Бахшҳо
17 мар 2014 14:17Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Боздошти боз як нозири барқ барои қаллобӣ

Оҷонсии мубориза бо фасод алайҳи як нозири барқ дар шаҳри Хуҷанд ба итиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Тавре Дилшод Зарифов, масъули Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Суғд ба “Озодагон” иттилоъ дод, феълан ин нозири барқ боздошт гардида, дар он айбдор мешавад, ки ба сифати назоратчии шўъбаи фурўши барқи шаҳри Хуҷанд, аз соли 2009-ум инҷониб бо роҳи фиреб 1500 сомониро аз они худ намудааст.

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл низ дар шимоли кишвар як нозири дигари барқ боздошт шуда буд, ки ҳаққи барқро аз муштариён ҷамъ карда, ҳамаашро ба хазина насупоридааст: “Аз ҷумла аз муштариён ба миқдори 49 ҳазору 101-сомонӣ ҳаққи барқро ҷамъ намуда, аз ин миқдор 44 ҳазору 883-сомониро ба хазинаи шӯъбаи фурӯши барқи ноҳия супорида, боқимонда 4 ҳазору 218-сомониашро ғайриқонунӣ аз худ кардааст.”

Масъулини “Барқи тоҷик” қаблан вазъи бади молиявии ин ширкатро ба фаъолияти нозирони барқ рабт доданд, ки вазифаашонро аз рӯи виҷдон иҷро намекунанд.
Мӯҳр
Карим
Ба очонси зидди фасод "медалу орден" додан даркор, дузди калона доштааст.Чи лозим чашми мардуда хок пошидан ай дуздой калонаш доля мегиред чи ягонтааша намедоред.

Маъруф
Як бор Донишгохи омузгори биё бад мефахми корупсия чияй, аз кабулу бугалтерияш сар карда то кадрои интихоб кардагишон!

Беном
Озодагон як хазору панчсад сомони аст? Фикр мекунам зиёд будагист.

Шарифхуча
Як бор грантхои бахрома дар донишкадаи молия бинед сони мефахмед ки корупсияаш чи будааст

daler
кош як бор ягон хеши наздики калонора дастгир кунанд - яке аз домодхои Бентли е БМВ саворро, е писарони Хукумовра

порсо
агентии зидди фасод худаш фасодзада аст як бор рахмон ба макомоти прокуратура супориш дода хамаи молу амволи ба даст овардаи кормандони агентиро санчида а нуктаи назари конун бахойи хукуки дода сирри онхоро бояд фош кунад лекин баройи ин гумон длорам хеч вакт ин корро худи рахмон намехохад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)