Мақомоти тоҷик: Тафтишоти сарбурии Раҳматшоевро дар Маскав пайгирӣ дорем
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи куштори ваҳшиёнаи Шоҳҷон Раҳматшоевро, ки охири моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Маскав рух додааст, пайгирӣ мекунад.
Дафтари матбуотии Додситонии кул иттилоъ дод, ки феълан дар робита ба ин куштори ваҳшиёна ба Прокуратураи генералии Русия дархост фиристодаанд. Манбаъ бо такя ба иттилооти пешниҳодкардаи мақомоти рус мегӯяд, ҷасади Раҳматшоев 26 декабри соли 2013 дар кӯчаи ба номи генерал Антонови шаҳри Маскав бо ҷароҳатҳои зиёди халанда дарёфт гардидааст: “Аз рӯи ин ҳодиса мақомоти тафтишотии Русия тибқи моддаи 105 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ин кишвар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, феълан тафтишот идома дорад. Маҷмӯи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва ҳаракатҳои тафтишотӣ барои муайян намудани ҳама ҳолатҳои ҷинояти содиршуда ва шахси онро содирнамуда ҷараён дорад.”
Қаблан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар мавриди қатли ваҳшиёнаи Шоҳҷон Раҳматшоев, дар Маскав ба унвони сафорати Русия дар Душанбе нотаи эътирозӣ фиристода буд. Ҷасади Шоҳҷон Раҳматшоеви 32-сола шоми 26 ба 27 декабри соли ҷорӣ дар минтақаи ҷанубу ғарбии шаҳри Маскав пайдо гардид, ки сар аз тан ҷудо буда, дар баданаш беш аз захми 25 корд дида мешуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |