Собиқ муовини президенти ФИФА дар порагирӣ муттаҳам мешавад
Ҷек Уорнер, собиқ муовини президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар гирифтани пора ба маблағи 2 миллион доллари амрикоӣ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои “The Telegraph”, Федератсияи футболи Қатар барои мизбонии бозиҳои олимпии “Ҷоми ҷаҳон- 2022” ба Уорнер ва хонаводааш, гӯиё 2 миллион доллар додааст. Ба қавли манбаъ, аз ин нишондод, 12 миллион ба худи собиқ президенти 71-солаи ФИФА ва 750 ҳазор доллар ба писаронаш тақдим шудааст.
Ин қазия аз сӯи Бюрои федеролии тафтишоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавриди тафтиш қарор дошта, ҳоло писари бузурги собиқ муовини президенти ФИФА барои ҳамкорӣ бо муфаттишон розӣ шудааст.
Соли 2010 бо дастури масъулини ФИФА ҳаққи мизбонии бозиҳои олимпии Ҷоми ҷаҳон-2022 ба Қатар дода шуда буд, ки дар пай баҳсҳои зиёдеро аз худ боқӣ гузошт. Ҷек Уорнер, ки 29 сол таҷрибаи корӣ дар ФИФА-ро дорад, соли 2011 аз сӯи Кумитаи ахлоқи ин созмони байналмилалии футбол барои даст доштанаш дар ришвахорӣ аз фаъолиятҳои марбут ба ин навъи маҳрум шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |