Бахшҳо

"Ҷаҳони андеша” ё “Иттиҳоди бехудоён”?

Хайриддини Қосимӣ

Нахуст вазифаи худ медонем, ки аз бародар Амруллоҳи Низом барои матлаби ифшогарона дар заминаи баррасии китоби куфромези «Ҷаҳонбинии оянда» (Рӯзгор, шумораи 7, 19 - 26 феврали 2014) изҳори ташаккуру қадрдонӣ ба амал оварем. Маҳфилҳои сиёсӣ ва андешакадаҳои умдаи ҷаҳон бар ин нукта эътироф доранд, ки мактаби моддигароии атеистӣ ба унвони идеология дучори бӯҳрони шадиди ақидатӣ гардид ва андешаи ботили бехудоии он ба партовгоҳи таърих рехта шуд. Аммо иддае аз файласуфмаобони моддигаро ҳанӯз ҳам аз андешаи ботили худ даст барнадоштаанд ва ба шиддат дидгоҳи бехудоии бепояву асосро матраҳ мекунанд. Намунаи ошкори ин андешаи гумроҳкунанда китоби чанд донишманди тоҷик ба сарварии Комили Бекзода таҳти унвони “Ҷаҳонбинии оянда” (Интишороти Кайҳон, Душанбе, соли 2013) мебошад. Аҳли илму фарҳанг ёд доранд, ки дар соли 2007 Комили Бекзода бо навиштани мақолаи таҳқиромезе андешаҳои орифи бузург Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ин мутафаккири мусалмонро, ки бо Қуръони маҷид ва аҳодиси набавӣ ороста шуда ва ҷаҳони бӯҳронзадаи мошинии имрӯзро тасхир мекунад, зери суол бурда буд. Албатта, дар он замон Бекзода посухи худро гирифт, вале далелҳои донишмандон таъсире дар афкори ботили ӯ надошт, ки имрӯз иддаъои мактаби атеистии нобудшударо дубора матраҳ мекунад. Дар ин чанд рӯз Бекзода ва ҳаммаслаконаш аз тариқи расонаҳои хабарӣ талош карданд, ки баҳсҳои эҷодшуда перомуни китоби куфромези “Ҷаҳонбинии оянда” ро ғаразварзона ҷилва диҳанд. Комили Бекзода ва ҳаммаслаконаш дар саҳифаи 6 и ин китоби гумроҳкунанда муддаӣ шудаанд, ки “Худо қаҳрамони асосии афсонаҳои динии мост. Мо одамон Худоро ихтироъ кардаем. Барои он ки моро баъди мурдани баданамон бори дигар зинда кунанд ва ба ин ҷаҳони зебо бозгардонанд, образи Худоро офаридем”. Ин андешаи аҳли маҳфили “Ҷаҳони андеша” такрори иддаъоҳои даҳриёни гузашта ва атеистони феълӣ мебошад, ки ба таври ошкор бо вуҷуди мушоҳидаи нишонаҳо ва осори қудрати Худованди ягона вуҷуди ӯро инкор мекунанд. Албатта ин ҳарф ҷои тозагӣ надорад ва дар гузашта низ пайравони ин тафаккур вуҷуди Холиқи якто ва зинда шудани пас аз маргро афсонаҳои қадимиён (асотирул аввалин) медонистанд.

Онон ҳатто бо нашри матлабе дар сайти Озодагон даст ба домани ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон шудаанд, ки ба иддаои ин гурӯҳ барои ба вуҷуд наомадани нооромиҳо ва халалдор нагардидани амнияти кишвар ба мақсад мувофиқ медонем, ки ниҳодҳои қудратӣ ва амниятӣ аз чунин амалҳои ғаразнок пайгирӣ ва ҷилавгирӣ намоянд(7 март). Ҳоло метавон ин пурсишро матраҳ кард, ки чӣ касоне барои ба истилоҳ халалдор нагардидани амнияти кишвар талош ба харҷ медиҳанд? Ононе, ки бо навиштани китоби куфромези Ҷаҳонбинии оянда эҳсосоти миллиардҳо нафар масеҳӣ ва мусалмони муъминро бармеангезанд ё афроде, ки посух додан ба ин навъ афкори ботилро ҳаққи имонӣ ва қонунии худ медонанд?

Барои исботи вуҷуди Худо аз овардани далели кофӣ аз донишмандону мутафаккирони исломӣ ба ин иллат, ки Бекзода ва ҳамфикронаш аслан исломро қабул надоранд худдорӣ мекунем. Аммо бо зикри суханоне аз Алберт Эйнштейн, нобиғаи қарни 20 ва поягузори назарияи нисбият, ки ин кашфиёти ӯ муҷиби пешрафти илмҳои гуногун шуд, умедворем Бекзода ва гурӯҳаш ин далелро қабул кунанд. Зеро онон ҳадди ақал аз Эйнштейн донотар нестанд. Вай мегӯяд; Дар олами маҷҳул, нерӯи оқил ва қодире вуҷуд дорад, ки ҷаҳон гувоҳи вуҷуди ӯст. (Китоби Исботи вуҷуди Худо с. 76).

