БДА: Шаҳодатномаҳои иштибоҳдоштаро иваз мекунем

Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия бархе аз хатоиҳоро, ки рӯзноманигорон дар шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ ёфтаанд, таъйид намуда, афзудааст, ин ҳуҷҷатҳо иваз карда хоҳанд шуд.
Ин ниҳод ба ҷои ҳарфи Ҷ дар ҳуҷҷатҳои ронандагии нави биометрӣ навишта шудани Ч ва дар баргардон ба англисӣ “CH”-ро саҳви кормандонаш хонда, таъкид намудааст, барнома худаш хатогии ҳуруфчиниро ҳангоми ҳарфҳои як алифборо ба ҳарфҳои алифбои дигар баргардонидан ҳарфи “Ч”-ро ба “СН” иваз намудааст: “Шаҳодатномаи ронандагии бо чунин хатоиҳо тайёркардашуда иваз карда мешаванд.”
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ғалатҳои дигарро, ки расонаҳо дар матлабҳояшон номбар кардаанд, рад кардааст: “Дар бораи як хатоии дигаре, ки гуё ҷой дорад, калимаи «Licence» (Шаҳодатнома) аст, ки ба гӯиё тарзи дурусташ «License» мебошад. Агар ба луғати оксфордӣ нигарем маълум мешавад, ки дар ҳолати мазкур истифодаи калимаи «License» нодуруст мебуд.”
Дар мавриди он, ки “ҷумхурӣ” ба англисӣ “JUMKHURI” ва ВКД ба “VKD” баргардонда шудааст, БДА талаботи “Конвенсия оид ба ҳаракат дар роҳ”-ро далел овардааст, ки тибқи он ҳамаи навиштаҷоти дар шаҳодатнома ҷойдодашуда бояд бо ҳарфҳои лотинӣ баргардон карда шаванд: “Барои мисол, дар шаҳодатномаи ронандагии Белорусия, Русия ва Украина “ГАИ УВД Миноблисполкома” ба забони англисӣ тарҷума нашудааст. Танҳо ҳарфи як алифбо ба ҳарфи алифбои дигар навишта шудааст. Яъне “GAI UVD MINOBLISPOLKOMA”.”
Ин ниҳод бори дигар зикр кардааст, ки шаҳодатномаҳои ронандагии қаблӣ, ки дар дасти шаҳрвандони ҷумҳурӣ мондааст то ба итмом расидани мӯҳлати истифодаашон қобили амал мебошанд ва ивази шаҳодатномаҳои ронандагӣ ихтиёрӣ сурат мегирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |