Бахшҳо
15 мар 2014 16:09Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

"Дар сояи мунофиқони ҲНИТ": Филми нав алайҳи наҳзатиҳо дар Ютуб (ВИДЕО)

Дар шабакаи Ютуб имрӯз, 15-уми март зери унвони “Дар сояи мунофиқони ҲНИТ” филме нашр шуд, ки дар он Ҳизби наҳзати исломӣ гунаҳкори асосии даргирии солҳои 90-уми Тоҷикистон ва нерӯи нооромкунандаи ҷомеаи муосири тоҷик арзёбӣ шудааст.

Дар ин филм, ки зери тамғаи “фронт.тв” паҳн гардидааст, аз нооромии солҳои 90-уми Тоҷикистон ёдоварӣ шуда, пайравони ҲНИТ айбдор карда мешаванд: “Ҷангиёни наҳзатӣ бо симои ваҳшиёнаи хунгирифта, бо ришу фаши бадҳайбат автоматро дар китф мегузоштанду қонунро зери пой мекарданд.” Инчунин аз собиқ размандагони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, аз ҷумла Ризвон Содиров, Раҳмон Сангинов, Мансур Муваккалов ёд шуда, бо гирифтани номи Абдуллоҳ Раҳимов (Муло Абдуллоҳ), Аловиддин Давлатов (Алии Бедакӣ) бо бародараш Ҳусниддин Давлатов дар якҷоягӣ “дастпарвардаҳо”-и ҲНИТ хонда мешаванд.

Муаллифони ин филм, аз ҳодисаҳои Баҳори арабу Украина ва задухурди мусаллаҳонаи 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон низ ном гирифта, ҳушдор медиҳанд, ки “ҳоло замоне расидааст, ки абарқудратҳо ба ҳаракатҳои ба мисли ҲНИТ такя карда, барои манфиати геопалитикии худ кишварҳоро тақсим мекунанд.



Дар ин навор гуфта мешавад, пайравони наҳзат гӯиё ба хотири пулу мол ба ҳар кор омода мебошанд: “Аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёр шудани Тоҷикистон гуруҳҳои алоҳидаи сустирода ба монанди Наҳзат таҳти фикру андешаи гуруҳҳои ифротии хориҷӣ қарор гирифта, кишварро ба гирдоби дохилию кашмакашиҳои мусаллаҳона рӯбарӯ карданд." Инчунин иддаои масъулини ҲНИТ дар бораи фишори мақомот рад шуда, таъкид мегардад, ки гузоришҳои телевизионии мақомоти амниятӣ дар бораи ҷинояткории наҳзатиҳо бодалел ва асосноканд.

Нашри ин навор дар ҳолест, ки рӯзи 14-уми март ҲНИТ ба хотири шаҳидон ҳамоиши ҷумҳуриявии “НУР”-ро баргузор кард ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, зимни он гуфт, ҳоло ҳар кас худро қаҳрамони сулҳ меҳисобад ва ҷониби дигарро сиёҳ мекунад. Кабирӣ зарур хонд, ки дар даргирии солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон бояд ҳар ду ҷониб эҳсоси масъулият кунанд ва ба ҷои якдигарсиёҳкунӣ пешниҳод кард, ки дар кишвар як рӯзи тавба эълон гардад. Кабирӣ ҳамчунин хост, рӯйхати шаҳидони ин даргирии шаҳрвандӣ таҳия шавад ва хотири онҳо пос дошта шавад.
Мӯҳр
Музаффар
Дигар ходисахои солхои 90-умро хама дарк карда, фахмиши мардум зиёд шуд ва холо то талабаи мактабхонро пурси, медонад, ки сулх хеч гох аз як чониб намешавад. Мисол бо 1 даст карсак намешавад. Дар ба имзорасии сулх сахми ХНИТ хеле зиёд аст. Агар мардонавор ярокхоро ба замин намегузоштанд, холо аз сулх нишоне намемонд. Ва чунин филмхои якчонибаи пуч танхо номи хамон тахиягар ва фармонравоёнашро паст мекунаду халос. Хатто дар Холливуд филм омода созед хам хунрезихое, ки фронти халки кард аз мадди назар дур намемонад. Барои хамин аз ин сиёхкунихо бояд боз истед ва хар гурух хатои худро эътироф карда аз мардум узр пурсад. Зикр кардан ба маврид аст, ки чанги бародаркуши кахрамон НАДОРАД!!!

