Бахшҳо
19 мар 2014 12:43Хабарҳои ҷаҳон

Зиндонии маъмурони пулис дар робита ба куштори 37 ҷонибдори Мурсӣ

Яке аз додгоҳҳои шаҳри Қоҳира чаҳор корманди пулисро дар робита ба кушта шудани 37 ҷонибдори Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури барканоркардаи Миср маҳкум ба зиндон кардааст. Ин ҷонибдорони боздоштшудаи Мурсӣ дар роҳ ба сӯи зиндони Абузаъбали Миср аз норасоии ҳаво ва ҳаротати гармӣ дар дохили нақлиёт ба ҳалокат расида буданд.

Тибқи иттилои расонаҳои мисрӣ, Умар Форуқ, муовини раҳбари Шуъбаи умури дохилии Қоҳира барои бетаваҷҷуҳӣ ҳангоми ифои вазифааш ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Ҳамзамон се корманди пулиси дигар низ дар робита ба ин қазия ба муҳлати се сол равонаи зиндон шудаанд.

Расонаҳои хабарии Миср, рӯзи 18 августи соли гузашта аз кушта шудани 37 нафар ҷонибдори боздоштшудаи Мурсӣ ҳангоми интиқол ба маҳбасхонаи Абузаъбал, воқеъ дар вилояти ҳамҷивори Қоҳира дар дохили нақлиёт хабар дода буданд. Баъдан Вазорати умури дохилии Миср бо пахши як баёния ин ҳодисаро шарҳ дода, гуфта буд, ин афрод дар роҳ ба сӯи зиндон фирор карда, дар натиҷаи партофтани гази ашковар аз суи маъмурини пулис барои боздоштанашон ба ҳалокат расидаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти додгоҳии Қоҳира гуфтааст, маъмурини пулис дар нақлиёте, ки танҳо ғунҷоиши 24 нафар имкон дошт, 45 нафарро савор карда буданд. Ҳашт нафари наҷотёфта дар ин қазия далели марги ҳамсафарони худро ба муҳлати тулонӣ боқӣ мондан дар дохили нақлиёт арзёбӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, дар дохили нақлиёте, ки мусофирон тақрибан як баробари ғунҷоишаш зиёд буд, беш аз 7 соат дар назди даромадгоҳи маҳбасхона зери ҳарорати гармии ҳаво нигоҳ дошта шудаанд.

Нооромиҳои Миср дубора баъди барканор шудани Муҳаммад Мурсӣ аз сӯи артиши ин кишвар оғоз ёфта, аз моҳи июни соли гузашта ба ин сӯ боздошт ва шиканҷаву қатли ҷонибдорони ӯ идома дорад. Гуфта мешавад, бори аввал аст, яке аз додгоҳҳои Миср маъмури пулисеро барои қатлу хунукназарӣ равонаи зиндон мекунад.
Мӯҳр
Саид
Ин як хилаи пеш аз интихоботи аст! Бо хамин рох мехоханд ба чашми мардум хок пошанд! Чаро Сиси алайхилаъна барои куштори 1000 чонибдорони Мурси зиндони нашавад?! Холо он ки Сиси нияти президент шудан дорад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)