Бахшҳо
19 мар 2014 11:25Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Кӯмаки раиси Суғд ба хонаводаи ғӯрамаргони садамаи Айнӣ

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд барои баёни ҳамдардӣ ба ҷабрдидагони садамаи фоҷеабор ба ноҳияи Айнӣ омада, ба наздикони фавтидагон изҳори тасаллият кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд Қодирӣ ба пайвандони ҳалокшудагон сабри ҷамил хоста, кӯмаки моддӣ ироа намудааст.
Тибқи иттилои расмӣ субҳи 17-уми март, соати 7:00 дар километри 158-уми роҳи Душанбе-Чоноқ мошини Муссои ҳомили 11 нафар, ки таҳти идораи Бурҳонов Мирзобурҳон, сокини 40-солаи ноҳияи Айнӣ қарор доштааст, ба чуқуқрии 120-метрӣ чаппа мешавад, ки дар натиҷа 7 нафар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.

Дар қатори фавтидагон ронанда ва мусофирони он- Шодиев Миршариф, соли таваллудаш 1975, омӯзгори мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Айнӣ ва хонандагони синфи 11-уми ҳамин мактаб - Шоева Садбарг, Давронов Манзил, Бурҳонова Дилфуза, Акбаров Офтоб ва Нарзиева Моҳинисо ном бурда мешаванд. Манбаъ афзуд, ки дар натиҷаи ин садама 4 хонандаи дигари синфи 11-Сангинова Тамиза, Суробова Бибӣ, Мирзошоева Аҳлия ва Бобоева Идона ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Вазъи 4 нафари маҷруҳ, ки дар беморхона бистарӣ шудаанд, феълан номуътадил арзёбӣ мегардад.

Ин нохушӣ дар ҳоле рух додааст, ки мактабхонҳо ба нияти супоридани ҳуҷҷатҳо барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ ба намояндагии Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Хуҷанд сафар кардаанд.
Мӯҳр
шахрванд
АВВАЛ БА ПАЙВАНДОНИ ФАВТИДАГОН САБРИ ЧАМИЛ МЕХОХАМ, ЧОЯШОН ЧАННАТ БОШАД.ИН ХУКУМАТИ КИШВАР ПАРВОИ СОКИНОНАШ НАДОРАД , ХУКУМАТДОРОН ГАШТИЯН КАЙЧИ ДАР ДАСТАШОН ЯК ОШХОНАРО КУШОДА ЧАППАК МЕЗАНАНД.

Али
раиси ХНИТ хабаргири рафт

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)