Дигар ходисахои солхои 90-умро хама дарк карда, фахмиши мардум зиёд шуд ва холо то талабаи мактабхонро пурси, медонад, ки сулх хеч гох аз як чониб намешавад. Мисол бо 1 даст карсак намешавад. Дар ба имзорасии сулх сахми ХНИТ хеле зиёд аст. Агар мардонавор ярокхоро ба замин намегузоштанд, холо аз сулх нишоне намемонд. Ва чунин филмхои якчонибаи пуч танхо номи хамон тахиягар ва фармонравоёнашро паст мекунаду халос. Хатто дар Холливуд филм омода созед хам хунрезихое, ки фронти халки кард аз мадди назар дур намемонад. Барои хамин аз ин сиёхкунихо бояд боз истед ва хар гурух хатои худро эътироф карда аз мардум узр пурсад. Зикр кардан ба маврид аст, ки чанги бародаркуши кахрамон НАДОРАД!!!

Тахлилгар
Газаби Худо ва лаьнати халк бар ононе ки чанги шахрвандиро ба як чониб бор мекунанд. Ое шарм намедоред ки аз ин навори шумо фахмида намешад ки созандаи ин филми дуругин ки бошад. Магар аз чи метарсед ки агар вокеан ХНИТ гунахкор бошад расман онхоро тахкик намекунед. Аз Худо битарсед ва тухмату бухтонро бас кунед ва чомеаро ба бесуботи оварда нарасонед, мухтарам ватандустдорони беватан!!!

Охир бо ин филмхову чангчуиятон хашми мардумро бар зидди худ боз хам меафзоед,бехуда нагуфтаанд,арча аз дохили худ алоб мегирад...

Салох
Инхо мардумро чунин беакл мешуморанд ва фикр мекунанд, ки ин сафсатахое, ки дар ин видеоролик аст хама ба у бовар мекунанд. Аммо ин хама сад дар сад дуруг аст ба ин гапхои ахмакона хечгох бовар накуненд!!!!!

савол
савол??????????????????
1) фронти халқро ки ташкил кард(оё дар Термиз идеяаш ба миён наёмад)
2) танку туп ва МИГ ҳои кадом кишвар аз кадом тараф ҳимоят мекарданд
3) дар Ромит то Тоҷикобод ва ҳатто Ҷиргатол артиши кадом кишвар тоҷиккушӣ мекард ва дар канори ин тоҷиккушҳо ФРОНТи халқ буд ё НАҲЗАТ
4)Ислом Каримов ба падари чи касе монанд эълом шуд ва ки уро ПАДАРИ миллат хонд
5) двизяи 2001 Русия бо тамоми имконот аз ки ҳимоят мекард
6)Аз Шаҳритус то Қурғонтеппа бо ризоияти чи касе портрети Ислом каримов дар кобинетҳои идораҳои давлатӣ гузошта шуда буд
ва ........
Ҳоло хулоса бароред ки ки ватанпараст ва ки ватанфуруш ва бегонапараст аст.

Шам
Фоида надорад!!! Хама медонад, ки миллати точик имруз аз хукмати хозира зиёдтар зарар дида истодааст!!!

Ин филм рост аст, ки яктарафа бахо додааст. Аммо 99% рост аст.
Ин хаммаш айби Набиев президенти хамонвакта, бояд ин намуд одамхоро дар чояш Ин айби хукумат хам нест ва айби ХНИТ хам нест. Ин айби Рамон Набиев. Бояд ранги Ислом каримов талпая тамом.


Хаким
ХНИТ бо мучохидонаш ХНИТ буд, хозир бошад як контораи Кабири бо акаву хохару дигар авлодаш шидаст. Турачонзода бошад як шахси мансабпарасте аст, ки садхо бародарона ба чанг кашиду дар рузи вазифа будан ба оилахои онхо кумаке нарасонд. ХНИТ набояд хамчу хизб бошад, бигузор бо номи дигар Кабириву Турачонзода бо Хукуматихо мубориза баранд.

