Бахшҳо
18 мар 2014 09:12Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Усмонов: Ҳамҳизбашонро гӯш намекунанд, чӣ расад ба ҳизби дигар...(ВИДЕО)

Ҳумайрои БАХТИЁР

Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон азм дорад, то маҳфиле бо ширкати аҳзоби сиёсии кишвар баргузор намояд. Усмонов дар шарҳи ин тасмимаш ба “Озодагон” гуфт, ки чунин зарурат вуҷуд дорад, аммо ӯ феълан муътақид нест, ки аҳзоби сиёсии кишвар тоқати шунидани ҳарфи якдигарро доранд. Ҳадафи дигарашро Усмонов аз баргузории ин маҳофили сиёсӣ муайян сохтани нақши ин ё он ҳизб дар солҳои 90-уми асри гузашта гуфт:

“Ман аслан намедонам, ки Ҳизби комунистии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ чӣ мавқеъ дошт. Гап сари коммунистҳо намеравад. Гап сари ҳизб меравад. Умуман фаҳмиши мо дар бораи аҳзоби сиёсӣ якранг нест. Барои мисол мо дар Тоҷикистон як ҳизби демократӣ ба вуҷуд овардем, ва ҳоло се ҳизби демократӣ фаъолият мекунад. Ин Ҳизби демократии платформаи Душанбе, платформаи Алма-ато ва платформаи Теҳрон. Вақте ҳизбҳо ҷамъ шуданд, касоне ба қудрат омаданд, ки аслан барои ташкили ин ҳизб дахл надоштанд. Барои ман фақат як савол вуҷуд дорад, ки онҳое, ки дар бораи ҳизбҳояшон гап мезананд, ё онҳое, ки дар бораи ҳизб гап мезананд, оромона ҳарфашона гуфта ва гапро қабул карда метавонанд ё не. Ҳар вақте эҳсос кардам, ки мо метавонем суҳбат бикунем ва барои шунидани гапи якдигар омода ҳастем, дуруст гап зада метавонем, он вақт маҳфил меороем.

Озодагон: Яъне мавзӯи суҳбат атрофи мавҷудият ва фаъолияти аҳзоби сиёсӣ хоҳад буд?

И. Усмонов: “Умуман, атрофи он суҳбат хоҳад буд, ки ин ҳизбҳо чӣ қудрат доранд, чӣ гуна метавонанд барои ободии кишвар кӯмак кунанд. Гуфтугуҳо атрофи он мешавад, ки аз паёмҳои сиёсӣ ба ҳизби парлумонӣ наздик шуда метавонанд ё не.”



Озодагон: Ишора бар он доштед, ки ин маҳфилҳо дар сурате баргузор мешаванд, ки агар ҳизбҳои сиёсӣ омода бошанд. Ба ибораи дигар ҳоло аҳзоб омода нестанд, то ҳарфи якдигарро бишнаванд?

И. Усмонов: Ман гумон мекунам, ки ҳизбҳои мо ҳар кадом дар ҳамон қолаби худ ҳастанд. Баъдан он ҳизбҳое, ки ба платформаҳо ҷудо шудаанд, ба ҳарфи якдигар гӯш намедиҳанд. Онҳо ба ҳарфи ҳамҳизбиашон гӯш намедиҳанд, чӣ расад ба ҳизби дигар.”

Озодагон: Дар маҳфили мазкур ҳангоми муарифии ин идея, ширкатдорон ишора доштанд, ки барои баргузории ин гуна маҳофил ҳоло 10 соли дигар лозим аст...

И. Усмонов: “Шояд онҳо дуруст мегӯянд. Мумкин онҳо шинохти бештар доранд. Аслан, ман ҳам савол додам, ки чунин маҳфил бошад ё на? Чунки ман ҳам шубҳа дорам, ки ҳизбҳои мо барои гуфтану шунидани гапи якдигар омода ҳастанд. На танҳо ҳизбҳо, маълум нест, ки мо ҳам омода ҳастем ё не. Ман атрофи ин масъала фикр мекунам, агар худамро бовар кунонида тавонистам, шубҳаҳоро бартараф кардам, баъд ба ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳод мекунам.”

Озодагон: Агар рафту худро муътақоид карда тавонистед, пас баргузории ин гуна маҳофил кай дар назар аст?

И. Усмонов: “Агар худро бовар кунонидам, дар нимсолаи дувум чанд маҳфили мо ба ин мавзуъ бахшида хоҳад шуд.
Мӯҳр
Ин хизбхои сохтагии Шумо Точикистонро гулу булбул кард бинобар хамин хам 2млн халки точик дар Россия сарсону хайрону саргардон. Ана ин Демократия

Усмонов, ту чиву хизббози чи, пир шуди, дигар ба касе лозим нести, рав кори пириатро кун

Усмонов: хизби " ну пагади"- ташкил мекунад.

дар хакикат одам пир шид харзагу мешава охи ягон вакт хами мардак ягон гапе нагуфтай ки якта гушш кна баъд доду фигон мекна ки мара хамхизбом гушм намекнан хай оли мегемшон ки кам кам гушт кнан

Салим,
Усмонов чизеро мегуянд, ки хелехо намефахманд, мутаассифона. Хизбхо имруз ба як бозичаи рохбарон табдил ёфтаанд ва дар чомеа накши бориз надоранд. Чамъомади ахзоб ва муколамаи бофархангонаи онхо барои рушди Точикистон хеле зарур аст. То як вилояти абаркудрате нагардем...

Муаллим
Шестёркаи ХХДТ аст. Ин шубха дар интихоботи гузашта ру зад. Барои ихтилоф андохтан дигар хизбхоро чамъ мекунад, зирак бояд буд.

Шоди
Наход надонед,ки хамин хизби коммунист аз эъломияи Истиклолияти Точикистон рузи 9-уми cентябри cоли 1991 пуштибони накард ва дар катли оми точикон дар соли 92-93 хамрохи хадамотхои чосусии узбакхо ва урус накши калиди дорад!Хаминхо Чорч Вашингтони точик Аслоновро,ки чун Чорч эъломияи истиклолиятро имзо кард катл карданд!Барои ин русиёхияшон баъд аз 100 сол хам бошад назди миллат чавоб хоханд гуфт!

Dev
1 tojike,ki tavoni 2 tojikro ba ham ovardanu , barodarona suhbat kardanro dorad ,in alakaj tavonoist , millatdustist.

Ба Хизбул(л)о. Инаш пир шуд. Инаш чавон аст. Ту а гапи киро гуш мекунй. . Устод Усмонов рост мегуяд. Барои гуш кардан даркор.

порсо
шумо шахси хукуматиед чи кор мекунед худнамойи карда .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)