишорай и Турачонзода. Мо шохидем ки Шумо мучохидо дар Орченкизобод чи тавр одамхои рохгузари бе гунохро капида мекуштеду аз куштанам бадтар мекардед. Товба и дуруггуира бин. Сафед кардани сиёх кори осон ва нашаванда аст Хочи бово.

ростгу
пеш пеши лашкари узбаку рус омада миллати точикро нест карданд.ин дар таърих сабт мемонад.

Ман
Албата дуруст кайд карди дустам акнун по ба лаби гур расидан гирифт баъд харгап гуфтан мегиран баъди сулх вазифа гирифта кор карди ку аз худо тарс чавононе, ки аз дасти шумо хок басару дарбадар шиданд чавобашона ки мегуяд. Шумоку ба хар хелаю найранг гаштен чавононеро, ки фиреб карди кучо шуданд дар фикрашон хасти. бо якриши мондаю челаки пушида мардума фиреб мекуни хаёл накун ки Худоро фиреб карда намешавад. баъзеятона Худо нишон дод ва дода истодааст дар хамин дунё.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)