Бахшҳо

Падари сарбози маъюб аз Раҳмон хост ба “дедовшина” хотима диҳад

Нӯъмон Мирзоев, падари сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, ки дар пайи лату кӯб аз ҷониби ҳамхидматонаш маъюб шудааст, аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хост, ба зуҳуроти “дедовшина” дар артиш хотима диҳад.

Мирзоев имрӯз, 14-уми март дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, феълан муроҷиатномаро омода кардааст ва фардо онро ба унвонии раисиҷумҳур равон карда, хоҳиш мекунад, ки қазияи латукӯби фарзандашро дар қисми низомӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ зери назорат бигирад, то дастандаркорон муҷозот шаванд.

Ин падари сарбоз, ки мегӯяд, зиндагияшро бо муҳоҷирати меҳнатӣ таъмин мекунад, илова намуд, ки барои ба по хезондани писараш феълан маблағи ҳангуфт даркор аст ва талаб хоҳад кард, ки масъулин дар табобати фарзандаш саҳм гузоранд.

Ӯ илова намуд, ки ба иттиҳоми латукӯби фарзандаш сарбози дигар Усмон Ғайратов боздошт шуда, тафтишоти парванда алайҳи ӯ идома дорад.
Шаҳбол Мирзоев, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафтааст, вале шаби 8 март аз ҷониби ҳамхидматонаш дар қисми ҳарбии нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ мавриди латту кӯб қарор гирифтааст.

Аз дафтари матбуотии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, масъалаи лату кӯби Шаҳбол Мирзоевро баррасӣ доранд ва нафароне, ки дар ин кор даст доранд, бе ҷазо намемонанд.
Мӯҳр
Сарбози дар истеъфо
"Дедовщина" дар хизмати харби ин як проблемаи гуё халнашаванда мебошад. Хали ин проблемаро хатто Иттиходи шуравии пуркудрат ёфта натавониста буд. Чунки конун дар бораи ухдадории харби рохи хали ин проблемаро муайян накардааст. Харчанд "мушкиле нест ки осон нашавад". Бояд ба хукукшиносон мурочиат намуда ба конунхои амалкунанда тагъиру иловахо дохил намуда проблемаи "Дедовщина"-ро бояд бархам дод. Масалан, дар доираи конун барои часурона ва ошкорона баён намудани даъвои шахси чабрдида нисбат ба ситамгар(чиноят содирнамуда) бо хохиши чабрдида имконияти иваз намудани макони хизмати харби ба дигар макони хизмати харби ки дар натичаи он шахси чабрдида метавонад худро аз тахдиди азобу машаккати оянда аз тарафи боз хамон ситамгар бехатар гардонад. Рохи дигари бархам додани "Дедовщина" мумкин аст чори намудани хизмати алтернативи. Бо ивази пардохти муайян бо хохиши сарбози чабрдида озод намудани у аз давом додани хизмати харби. Умуман бояд рохи аз байн бардоштани "Дедовщина"-ро ёфтан мумкин аст.

воситахои ахбор башари он усмон (морбачча) Гайратовро аз телевизионхо нишон диханд, мардум донанд, ки фарзандони онхо дар хизмат дар дасти кихост, бо кормандони кисми харби барномаи телевизиони ташкил диханд, сардори кисми харби шарх дихад. усмон ки писари корманди генпрокуратура будааст, падараш албатта ба умеди дар пахлуяш чо кардан ба ин кисмати харби барои вактгузарони бурда мондааст, бигузор падари усмон бо ин фарзанди нохалафаш аз телевизионхо намоиш дода шавад. то хамаи ин масъалахоро аз телевизион барномахои ру ба ру набинед, мардум фарзандатонро ба хизмат надихед

Дехкон
Хизматро бояд шартномави кард касе хизмат кардан намехохад маблахашро супорад.шахсе ки ба ватан хизмати харби накардааст ба у мансаби давлати ва идоракуни дода нашавад.дар холати вайрон кардани интизоми харби аз хизмат махрум кунанд.он гох дедофшина гум мешавад.артиш пурзур ва аблава аз байн меравад.дар узбакистон барои писарашро ба армия фиристодан шиноси ман 1000 долар пора дод.шахсе ки ба ватан хизмат накардааст у лоики мансаб нест зеро у ин ватанро дуст намедорад ва обод хам намекунад.

Хизматро шаруномави бояд кард ва ба шахси хизмати харби накарда мансаб набояд дод зеро у ватанро дуст намедорад.касе хохад пули хизматро супорад.ба хотири мансабу вазифа сафи армия пурра ва дедофшина гум мешавад.

Точикбача
Ман хамчун як мардбача фикр мекнам, дедавшина дар хизмат буд, хаст ва бояд монад. Шояд бисёрихо ба ин акида рози нестанд лекин онхое ки дар хизмат буданд албатта инро хуб мефахманд. Бе Дедавшина хизмат-хизмат буда наметавонад!

Дембел
Точикбача,
Дедовшинаро дуст медори-ха? Холо хизмат биё,

Азим
Дедовшяина буд ва холо хам хаст локин маънои онро надорад ки бо лезва дасту пои касеро чок куни еки гарданашро шикани инчо акнун дедовшина не балки котил хисоб меебад.

Амриддин
Ин проблема-бо-дедовщинаи-замони-шурави-рабте-
надорад!Ин--проблемае-аст-ки-миллату-
давлатро-шикаст-хохад-дод!Проблемаи-дедовщ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)