Ман рости тарафдори хеч кадоме аз ин гурухо нестам чунки онхо хамааш айбдоранд Лекин ман хайронам чаро ин тарафдорон аз он куштору вахшигарву тачовузу хунрезиро одамони Сангаку Файзаливу лангари ва дигарон карданд чизе намегуянд Кахрамонони фронти халки дар вахшигари ва хунрези аз мучохидони Нури камие надоштанд. ва дар базе мавридхо хато гузарлонданд Аапазитси хозир бе чангиён ва ярок аст кумандохояшон кушта шудан е дар махбасанд агар помирро дар назар нагирем. Лекин чаговарони фронти халки имруз гинералу пуркурору раисанд Барои хамин аскарбачахои бечораро гардан мешикананду чавононро ба хар бахона махбас мекунанд чунки ин афсарони имруза ччандруз пеш рутбаву вазифаро бо гирфтаанд Дар мавриди сулх бошад чихеле ки вохидхои махсуси Каримов вва гинералони росия чангро тархирези карда буданд хамон хел сулхро низ пойдор карданд ва баьзе самазиванцхо ки аз худ кахрамон месозанд гуё сулх оварданд ин беакли аст

Tojik
In filmi handaovar ast va safsatai holist, Hamai rohro dareg namedorand davlatdoron baroi Hizbro sioh kardan. Vo tovba kardam alloh, in davlatdoron az islom ru gardonda boshand ki in kadar islomro sioh mekarda boshand ? Amrico dushmani hudo metarsad in guna filmhoro tayor kunad, Bubined musalmononi hudamon ba ziddi dini hudo mejangand, Va one ki guftand davlathoi abarkudrat musalmonhoro istifoda karda davlatro noorom mekunad, in chunin nest. In afsonahoro ba mardum nakl nakuned. Davlati mo dushmani islom ast ba fikri man.

Vahdat baroi yk khonavoda chi? Kiho baroi in rasidan ba in vahdat jonbozi kardandu oila tamomo tojikistonro khurda istodaast. Bas ast durugh va kharobkardani afkori bemagzi mardum.

Бо тамошои видеои мазкур БОВАРИИ МАРДУМ НИСБАТИ ХНИТ зиёд шуд, аммо кам нашуд. ПОКТАРИН АКИДА ВА СОЛИМТАРИН ХНИТ аст, айни хол. БО чанг хеч касро натарсонед, Хеч кас чангро намехохад. ЧАНГ ИН БАДБАХТИ аст, ва боз бояд гуфт, ки махз бо хамин икдом ба чанг замина гузошта истодаед. инро донед. Мардум хуб мефахманд чи САФЕд асту чи СИЁХ. Ва баъдан агар Амрико манфиатдор мешуд кайхо хадафхои худро на тарики ХНИТ балки лозим бошад тарики мансабдорони зархар амали мекард. хаминхел идома ёбад на давлати дигар балки худ аз дохил нотинчи мешад. Вале чи хел нотинчи мешавад ин суоли асоси аст? нотинчии минбаъда зудхалшаванда мебошад. зеро дар солхои 90 ду чониби калон мечангид. индаф бошад бовари дорам чонибе хеле заиф аст. Дар кишваре, ки боварии мардум хаст, албатта ин мустахкамии хокимият ва амнияти он мебошад.

Еее хаму гурухе,ки хамин наворхоро чам кардед ва дар байни мардум фитна меандозед, яу бор фигр кунед охир чи шумора сари рох гирифтааст ки чунин наворхоро пешкаши мардум мекунед.....гуфти бародари дар боло зикр кардашуда агар укадаре мехохед ХНИТ-ро аз байн баред равед аз пеш аник кунед ва аз байн баредаш...Лекин дониста гиред ки ин хизб на аз мо аст ва на аз Кабирию дигару дигар Ин хизб хизби АЛЛОХ аст ва рохбари у факат АЛЛОХ худаш аст ва хеч кас уро аз байн бурдан нахохад тонист.... ба худо касам ин кори кардаи шумо ва хар хару хингалае ки гунох мекунад ва худро аъзои хизби нахзат хисоб мекнад инро хатто девона мефахмад ки ин ба гуфти руссхо ТЕМА аст..... ба худо айб аст ...........

Садкаи номи Ислом шави ту

Саид
Дар ин навор гуфта мешавад, пайравони наҳзат ГУИЁ ба хотири пулу мол ба ҳар кор омода мебошанд:

Озодагон барои чи ГУИЁ? хамаи ин суханхои видео рост аст ва дигар чои гуиёву пуё нест

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)