Барои ҳар инсоне муъмин ва соҳибхирад ин пурсиш пеш меояд, ки ба чӣ далел мутафаккирони бузурги масеҳӣ, аз ҷумлаи донишмандони илмҳои таҷрибӣ бо ошноӣ бо Қуръон ба ин китоби осмонӣ имон меоваранд. Вале теъдоде аз файласуфони мусалмонзода баръакс бар куфри худ меафзоянд. Дар ин замина ба чи гунагии ислом овардани доктор Морис Букой, пизишк ва колбадшикофи фаронсавӣ ишора мекунем. Вай мегӯяд: Ман барои пажӯҳиш ва колбадшикофӣ аз ҷасади мумиёишудаи яке аз Фиръавнҳои Мисри қадим ба ин кишвар даъват шудам. Ҳангоми колбадшикофии ҷасади мумиёишудаи ин Фиръавн осоре аз намакро дар даҳони ӯ пайдо кардам. Вақте, ки ин мавзӯъро бо донишмандони мусалмони мисрӣ дар миён гузоштам онон гуфтанд, ки ин маънӣ дар китоби Қуръон омадааст ва Фиръавн дар рӯдхонаи Нил ғарқ шудааст. Барои ман бисёр ҷолиб буд, ки бо асли достони Фиръавн дар Қуръон ошно шавам ва натиҷаи ин пажӯҳиш муҷиби мусалмон шуданам гардид. Доктор Букой китобе таҳти унвони Муқоисаи миёни Таврот, Инҷил, Қуръон ва улум навиштааст, ки ба бисёре аз забонҳои дунё, аз ҷумла, арабӣ, русӣ, англисӣ ва форсӣ тарҷума шудааст. Мо аз ин китоб танҳо як далели илмии нависандаро дар боби мароҳили офариниш зикр мекунем. Вай дар сафҳаи 201 -и ин китоб бо зикри оёти 54 аз сураи Аъроф ва 9 то 12 аз сураи Фуссилат менависад; Дониши нав мегӯяд, ки ҷаҳон аз ҷирми газӣ (духон) бо даврони кунд ташкил шуда ва ҷузъи аслии он ҳидружен ва бақия ҳелиюм (гелий) буд. Сипас ин абр ба пораҳои зиёде бо андоза ва ҷирмҳои қобили мулоҳизае тақсим шуд ва ҳамин ҷирми газӣ баъдан каҳкашонҳоро ташкил дод. Ва дар асари фишорҳо ва нерӯи ҷозиба ва партовҳои ворида заминаи шурӯи вокунишҳо (гармо-ҳастаӣ) шуд ва аз атомҳои сода атомҳои сангин ба вуҷуд омад. Ва ҳидружен ба ҳелиюм ва сипас карбон ва оксижен табдил мегардад то ба фулузот ва шибҳи фулузот мунтаҳӣ мешавад. Ҳамон тавр, ки дар оёти 9 то 11 и сураи Фуссилат зикр шудааст: сипас ба хилқати осмонҳо пардохт ва он дуде буд. (духон-газ). Вай дар ин маврид аз сер Ҷеймс Чинз донишманди фалакшинос мисол меоварад, ки гуфтааст, моддаи кавн аз газҳое, ки дар фазо интишор дорад оғоз гашта ва аз тарокуми (зичии) ин газҳо сидиюм (абри ғализ) падид омадааст. Доктор Букой бо зикри ояи 10 и сураи Луқмон мегӯяд, ки Худованд ба воситаи сутунҳои номаръӣ (диданашаванда), ки имрӯз аз онҳо ба онҳо ба унвони нерӯи ҷозибаи умумӣ ёд мешавад, карроти (курраҳои) осмониро устувор гардонд.
Аммо пурсиши аслӣ ин аст, ки модоме аъзои маҳфили Ҷаҳони андеша ба худ иҷоза медиҳанд дар кишваре, ки ба иддаъои масъулонаш беш аз 98 дарсади мардуми он мусалмон мебошанд, вуҷуди Худоро инкор намоянд ва табиист тарҳи ин мавзӯъ бо вокуниши шадиди соҳибназарон ва донишмандони исломӣ рӯбарӯ хоҳад шуд, бояд ҳақ бидиҳанд, ки дигарон низ метавонанд дидгоҳи худро баён кунанд. Зеро Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон аз ҳисоби молиёти мардуми мусалмони тоҷик фаъолият мекунад ва агар иддае бо истифода аз ин манбаи молӣ аслу асоси эътиқоди беш аз 1,5 миллиард мусалмони рӯи ҷаҳонро зери суол бибаранд, бояд дар интизори посухи кубанда ба афкори ботили хеш бошанд.

Мо дар Тоҷикистон тайи як даҳаи ахир шоҳиди се маврид аз таҳқиру тавҳин ба арзишҳои эътиқодии ҷомеаи мусалмони ин кишвар будем. Нахуст фарде ба исми Абдураҳмон Бобоев, баъдан шоир Зиё Абдулло ва инак Бекзода ва ҳаммаслаконаш ба худ иҷоза медиҳанд, ки бо фаротар гузоштани по аз ҳадду андозаи озодии баён андешаи вуҷуд надоштани Холиқи ягонаро матраҳ намоянд. Ин дидгоҳ натиҷаи таҳаррукоти маҳфилҳои бегона аст, ки имрӯз теъдоде аз донишмандони ба истилоҳ файласуфони моддигарои даврони шӯравиро водор ба баёни чунин дидгоҳҳои куфромез мекунанд. Мисоли рӯшани ин навъ ҳаракатҳо дар силсиламақолоти Дмитрий Семушин дар сайти Регнум таҳти унвони Файласуфони марксистӣ ва гомосексуализм (01. 03. 2014) баён шудааст. Бар асоси ин навиштор дар солҳои 2008 ва 2010 Сандуқи ҷаҳонии умури занон аз Амрико ва дар соли 2011 аз созмони Шӯрои вазирони кишварҳои шимол маблағҳои зиёде ба ҳисоби бунёди Ракурс дар Донишгоҳи Архангелский Русия, ки аксари масъулони ин ниҳод файласуфони собиқи марксистӣ мебошанд, барои тарвиҷи ҳамҷинсгароӣ ворид кардааст. Вай таъкид мекунад, ки масъулони кафедраи фалсафаи ин донишгоҳ аз чор бунёди ғайридавлатии хориҷӣ ба ин манзур 2 миллиону 700 ҳазор рубл дарёфт кардаанд.

Мисоли дигари сиёсати исломситезӣ паёмҳои Шодмон Юсуф, корманди собиқи шӯъбаи фалсафаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мебошад, ки имрӯз дар Австрия ба сар мебарад. Вай ҳамвора дар номаҳо ва паёмҳои худ бо тарҳи иддаъои ориёӣ ва Зардуштмаслак будани хеш аз ҷавонон мехоҳад, ки аз дини ислом даст бардоранд. Зеро ба андешаи ӯ ислом дини хушунат мебошад ва арабҳо бо зӯроварӣ қасд доранд Қуръон ва забони арабиро дар ҷаҳон ҳоким кунанд. Агар Шодмон Юсуф каме ақл медошт ҳаргиз ин иддаъои душманони исломро такрор намекард. Магар вуҷуди 6 то 8 миллион нафар мусалмон дар Фаронса, 5 миллион дар Олмон, 3 миллион дар Инглис, 8 миллион дар Амрико натиҷаи лашкаркашӣ ва зӯроварии мусалмонон аст? Балки натиҷаи фаъолияти маърифатии ҳамон ба истилоҳи ин файласуфи собиқи марксист арабҳои одамкуш ва дигар миллатҳои мусалмон мебошад, ки аз роҳи сохти масҷидҳо, мадрасаҳо ва марказҳои исломӣ заминаи гароиши мардумони ин кишварҳо ба дини исломро фароҳам месозанд. Ҷои тааҷҷуб дорад, ки Шодмон Юсуф чашми худро ба рӯи куштори миллионҳо мусалмон ба дасти артиши Амрико дар Афғонистону Ироқ баста аст. Вай фаромӯш карда аст, ки Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳурии вақти Амрико дар нахустин суханронии худ дар Конгресси ин кишвар пас аз ҳодисаҳои машкуки 11 сентябри 2001 баҳси ҷанги салибиро матраҳ карда буд. Оё ин файласуфи марксист, ки акнун ниқоби ориёият ба чеҳра зада аст ин нуктаро намедонад, ки дар қарнҳои 17 ва 18 мелодӣ истеъморгарони аврупоӣ, аз ҷумла; инглисиҳо, фаронсавиҳо ва испониёиҳо ҳангоми лашкаркашӣ барои фатҳи қораи Амрико ба гуфтаи Хуго Чавез, раиси ҷумҳурии пешини Венесуэла 10 миллион нафар мардуми бумӣ ё ҳамон сурхпӯстҳоро қатли ом кардаанд.

Оё интиқоли миллионҳо сиёҳпусти африқоӣ ба қораи Амрико ва баҳракашӣ аз онҳо ба унвони ғулому бардаи сиёҳ низ кори ислом ва мусалмонон мебошад? Агар имрӯз ислом босуръат дар миёни ғайримусалмонон дар Аврупову Амрико дар ҳоли густариш аст, ин раванд чӣ иртиботе ба шамшер ва зӯроварӣ дорад? Мутаассифона, иддае аз файласуфмаобони тоҷик бо такрори афкори ботили атеистии худ дар роҳе ҳаракат мекунанд, ки душманони ислом барои онон муайян кардаанд ва аз андешаҳои мансухшудаи худ дастбардор нестанд. Мехоҳем барои Шодмон Юсуф ва амсоли ӯ суханеро аз шоир, риёзидон ва мутафаккири олмонии қарни 19 доктор Иоҳан Волфганг фон Гёте ёдоварӣ намоем, ки дар он замон бо дарки ҳақиқати ислом ва Қуръон навишта буд; Солиёни дароз кашишони аз Худо бехабар моро аз пай бурдан ба ҳақоиқи Қуръони муқаддас ва азамати оварандаи он дур нигаҳ доштанд. Аммо ҳар қадр, ки мо қадам дар ҷодаи илму дониш ба пеш гузорида ва пардаҳои ҷаҳлу таассуби нобаҷоро даридаем, азамати аҳкоми муқаддаси ислом, ки Қуръон маҷмӯаи он аст бӯҳту ҳайрати аҷибе дар мо эҷод намудааст. Ва анқариб аст, ки ин китоби тавсифнопазир оламро ба худ ҷалб намуда ва таъсири амиқе дар илму дониши ҷаҳон гузорад ва меҳвари афкори мардуми ҷаҳон мегардад. (Қуръон аз дидгоҳи 114 донишманди ҷаҳон с. 14).

Замоне, ки шахсияте монанди Фидел Кастро, раҳбари собиқи Куба, ки беш аз 40 сол зимоми умур дар ин кишварро дар даст дошт аз динситезӣ ба унвони бузургтарин иштибоҳи худ ёд мекунад, донишмандмаобони атеисти тоҷик ба ҳамон афкори даврони моддигароии шӯравӣ пофишорӣ доранд. Зеро Фидел Кастро дар соли 1998 дар дидор бо сафирони кишварҳои исломӣ гуфта буд: Бузургтарин иштибоҳи сиёсии ман берун рондани дин аз ҷомеа мебошад. Ба ин далел, ки дин метавонад муҳимтарин омили пешрафти кишварҳо гардад, ки мисоли рӯшани он дастовардҳои иқтисодӣ ва илмии Эрон ва Малайзия аст.

Имрӯз ин ду кишвари исломӣ дар остонаи фатҳи фазо қарор доранд ва дар бисёре аз бахшҳои илмӣ ва фанноварии навин ба дастовардҳои қобили мулоҳизае ноил шудаанд. Аммо донишмандони файласуфи тоҷики мо ба думболи инкори Худо ва тарвиҷи афкори ботил мегарданд. Албатта далелҳои исрори ин афрод бар андешаи бехудоии худ дар қарни 21 ки марҳилаи Худогароӣ мебошад, ҷои тааҷҷуб дорад. Барои посух додан ба ин шубҳаҳо навиштореро аз доктор Волтер Оскар Линдберг мисол меоварем. Вай дар бораи иллати дурии баъзе донишмандон аз дарки вуҷуди Худо ин тавр тавзеҳ медиҳад; Ин ки таваҷҷӯҳи баъзе донишмандон дар мутолиоти илмӣ мунъатиф ба далели вуҷуди Худо намешавад иллатҳои зиёде дорад, ки мо ду тои онро зикр мекунем. Нахуст он ки ғолибан шароити сиёсии истибдодӣ бо кайфияти иҷтимоӣ ва бо ташкилоти мамлакатӣ, инкори вуҷуди сонеъро иҷоб мекунад. Дуввум ин ки фикри инсонӣ ҳамеша таҳти таъсири баъзе авҳом (хаёлот) қарор дорад ва бо он ки шахс ҳеч азоби руҳиву ҷисмӣ ҳам надошта бошад боз ҳам фикри ӯ дар интихоб ва ихтиёри роҳи дуруст комилан озод нест. Чунончӣ дар хонаводаҳои масеҳӣ ағлаби атфол дар аввалҳои умр ба вуҷуди Худои шабеҳи инсон имон меоваранд. Ин афрод ҳангоме, ки вориди муҳити илмӣ мешаванд ин мафҳуми инсонгуна ва заъиф аз Худо бо тааммуле аз байн меравад ва бо тасаввури илмии онҳо созгор намешавад ва ба таври куллӣ матрук ва аз саҳнаи фикри онон хориҷ мегардад. (китоби Исботи вуҷуди Худо с. 51).

Нуктаи қобили мулоҳиза ин аст, ки Бекзода ва ҳамфикронаш китоби куфромези Ҷаҳонбинии оянда -ро ба унвони ҷаҳонбинии ҷадид барои насли ҷавон дар қарни 21 муаррифӣ мекунанд. Ҳол он ки дар даврони ҳукумати 74 солаи низоми моддигароии шӯравӣ ин афкор ба шиддат таблиғ мешуд. Чунончӣ дар Энсиклопедияи советии Тоҷикистон, чопи соли 1978 чунин навишта шудааст; Атеизм- калимаи юнонӣ айнан бехудоӣ, системаи ҷаҳонбинии материалистӣ, ки ба ҳар гуна дин ва қувваҳои фавқуттабиӣ эътиқод доштани инсонро рад менамояд(с. 284-286)
Агар дирӯз ин афрод аз осори мутафаккирону донишмандони исломӣ ҳамчун Арастуву Сино, Беруниву Хайём, Форбиву Хоразмӣ марксизм- ленинизм ҷустуҷӯ мекарданд, имрӯз ба далели душманӣ бо ислом гиребони Худованди якторо мегиранд. Замоне, ки бузургтарин таърихнигорон ва донишмандони аврупоӣ аз хадамоти Форобиву Сино, ибни Рушд, Хоразмиву Берунӣ барои башарият ёд мекунанд ва ин мутафаккиронро мусалмон меноманд, ҷои тааҷҷуб дорад, ки донишмандони тоҷик ба думболи нажоди ориёӣ мегарданд ва талош мекунанд ин шахсиятҳоро аз ҷаҳони ислом ҷудо кунанд. Агар мунсифона ба пажӯҳишҳои фалсафии донишмандони тоҷик дар даврони шӯравӣ нигоҳ кунем ба ҷуз аз осори устод Акбари Турсон, ки бо паёми худшиносӣ ва худогоҳии миллати тоҷик ҳамроҳ буд ва навиштаҳои солҳои охири Асадулло Искандаров дар бораи ирфон дар осори Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бақияи мероси он замон арзиши илмии қобили зикр надорад. Зеро сирфан бо ҳисси кунҷкобӣ ба баррасии маҷмӯаҳои суханрониҳо ва мақолоти донишмандони даврони шӯравии тоҷик дар ҳамоишҳои байналмиллалӣ пардохтем ва маълум шуд, ки аксари ин осор таҳти тафаккурии идеологияи марксистӣ баён шудааст. Ба далели ин ки баъзе аз ин афрод вафот кардаанд аз зикри ин мақолот худдорӣ мекунем.

Албатта дар Тоҷикистон одат шудааст, ки ҳар чанд вақт афкору андешаи куфромез нисбат ба арзишҳои эътиқодии ҷомеаи беш аз 98 дарсад мусалмони ин кишвар мунташир шавад. Аммо ҳеч гоҳ ниҳодҳои давлатӣ ва Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон ин гуна иқдомоти таҳқиромезро маҳкум накардаанд. Дар ҳоле, ки дар ҷомеаҳои исломӣ барои ҷазби сармояи молии кишварҳои исломӣ масъулони давлатӣ аз афзоиши теъдоди масҷидҳо ба унвони дастоварди даврони истиқлол сухан мегӯянд. Аммо дар дохили Тоҷикистон сиёсати исломситезии шадид дар пеш гирифта шудааст. Чунончӣ мамнӯъ будани пахши садои азон аз баландгӯи масҷидҳо, мамнуияти вуруди занон ва писарони то 18 сола ба масҷидҳо, мамнуъ будани рафтани кормандони идораҳои давлатӣ ба намози ҷумъа ва хондани намоз дар маҳалли кор, мамнуъ будани омӯзиши Қуръон ва илмҳои исломӣ бидуни иҷозаи Кумитаи давлатии дин, таъини ҷарима ва ҳатто ҳукми зиндон барои падару модароне, ки қонуни Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ро нодида мегиранд, танҳо чанд мисол аз ин гуна мавридҳост.

Бар асоси гузориши расмии Кумитаи давлатии дин аз 6 мадрасаи миёнаи исломӣ дар кишваре, ки беш аз 8 миллион аҳолӣ дорад, ҳеч як кор намекунад. Баҳонаи таътилии ин мадрасаҳо ба танзим овардани барномаи омӯзишии ин марказҳо бо стандартҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон эълом шудааст. Аз ин рӯ онҳое, ки иддаъо мекунанд ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ дар Афғонистону Покистон пайвастаанд, оё боре андеша намудаанд, ки ба далели баста будани фазои омӯзиши илмҳои исломӣ дар дохили кишвар ин афрод ба ин созмонҳои тундрав ворид мешаванд?

Мантиқан интизор мерафт, ки пас аз оғози баҳсҳои расонаӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, Шӯрои уламои исломии ин кишвар дар намозҳои ҷумъа ба китоби куфромези Ҷаҳонбинии оянда вокуниш нишон диҳад. Аммо ин иттифоқ наяфтод ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси шӯрои ёдшуда дар хутбаҳои намози ҷумъаи масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба мавзӯи эҳсон ба волидайн пардохтааст. Чун мавзӯи мавъизаҳои имомхатибони тоҷик дар намозҳои ҷумъа аз сӯи Кумитаи давлатии дин навишта ва пешниҳод мешавад ва ҳамаи имомхатибон аз сӯи ин ниҳод таъин мегарданд, аз ин бечораҳо ба ҷуз аз чоплусӣ ва тавсифу таърифи нобаҷои мақомоти давлатӣ наметавон интизори дигаре дошт. Воқеан ҳам Шӯроли уламои исломии Тоҷикистон, ки дастуроти зидди Қуръонӣ ва исломии идораҳои давлатӣ дар заминаи ҳиҷоби бонувони мусалмон, намози ҷавонон, омӯзиши Қуръон ва илмҳои исломиро бидуни ҳеч мухолифате пазируфтааст ва худро дар муқобили фарзи Худо қарор додааст, акнун дар заминаи ситоиши раҳбарони сиёсии кишвар мусобиқаи чоплусӣ эълом кардааст. Ин шӯро дар гузашта низ дар баробари мақолаҳои таҳқиромези зиддиисломӣ аз сӯи афроде ҳамчун Абдураҳмон Бобоев ва Зиё Абдулло ҳеч вокунише нишон надода буд. Ҳамон тавр, ки имрӯз нисбат ба китоби куфромези Ҷаҳонбинии оянда низ сукут ихтиёр кардааст. Ин заъф ва нотавонии имонӣ ин андешаро тақвият мекунад, ки Шӯрои улумои исломии Тоҷикистон ба ниҳоди вобаста ба Кумитаи давлатии дин табдил шудааст ва аз хати кашидаи ин идора ҳаргиз берун намеравад. Зеро мамнуъул минбар шудани рӯҳониёни мустақили тоҷик ҳамчун Эшони Нуриддин ва Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, Ҳоҷӣ Мирзо, Мулло Абдураҳим- хатиби пешини масҷиди ҷомеи маҳаллаи Қазоқон ва дигарон, ки ҳамеша иқдомоти таҳқиромези зиддиисломиро маҳкум мекарданд, ҷои андеша дорад. Ҳол он ки бар асоси масъулияти шаръии худ ин шӯро мебоист ҳукми исломро дар бораи афроде, ки ба Қуръон, паёмбари акрам (с) ва арзишҳои эътиқодии мусалмонон таҳқир мекунанд, эълом кунад. Агар дар ҳар кишваре бо аксарияти мусалмон ин иттифоқ меафтод, ки афроде ҳамчун Абдураҳмон Бобоев, Зиё Абдулло ва Комил Бекзода ва амсоли онон аслу асоси исломро рад мекарданд, ба таври ҳатмӣ бо ҳукми шаръӣ онҳо дар радифи Салмон Рушдии муртад қарор мегирифтанд. Боре инҷониб дар баҳсе бо яке аз мушовирони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки иттифоқан аз файласуфони собиқи марксизм буд ва имрӯз ниқоби ориёӣ ба чеҳра кашида ва таҳқирҳои зиёде ба дини ислом раво дошт, мавзӯи сукути Шӯрои уламо дар баробари афроде, ки Қуръонро бо Майн Кампф и Гитлер ва шахсияти муқаддаси ҳазрати Муҳаммад Мустафо (с) ро бо Чингизхони хунрез баробар мекарданд, матраҳ намудам. Аммо бархе дӯстон эрод гирифтанд, ки чаро ва бар чӣ асосе ман аз Шӯрои уламои исломӣ хостаам ҳукми ин афродро содир кунад. Вале пурсиш ин аст, ки бар чӣ асос ва ҳаққе ин афрод ба худ иҷоза медиҳанд ба арзишҳои эътиқодии мусалмонон таҳқиру тавҳин кунанд ва ниҳоди масъул дар умури мусалмонон сукут намояд? Мутаассифона Кумитаи давлатии дин, Шӯрои уламои исломӣ ва ниҳодҳои идеологии ҳукумат ба ҷои мавзеъгирӣ дар баробари ин гуна ҳодисаҳои ногувор ва таҳқири эҳсосоти миллионҳо мусалмони Тоҷикистон, ки бо заҳмати худ маоши кормандони ин идораҳоро таъмин мекунанд, ба душмантарошӣ ва муаррифии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвони омили ҷанги дохилии даҳаи 1990 мепардозанд. Нуктаи дардовар ин аст, ки намояндагони Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар дидори имомони масҷидҳои ин кишвар бо раиси ҷумҳурӣ дар соли 2013 мавзӯи бастани ҲНИТ ва ё бардоштани вожаи исломӣ аз номи ин ҳизбро матраҳ карданд. Таҳти фишори Кумитаи давлатии дин Академияи исломии ҲНИТ баста шуд, ки метавонист нисбат ба таҳқиру тавҳинҳо ба эътиқодоти аксарияти мусалмони Тоҷикистон посух диҳад. Вале Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон, ки иддаъо дорад танҳо идораи масъул дар умури мусалмонони ин кишвар мебошад, дар баробари ривоҷи фаҳшову зино, шаробхорӣ, беҳиҷобиву бараҳнагӣ, рибову судхурӣ дар муомилоти молӣ дар ҷомеа ҳеч аксуламале нишон намедиҳад. Ҳол он ки мавзеъгирӣ кардан дар баробари ин ҳама мункарот барои ҳар мусалмон фарз мебошад.

Аз сӯи дигар ин шӯро ҳеч гоҳ дар бораи хатароти гароиши мардум ба фирқаҳои таблиғотии ғайриисломӣ, ки теъдоди ин гуруҳҳо дар Тоҷикистон ба 74 созмон мерасад, изҳори нигаронӣ накардааст. Акнун дар Тоҷикистон аз фирқаҳои табширии протестантӣ то баҳоиву шайтонпарастӣ ҳамагӣ озод ҳастанд ва масъулони давлатӣ гумон мекунанд ба баҳонаи фаъолияти озодонаи ин гурӯҳҳо метавонанд аз Ғарб ҳимояти сиёсӣ ва молӣ касб кунанд. Вале моҷарои нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун нишон медиҳад, ки Ғарб бар сари масъалаҳои муҳим ҳамеша аз кишварҳои қудратманд ба хотири манофеи худ ҳимоят мекунад ва ояндаи Тоҷикистон барои онон аҳамияте надорад.

Мо унвони ин матлабро Ҷаҳони андеша ё Иттиҳоди бехудоён гузоштем. Зеро бар хилофи иддаъои Комил Бекзода ва ҳаммаслаконаш, ки мехоҳанд худро ҳамчун асосгузорони ҷаҳонбинии нав муаррифӣ кунанд ин андешаи онҳо такрори ҳамон афкори мактаби атеизми даврони шӯравӣ мебошад. Аз ин рӯ беҳтар аст вай номи маҳфили худро тағйир диҳад ва Иттиҳоди бехудоён номгузорӣ кунад. Чунки дар даҳаи 1930 дар Иттиҳоди шӯравии вақт созмоне бо ҳамин ном вуҷуд дошт ва ҳатто нашрияе ҳам таҳти унвони Союз безбожников мунташир мешуд, ки оқибати ин талошҳо барои аз байн бурдани дин ба ҷое нарасид ва худи тарроҳон ва дастандаркорони ин навъ барномаҳо аз байн рафтанд.
Мӯҳр
salmon
Худованро сипосгузорем ки мо мусалмонем баъдан шукронаи уро мекунем ки чунин нафароне дорем ки бо калами тезашон чавоби чунин бехудоёнро медиханд .Аз "файласуфон" такозо дорем ки аз пули мусалмонон бар зиди онхо истифода набаранд чунки ин бо ном файласуфон аз хисоби мардуми мусалмон маош мегиранд ва ба намакдон туф кардаанд.

сарбоз
Агар Худованди муттаъол ба кумаки Хайриддини Қосимӣ НИЁЗ медошт ё аз хамлаи Комил Бекзода ХАРОС пас вой бар холи мо бандагонаш...

аз хазинаи таффакури окилони классии точик як латифа барои мисол:
дари хонаи афандиро шаб дуздида бурданд. рафт дари масчидро канд пуштора карда суи хона меомад, ки муллохо пеши уро гирифтанд ва гуфтанд магар девона шудаи дари хонаи худоро дуздиди?
гуфт: Хамон Худоро бигуед дузди маро ёфта дарамро биёрад дари хонаи худашро бубарад!!!!!!

Миёни шинохт ва тассавури мо дар бораи Худованд ва вучуди хакконии У тафовути бузург аст.
аз ин ру олимон ба Худо назари дигар доранду Муллохо назари дигар ва суфихо назари дигар...

Шумо низ аз Комил Бекзода пеши ХУДО арз баред бехтар аст аз онки худатон уро казоват мекунед...

хакикат
харза, харза, харза,
бисёр ба ту зебанда.

о эйнштейн дар бораи высший разум гуфтааст на дар бораи афсонахои араб, ки пур аз деву чину сури исрофилу хари двячол ва дигар харзахо. касе акл дорад барои шумо кофир аст.

Надонен ки шумора ки офаридай пас гуед худат чихел пайдо мешай.Хамаи дуругу рост дар киемат ошкор меша

Точикак
Хушбахтона ин китобаки онхоро ба гайр аз худашону чанд пайравонашон касе намехонад, мардум вакти китобхони надорад ва солхои истиклол дигар мактабиёни мо китоб хам хонда наметавонанд, так что ин харакатхои Бекзод аз накше бар об зиёдтар нест.

