Бахшҳо

WEEKEND: Аз “Тоїикистон”-и Хадамоти гумрук то “намудҳои алоқа”-и Бег Сабур (ВИДЕО)

Дар ҷаҳони муосир нақши интернет ва сомонаҳо хеле назаррас аст. Дар Тоҷикистон, ки даъвои ҳамқадами замон буданро мекунад ва ҳам чанд сол аст аз “ҳукумати электронӣ” зиёд мегӯянд, дар ин мавзӯъ пешрафти чандоне надорад. Ба вижа ниҳодҳои давлатӣ, ки аксаран ба сомонаҳои расмии худ эътибори ҷиддӣ намедиҳанд. Қисме аз ин сайтҳо моҳҳо ва ҳатто солҳо матлаби наверо надидаанд. Имрӯз чашмандозе ба бархе аз ин сомонаҳо хоҳем дошт.

www.customs.tj. Сомонаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ин сомона се бахши аслӣ дорад: Саҳифаи асосӣ, Роҳнамо ва Алоқаи мутақобила.
Вақте “Саҳифаи асосӣ”-ро боз мекунед, матлабҳоеро мебинед, ки бо ҳуруфи тоҷикӣ дар ҷанганд. Бар илова матнҳо берабту низом нашр шудаанд. Ин сомона қоидаҳои имлои забони тоҷикиро ҳам риоят намекунад.

Агар ба бахши “Роҳнамо” ворид мешавед, зери номи “Дар бораи ХГҲҶТ” - феҳрасти дурударозеро мебинед, ки бо ҳарфҳои кӯчак навишта шудааст. Дар қатори дуюм гӯшаи “Шахсони роҳбарикунанда” аст. Болои он ангушт мезанед ва бо русӣ навишта шуда, ки “Бубахшед, барои вуруд ба ин саҳифа ҳаққи лозимро надоред. Шумо бояд сабти ном шавед”. Дар бахши Раёсат ҳам ҳамин посухро хоҳед гирифт.

Вақте рӯи “Оиди натиҷаҳои фаъолияти ХГ ҲҶТ” нохун мезанед, то аз фаъолияти ин ниҳод огаҳ бишавед, маълумоти нимсолаи аввали соли 2009 пешниҳод мегардад. Дар бахши “Саволу ҷавоб” мехонем: “Савол ҳоло қабул нашудааст” . Дар “Нигористон” ва “Лоиҳаҳо” бошад, шуморо саҳифаи топ-тозае интизор аст. Дар бахши маҷаллаи “гумрук” танҳо як шумораи ин маҷалларо, ки соли 2008 нашр шудааст, ҷой додаанд. Сомона забонҳои русӣ ва англисӣ ҳам дорад, ки аз бахши тоҷикӣ бартарияти бештаре надоранд. Ҷои ёдоварист, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 30 ноябри соли 2013 Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад.

www.minjust.tj Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар саҳифаи тоҷикии сомона хабарҳои русӣ бештар майдондорӣ мекунанд. Дар бахши “Иттилооти умумӣ”-и сомона ҳеч маълумотеро наметавонед пайдо кунед. Бахши “Роҳбарият” дар коркарди фаннӣ будааст ва маълум нест, ки аз кай дар ин ҳолат қарор дораду чӣ қадар вақти дигар коркард мешавад. Аз бештари бахшҳои дигари сомона ҳам ҳамин посухро мегиред. Дар бахши “Қонунгузории ҶТ”, Сарқонун ва кодексҳоро танҳо бо забони русӣ меёбед. “Қонунҳои конститутсионӣ” ва “Қонунҳо” ҳамчунин дар ҳоли коркард будаанд. Сомонаи мазкур бахше ҳам бо номи “Алоқаи бозпас” дорад. Ҳоло Вазорати адлияи Тоҷикистонро Рустам Менглиев, ки дар гузашта ба ҳайси муовини вазир кор мекард, ба ӯҳда дорад.

www.mwr.tj. Сомонаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҳоло Тоҷикистон расман чунин вазорат надорад. 19 ноябр Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар бо як фармон ин вазоратро барҳам дода, вазифаҳояшро ба ихтиёри Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошт. Аммо сомонаи он то кунун боз мешавад.
Аз моҳи марти соли 2010 дар симати раҳбари ин вазорат Раҳмат Бобокалонов менишаст.

www.health.tj Cомонаи вазорати тандурустӣ

Ин вазорат бо фармони райисиҷумҳураз 19 ноябр номашро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дод, дар сомона бошад, ҳанӯз ҳам бо исми қаблӣ навишта шудааст. Аммо дар хабарҳои нашркардаи сайт он дуруст мебошад. Аз 26-уми январи соли 2008 курсии №1-и вазорати мазкур дар ихтиёри Нусратулло Салимов, ҳоло Нусратулло Файзулло қарор дорад.

www.minenergoprom.tj Сомонаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ин ниҳод ҳоло расман Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад. Ба назар мерасад, баъди тағйири ном масъулини сайт ба он таваҷҷуҳе накардаанд, зеро охирин хабари сомона моҳи декабри соли сипаришуда нашр гардидааст. Aз моҳи декабри соли 2006 курсии №1-и ин вазорат дар ихтиёри Гул Шералӣ қарор дошт, аммо 21 ноябри соли 2013 бо як фармони президент аз вазифа озод карда шуд.

Ва боз ҳам дар ҳамин маврид. www.mehnat.tj сомонаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябр вақте фармони “такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Тоҷикистон”-ро имзо кард, ин ниҳодро ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дод. Аммо тавре мебинем дар шиносномаи сомона он ҳанӯз дар шакли қаблӣ аст. Дар ҳоле, ки дар дохили матнҳо номи он дуруст навишта шудааст. Ва боз ба шиносномаи сомона таваҷҷуҳ намоед. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии.... Ҷумҳурии Тоҷикистонаш дар боло навишта шудааст. Сумангул Тағоева, ки дар гузашта раиси Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон буд, баъд аз анҷоми интихоботи президентии моҳи ноябр вазири меҳнат шуд.

www.youth.tj Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боз як сомонае, ки ба мушкили ҳуруфи тоҷикӣ ва бидуни матн будани бахшҳояш гирифтор аст.
Раҳбарии ин кумита бар души Маликшоҳ Неъматов аст.

www.standard.tj Сомонаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Тоҷикстандарт.

Ин сомона ҳам гуиё барои зебо кардани тарҳи сайт бахшҳои зиёдеро қатор овардааст. Бештари ин саҳифаҳо холӣ ва бидуни матлабанд.

www.constcourt.tj Сомонаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мушкили ҳуруфи тоҷикиро дар ин сомона ҳам мебинем. Раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов аст.

www.meteo.tj Сомонаи Муассисаи давлатии Обуҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ин сомона ҳам мисли бештари торнамоҳое, ки пештар гуфтем, бахшҳои зиёде дорад, ки дар он матлабе нест. Аслан сомонаҳои марбут ба вазъи дамои ҳаво имрӯз аз сербинандаҳоянд, аммо сомонаи мавриди назари мо ба қатори онҳо шомил намешавад. Чун ҳам аз нигоҳи тарҳ ва ҳам аз ҷиҳати нав шудани хабару навидҳо хеле пассив аст. Дар қатори бахшҳои зиёд ва бидуни матн гушаи “гимни хадамоти обуҳавошиносӣ”-ро мебинед. Ҳар нафар мехоҳад, бидонад, ки он чӣ гуна аст, аммо вақте ба ин гуша нохун мезанед боз ҳам навиштаи ошно шуморо пешвоз мегирад: “Саҳифа дар ҳоли коркард қарор дорад.” Ва аз ҳама аҷибаш ин аст, ки дар сомонаи мазкур, наметавонед бо вазъи дамои ҳаво ошно бишавед. Дар ду нуқта, ки навиштаи пешгуии обу ҳаво аст, ба дарёфти маълумоте муваффақ намегардед. Директории Муассисаи давлатии обуҳавошиносиро Маҳмад Сафаров бар зима дорад.



www.hahjt.tj Сомонаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи хеле одист, ки бояд шуморо оид ба "ХАҲҶТ", "Раҳбарият", "КДРБ" ва "Намудҳои алоқа" шинос кунад, аммо ҳеч кадоме аз ин бахшҳо фаъол нестанд. Шумо дилхоҳ бахшро нохун бизанед ва танҳо як файлро мебинед, ки “ахбори1 ахбори1 ахбори1” ном дорад. Вақте мехоҳед ин ахбори аҷибро мутолиа кунед ва тугмаи идомаро зер мекунед, шуморо боз 39 ахбори1-и дигар интизор аст. Ҳамин тариқ вақте ба гушаи мушовара меравед, ба ҷуз такрори ҳамон як вожа чизеро намебинед. Дар бахшҳои русӣ ва англисӣ ҳам аз ин зиёд нахоҳед дид.
Раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур мебошад.

www.vfarhang.tj Сомонаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳифаи аслии сомона чанд лаҳза шуморо ба гумроҳӣ мебарад. Дар муаррифинома вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ навишта шуда ва тарҷумаи ҳоли ӯ дарҷ гардидааст. Аммо вақте тугмаи муфассалро зер мекунед, вазири фарҳангро Шамсиддин Орумбеков мегӯяд. Ҷои ёдоварист, Орумбеков бо фармони президенти кишвар 21 ноябри соли 2013 ба курсии Мирзошоҳрух Асрорӣ нишаст.

www.tpp.tj Сомонаи палатаи саноат ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳарчанд, ин сомона нишон медиҳад, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ фаъол аст, аммо танҳо бахши русияш кор мекунад. Вақте тугмаи бахши тоҷикии онро зер мекунед, ҳамон саҳифаи русӣ боз мешавад. Бахши англисии он бошад, тамоман аҷиб аст. Бархе бахшҳои он бо русӣ навишта шуда, ва ҳеч саҳифааш матлабе надорад. Раҳбарии Палатаи саноат ва савдо бар души Шариф Саид аст.

www.1tv.tj. Сомонаи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон.
Ин сомона, ки шабонарӯзӣ дар телевизион таблиғ мешавад, чандин ҳафта аст, ки ба ин сурат боз мешавад. Директори шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон Самариддини Айниддин мебошад.

www.safina.tj Сомонаи муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”

Ин сомона нисбатанфаъолтар аст. Тарҳи он низ ҷолиб мебошад. Бахши русии он ҳам фаъол аст.Аммо он аз сомонаи як телевизион дида, ба сайти ягон нашрия шабоҳати бештар дорад, чун ҳеч навор ё видеоеро дар он намебинем.
Раҳбари муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” Лутфулло Давталов аст.

www.kdbj-mirshakar.tj Сомонаи китобхонаидавлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар


Ин торнамо ба як блог шабоҳат дорад. Сомона пур аз иштибоҳи имлоӣ аст. Ба матнҳо хурдагирӣ намекунем, танҳо ба “Меню”-и он дар саҳифаи аслӣ назар кардан кофӣ хоҳад буд. "Хабарҳои Охирин", Оиди китобхона, "хуччатхо", "рохбарият", "Дастурамали Феативал", "Сурудҳои Кудакона", "Нашриёти чопи". Бино ба иттилои торнамо аз соли 2003 раиси Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Қурбон Авғонов аст.

Вабоз дар мавриди як сомонаиблогшакл. www.philol.tnu.tj Сомонаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Тарҳи сомона кори барномасозеро ба хотир меорад, ки аввалин сомонаи таҳиякардааш ҳамин бошад.

Дар поёни барнома нишонии чанд сомонаи расмии ниҳодҳои Тоҷикистонро пешниҳоди шумо мекунем. Умедворем, дар ҳолатҳои зарурӣ мушкилкушоятон бошад.

www.president.tj Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
www.dushanbe.tj Сомонаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе
www.mfa.tj Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
www.vkd.tj Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
www.medt.tj Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
www.maorif.tj Вазорати маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон
www.minfin.tj Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (бахши тоҷикияш фаъол нест)
www.moa.tj Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (як сомонаи дигар ҳам ба номи ин вазорат навишта шудааст, ки бо нишонии vkishovarzi.ru дастрас аст)
www.mintrans.tj Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
www.anticorruption.tj Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
www.taj.akn.tj Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
www.gki.tj Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
www.andoz.tj Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
www.kumitaizanon.tj Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
www.din.tj Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
www.soi.tj Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
www.stat.tj Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
www.tajembassy.ru Сомонаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия
www.nbt.tj Бонки миллии Тоҷикистон
www.tajmedun.tj Донишгоҳи давлатиитиббии Тоҷикистон
www.dsx.tj Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
www.ktsu.edu.tj Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа (бахши тоҷикияш фаъол нест)
www.rtsu-slavist.tj Донишгоҳи славянии Тоҷикистон (фаъол нест)
www.tguk.tj Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
www.ttu.tj Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (бахши тоҷикӣ надорад)
www.tut.tj Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
www.kmt.tj Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Он чӣ дидед тавассути сомонаи www.ozodagon.tj пешниҳоди шумо шуд, агар нисбат ба ин сайт эрод, пешниҳод ё гуфтание доред, зери ҳамин навор бинависед.
Мӯҳр
ХХДТ
инхо сомонахои аъзои ХХДТ хастанд ки аз тарси "боло " на гап зада метавонанду на пич мегуянд. Истеъдодашоназ тарси боло мурдаасту на андеша доранду на сухан. Хайр бояд онхоро дарк кард барои зиндаги агар гап зананд бечорахо бе мансабу вазифа мемонанд аз кучо хуранд пас..

Khurshed
LOL... Do not count your website too good, first teach to your workers how to pronounce English letters correctly. Please pay attention how badly she (journalist of "ozodagon") pronounce letters. Shame on you!!

хонанда
Барои чи дар бораи сомонаи телевизионхои Бахористон ва Чахонамо нагавиштед?

Cалом. Маводи бисёр муфид, вале мутаассифам, ки дар ин руйхат сомонаи Донишгохи давлатии омузгории Точикистон ба номи С.Айни (www.tgpu.tj), ки яке аз бехтарин сомонахои донишгохист, вучуд надорад. Дар ин сомона навгонихои дар донишгох ба вукуъ пайваста фавран пахш мешаванд. Хамчунин, матолиби зиёди хондани хаст. Агар дар ин хусус иттилоъ надоштед, хохишмандам, ба нишонии мазкур нохун занед.

Шерак
Oзодагон ташаккур ьарои ман хам маводи хубе додед, зеро ман табдики онлайн-журналистикаро тахлил дорам. Хукумати элетрони як чузъи он аст, мархилаи аввали он солхои 2012-2013-ро дарбар мегирад. Дар ин давра бояд тамоми вазорату идорахо ва вилояту навохии кишвар сахифахои махсуси худро дар Интернет дошта бошанд. Сомонахои навохии кишвар камтар аз 80 фоиз омодаанд, хатто навохиеро медонам, ки почтаи элетрони надорад, вале мухтавои сайтхоро гап намезанем. Ин мавзуъро як пайгири намоед.

Шахрванд
Салом ба сомонаи "Озодагон"! Бисёр матлаби хуб пешниход кардед ва эродхоятон дар хакикат дурустанд. Ин бори дигар аз он шаходат медихад, ки хамаи вазорату корхонахои давлатй на танхо сомонасозиашон, балки хама корашон дар хамин сатх аст.

TVS
Салом! Ман яке аз масъулони сомонаи ТВС ҳастам. Хуб шуд, ки аз ин камбудӣ ин ҷо ҳарф задед. Дар мавриди сайти ТВС ҳаминро гуфтаниям, ки эродатон ба ҷо аст ва ончиро гуфтед, роҳбарамон низ ба мо гуфта буд, аммо мутаассифона ин камбудии мо сабаб дорад. Ин ҳам бошад аз ҷой додани видео-роликҳо кушода шудани саҳифаи сомона барои касоне, ки мехоҳанд ворид он шаванд мушкил мешавад, айб дар суръати интернет дар Тоҷикистон аст. Мо агар видео ё роликҳо ҷой кунем, кушодани саҳифаи мо бароятон мушкил мешавад, ҳозир бошад ҳатто тариқи телефони мобилӣ ҳам метавонед вориди сомонаи ТВС шавед. Барои баҳои нисбатан хуб доданатон арзи сипос мегузорем ва ваъда медиҳем, ки сайти ТВС-ро дар ояндаи наздик диданитар мекунем.
Муштариёни мо метавонанд барномаҳои моро ба таври фарогирии онлайн дар шабакаи ҷаҳонии интернет дар суроғаи www.mediabay.tv ва www.glwiz.com AKATAA.TV тамошо намоянд.

Хамза
Озодагон хамин сурати дар фон бударо илтимос иваз кун! ()таъби одам хира мешавад!!!!!!

Ба Хадамоти назди алокаи хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамоем,ки мавчудияти алокаро дар тамоми каламрави ЧТ тахмин нмояд

Салом. Бародарон ба ман маслихати муфид дихед.
Чи кор кунам ки аз дарди нимсара рахо ёбам ?

Салом. Бародарон ба ман маслихати муфид дихед.
Чи кор кунам ки аз дарди нимсара рахо ёбам ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)