Бахшҳо
19 мар 2014 15:02Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Вакилони парлумон ду пешниҳоди Нуралиевро қабул карданд

Вакилони парлумони Тоҷикистон имрӯз, 19-уми март ду созишномаи грантиро ба тасвиб расонданд, ки дар доираи он созмонҳои молиявии байналмилалӣ барои соҳаи обу энержии кишвар даҳҳо миллион доллари амрикоӣ ихтисос медиҳанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон вакилон аз ҷумла созишномаи грантиро ба тасвиб расонданд, ки тибқи он Бонки осиёии рушд барои барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 МВт маблағ ҷудо мекунад.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии ин созишнома дар парлумон маблағи умумии созишномаро 136 миллион доллари амрикоӣ гуфта, санаи татбиқи пурраи онро моҳи июли соли 2020 арзёбӣ намудааст.

Муовини аввали вазири молия инчунин созишномаи дигари грантиро муаррифӣ кардааст, ки дар доираи он Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои беҳтар намудани низоми обтаъминкунии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон 11 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мекунад.
Мӯҳр
Он пулхое,ки хукумати мо доим аз хорич мегирад то кадом дарача ба манфиати халку давлат мерасанд... барои мо ин норушан аст. Банда шубха дорам, ки 99% ин карзхо ба манфиати халку давлат мерасида бошанд.

Точикбачаяк
Хайр чил сол пеш ба хусураш рафтаги. Дар пул пурсидан устухон надорад....

Salot
Домодо кор кардестан

Салохиддин
Точикбачаяк,

Ин ду лоиха ба фикрам ба воситаи ГРАНТ шудаистодааст! Донорхо барои грант додан як садта условия мондагистан? Худо ба шукр ки грант аст карз не ба хар хол барои таъмири Неругох ва Оби тоза мерафтаст! Рахмат ба он кас ки грантхоро оварда ба халк медихад! Истифодабарандахои грантро пурсидан даркор ки то кадом сатх максаднок мешавад! Офарин ба МИНФИН! Грант бисертар шавад карз камтар!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)