Бахшҳо

Талаби то 30 соли зиндон барои муттаҳамон дар қатли Саъдӣ ва Сорбон

Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиа алайҳи 10 муттаҳам дар куштори Сорбон Музаффарбеков ва Саъдӣ Сатторов дар Душанбе то 30 соли зиндони низомаш сахт бо мусодираи молумулк талаб кардааст.

Тавре Муҳаммадисо Раҷабов, яке аз вакилони ширкаткунанда дар мурофиа ба “Озодагон” иттилоъ дод, айбдоркунандаи давлатӣ аз ҷумла ба бародарон Муродовҳо-Шералӣ ва Ҷаҳонгир мувофиқан 30 ва 6 соли зидон талаб кардааст. Додситонӣ талаб кардааст, ки нисбати Шералӣ Муродови 22-сола, ки аз омилони асосии куштори ду ҷавон дар Душанбе арзёбӣ мешавад, ҳукми 30 соли зиндони низомаш сахт бо мусодираи молу мулк татбиқ гардад.

Барои айбдоршавандаҳои дигар, аз ҷумла барои Камолиддин Тошзодаи 21-сола 23 соли зиндони низомаш сахт бо мусодираи амвол, барои Шарафҷони Абдулазиз 23-сол, барои Кабутов Сайфулло 20 соли зиндон бо мусодираи молу мулк ва Наимов Дилшод-6 соли зиндон бо мусодираи амвол талаб карда шудааст.

Айбдоркунанда талаб кардааст, падари Шералӣ ва Ҷаҳонгир-Салим Муродов барои пешниҳоди ҳуҷҷати қалбакии тиббӣ 3,5 сол зиндонӣ шавад ва духтур Домуллоҷонов, ки ин ҳуҷҷатро додааст, ба миқдори 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ва 5 сол аз ҳаққи машғул шудан ба фаъолияти тиббӣ маҳрум гардад.

Маврид ба зикр аст, ки қатли Саъдӣ Сатторови 25-сола моҳи апрели соли 2013 дар тарабхонаи “Шаҳрисабз”-и пойтахт сурат гирифтааст. Баъдан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълон кард, ҳафт нафари муттаҳам дар куштори Саъдиро боздошт намудааст, ки дар миёнашон Ҷаҳонгир ва Шералӣ Муродовҳо низ буданд.

Дар пайи ин ҳодиса, волидони Саъдӣ Сатторов низ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дархост карданд, то тафтишоти қазияро зери назорати худ бигирад. Волидони ин ҷавони марҳум аз он нигаронӣ карданд, ки гӯиё қотили эҳтимолии фарзандашон аз оилаҳои бонуфузи Тоҷикистон аст ва дар гузашта низ аз ҷавобгарӣ барои чандин ҷиноятҳои вазнин халос шудааст.

Ин афрод инчунин дар куштори Сорбон Музаффарбеков, муштзани тоҷик, ки 26 августи соли 2012 дар наздикии тарабхонаи “Бешаи палангон”-и шаҳри Душанбе бо зарби корд захмӣ шуда, баъдан дар бемористон ҷон дода буд, муттаҳам мешавад. Мақомот дар марги ӯ Шералӣ Муродови 22-сола, Камолиддин Тошзодаи 21-сола ва Абдулазиз Шарифҷони 24-соларо айбдор мешуморанд.
Мӯҳр
ФЯ
Ходиса 26 августи 2012 рух додааст нав акнун айби онхо бароварда мешавад!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)