Ба худ ягонбор савол додает ки мо аз кучо омадем ба кучо меравем инкадар олими номдоратс Худое ки уро олим намудааст намешиносад Худо тафикашон бта омин

Мулло Кутбиддин
Шукри Аллохи бузург, ки чунин бародарони муслим дар чомеаи имруз мавчуданд. Вой бар холи чунин "олимон".

кишвар
хакикат,
Бародари азиз маълум мешавад, ки ту хам он гуфтахои Эйнштейнро ба хадди кобилияти фикронии худат кабул кардаи ва гарна "Высший разум"- ро ба забони Точики менависти. Ё ин ки Афсонахои Араби гуфтани тухам монанди сафсата аст ва ман бовар дорам ту дар холати рубару шудан бомарг албатта номи Худовандро ба забон меори ва талаби Начот мекуни.

хакикат
ба кишвар. одамони кадим махз аз тарси марг афсонаи дузаху чаннатро бофтаанд. яъне касе мурдан намехохад. хама хурони зебоандом, хурокхои бехтарин мехохад. чаннати шумл чи танхои барои конеъ кардани хисси шахвони ва шикам офарида шудааст? Мумкин высший разум бошад вале он ба аф,онаву асотирхои арабхои чохил хеч рабте надорад.

Исломпараст
Браво, браво, браво!!! беҳтарин мушт ба баногӯши ин бехудоёни муртад аст!!! Офарин!!!!

Банда
хакикат,
Астагфурулло гуй, Худванд туро аз халк карду то хол халол нашудаи...

ФайлаТуф
Худовандро шукр, ки чунин бародарони худогоху худшиносу донишманде мисли Хайриддини Қосимӣ холо хам дар чомеаи мо вучуд доранд. Бародар бо ин маколаи пурмухтаво ва хонданибоби хеш масъулияти мусалмонии худ, вазифаи чоночони шурои уламо, кумитаи дин, уламохои дарбориро ичро кард, дар холе ки онхо овораанд барои расидан ба ахдофхои шахсии хеш ва Ислому мусалмонхоро бар холи худашон вогузоштаанд. Аслан навиштани чунин посух вазифаи шурои ба ном уламост, вале бо сабабхои ба хама маълум ин ниходи зертобеи идеологияи зидидинии хукумат мухри хомуши бар лаб задааст. Пас ба мо мусалмонхо чи лозим чунин муфтии бегайрат бо шуроаш? Бовари дорам, ки агар хукумат расман андешахои ин файласуфмаободи шайтонпарастро чонибдори кунад, муфти хам дар намози чумъа аз он истикбол мекунад ва онро нишоне аз чомеаи озоду демократи муаррифи намуда, васф хам менамояд. Вой бар шумо пешвоёни дин! Дар байни дигар миллатхои мусалмон, мардуми точикро бо бегайрати ва дастнигари хукумати зидиисломи будани худ шарманда кардед. Холо дар хама кунчу канори Русия сухан аз шумо меравад, ки пешвоёни динии Точикистон дар мукобили 4 файласуфи бехудо очиз мондаанд ва кудрати хатто посух додан ба иддаои беасоси онхоро надоранд. Шарманда кардед на факат худро, балки як миллатеро, ки 98% мусалмонанд.
Аз домуллохои мустаъкил ва Худотарс хохиш дорем то фатво содир намоянд дар бобати сузонидани китоби "чахони оянда". Хар ки ин китобро дар даст доранд, агар онро бисузонад, фикр мекунам бехтарин хизмате дар хакки дину уммати мусалмон хохад кард. Бидуни тахрир ва кайчи задан чоп кунед.

хакикат
Бародарон ман ба оине,ки асосгузораш дар синни 56 солаги бо кудаки 9сола хамхоба шудаст, пайрави кардан намехохам. ман намехохам,ки духтари точик зани 4уми муйсафеди зинокори шахватпараст шавад.

Эй бадбахт сарбоз! Чунин латифахоро мо хам медонем. Як афандии монанди ту мехохад равад бозор барои харидани хар. Дар рох аз у мепурсанд: эй афанди кучо мерави? Афанди мегуяд: бозор меравам ва харе мехарам. Бар у мегуянд: худо хохад бигуй. Афанди мегуяд: пул дар кисаам, хар дар бозор, худо инчо ба чи кор?!! Афанди то бозор нарафта пулро гум мекунад ва бар мегардад суи хона, дар рох боз аз у мепурсанд: эй афанди хар нахариди?? Афанди мегуяд: худо хохад то бозор нарафтам, худо хохад пулро гум кардам, худо хохад хар нахаридам, худо хохад хона меравам, ва худо хохадхои дигар.......... ту хам бо хамрохии комил бекзода ва дигар хаммаслаконат инро мехохи ё намехохи дарк хохед кард, аммо дер мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)